JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
То имрӯз кометаҳо ҷирмҳои кайҳонии диққатҷалбкунанда ва асроромез мебошанд. Пайдоиши онҳо ба марҳилаи ташаккулёбии Системаи Офтобӣ мансуб буда, тақрибан 4-5 млрд. солро ташкил медихад. Ҳамин тавр онҳо дар дараҷаи ибтидоии таъсиси Системаи Офтобӣ ба вуҷуд омаданд. Бинобар ин, кометаҳо маълумотҳои муҳимро оид ба ҳамон давр ҳифз менамоянд. Моҳи декабри соли 2018 яке аз чунин ҷирмҳо – кометаи 46Р/Виртанен ба Офтоб наздик шуда истодааст ва 12 декабр дар масофаи наздиктарин аз Офтоб гузашт. Ҳатто, комета ба Офтоб ҳар 5.4 сол наздик ояд, ин наздикшавӣ ғайриоддӣ ба ҳисоб меравад.
Панҷшанбе, 14 Июни 2018 08:18

Қадамҳои аввалин дар Кайҳон

Муаллиф:
1.Дастовардҳо дар роҳи фатҳи кайҳон Фатҳи кайҳон аз тарафи инсон аз 4 октябри соли 1957 шурӯъ мешавад. Дар ин рӯзи таърихӣ ба мадор аввалин радифи маснӯи Замин бароварда шуд, ки аз тарафи ИҶШC амалӣ карда шуд. Ин радиф 86,3 кг вазн дошт. Аввалин «парсту»-и кайҳонӣ атмосфераро гузашта, ба фазои наздизаминӣ асбобҳои илмӣ ва радиодастгоҳҳоро мебарорад. Онҳо ба Замин маълумотҳои аввалинро аз Кайҳон оиди фазои Заминро иҳотакунанда доданд. Сигнали аввалине, ки ин радиф ба Замин фиристода буд, шакли «биб-биб» дошта, дар тамоми ҷаҳон маъруфияти хосса ба даст овард.
Панҷшанбе, 12 Апрели 2018 06:00

Офатҳои кайҳонӣ, паёмад ва пешгирии онҳо

Муаллиф:
Бахши аввал: Бархурди селҳои метеорӣ, кометаҳо ва сайёраҳои хурд ба Замин Дар адабиётҳои даврӣ номгӯи ҳодиса ва офатҳое, ки ҳаёти инсонро зери хатар қарор дода, муҳити зист ва вазъи экологии минтақа ва кишварҳоро халалдор менамоянд, борҳо мавриди таҳқиқи донишмандону коршиносон ќарор доштанд. Аммо назари андешамандон дар ҳошияи теъдоди хатарҳо ва ё офатҳо яксон нестанд. Дар баъзе аз адабиётҳои таълимӣ хатар ва ё офатҳоро аз чаҳор [1] дар дигаре аз шаш ва ё кам ҳолате ба назар мерасанд, ки аз ҳафт бахш иборат донистаанд [2]. Ба ин пеш аз ҳама офатҳои табиӣ, биологӣ, антропогенӣ, экологӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ, техногенӣ ва омехтаро одатан муттаалиқ медонанд.