Маълумоти умумӣ Фаҷри қутбӣ ё тобиши қутбӣ чи гуна пайдо мешавад? Зарраҳои зарядноки магнитосфера, ки онҳо аз Шамоли офтобӣ ба воситаи майдони магнитии Замин дошта шуда, ба атмосфераи Замин ворид мешаванд. Дар натиҷаи ворид шудани зарраҳои заряднок аз атмосфера онҳо ба атому молекулаҳои атмосфера бархӯрда, онҳоро ба ангезиш медароранд. Дар натиҷаи ин ангезиш атому молекулаҳо дар дарозиҳои мавҷҳои гуногун нур (нури сабз, сурх ва ғ.) афканда, фаҷри қутбиро ҳосил мекунанд. Фаҷрҳои қутбӣ асосан дар минтақаҳое пайдо мешаванд, ки ин митақаҳо аз қутбҳои магнитии Замин 10-20 дараҷаи кунҷӣ дуранд. Дар вақти бӯҳронҳои геомагнитӣ фаҷрҳои қутбӣ васеъ доман паҳн карда, то арзҳои поёнӣ омада мерасанд. Масалан ин ҳодисаро баъзан аз ш. Москва низ дидан мумкин аст.