Инсоният дар талоши донистану фаҳмидани марзҳои Коинот то ба розҳои ниҳоии асроромези асосҳои олами моддӣ расиданро ҳадафи худ қарор додааст. Яке аз роҳҳои омўзиш ўро ба сўи микроолам (олами атому ҳаста ва зарраҳои бунёдӣ) ва роҳи дигар ба сўи макроолам (чизҳои гирду атроф, ҳодисаҳои дар атмосфера рухмедодаву олами ситораву сайёра, вартаҳои сиёҳ ва ғ.) мебарад. Ҳамин аст, ки ҳадаф ва мазмуни маърифат - фаҳмидани равандҳои ниҳоӣ ва асроромези табиат ва ҷойгоҳи мо дар коинот аст, ки дар ҳар замону макон инсони солимақлро ба ҳаяҷон меорад ва боз ақли солимро ба омўзишаш ҷалб менамояд.Имрӯзҳо вобаста ба пешрафти илму технологияи нодир қисми зиёди ҳодисаҳои табиӣ ба манфиати инсоният истифода бурда мешаванд ва аз тарафи дигар бархе ҳаводиси табиӣ натанҳо ба манфиати инсоният истифода бурда намешаванд, балки ҳамчун хатар таҳдид менамоянд. Ҳодисаҳои паҳншавии мавҷи электромагнитӣ дар фазо, дар зери поршени муҳарики механикӣ сухтани сӯзишворӣ, намудҳои гуногуни реаксияҳои органикиву ғайриорганикӣ, ба самти муайян равона намудани дастаи электронҳо, ки асоси электроника аст, ҳодисаҳои оптикӣ ба монанди истифодабарии лазерҳо дар саноату тиб ва дигару дигар, барои беҳбудии шароити зисту зиндагонии инсоният самаронок истифода бурда мешаванд.