Ҷаҳони муосир зери хатарҳои зиёди табиӣ ва сунъӣ қарор дорад. Дар байни онҳо хавфи ба Замин афтидани ҷирмҳои осмонӣ, аниқтараш чирмҳои хурди Системаи офтобӣ мавҷуд аст. Ин ҷирмҳо одатан вобаста ба андоза ва хосиятҳояшон ба чанги байнисайёравӣ, метеороидҳо, астероидҳо ва кометаҳо ҷудо мешаванд. Параметри асосӣ, ки аз рӯи он ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ тасниф карда мешавад, андозаи онҳо аст. Ҳар як ҷирми хурди Системаи офтобӣ (чанги байнисайёравӣ, метеороидҳо, астероидҳо ва кометаҳо) дар вақти ҳаракати худ дар фазои коинот ба Замин наздик шуда, ба Замин афтода метавонанд.