JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 12 Апрели 2018 06:00

Офатҳои кайҳонӣ, паёмад ва пешгирии онҳо

Муаллиф:

Бахши аввал: Бархурди селҳои метеорӣ, кометаҳо ва сайёраҳои хурд ба Замин

  Дар адабиётҳои даврӣ номгӯи ҳодиса ва офатҳое, ки ҳаёти инсонро зери хатар қарор дода, муҳити зист ва вазъи экологии минтақа ва кишварҳоро халалдор менамоянд, борҳо мавриди таҳқиқи донишмандону коршиносон ќарор доштанд. Аммо назари андешамандон дар ҳошияи теъдоди хатарҳо ва ё офатҳо яксон нестанд. Дар баъзе аз адабиётҳои таълимӣ хатар ва ё офатҳоро аз чаҳор [1] дар дигаре аз шаш ва ё кам ҳолате ба назар мерасанд, ки аз ҳафт бахш иборат донистаанд [2].  Ба ин пеш аз ҳама офатҳои табиӣ, биологӣ, антропогенӣ, экологӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ, техногенӣ ва омехтаро одатан муттаалиқ медонанд.

Мутаассифона, то ба имрӯз дар аксарияти барномаҳои таълимии донишгоҳу донишкадаҳои аксарияти кишварҳои олам, мавзӯи таҳдиди офатҳои кайҳонӣ ба ҳаёти инсонӣ ва таъсири онҳо ба муҳити зист ва вазъи экологии сайёра ба таври зарурӣ мавриди таҳқиқ қарор нагирифтаанд. Ин ҳолат дар барномаи таълимии донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакати мо низ ҷой дошта, мавзӯи офатҳои кайҳонӣ мавриди таваҷҷуҳи камтар ва ё комилан сарфи назар шудаанд. Ҳоло он ки бархе аз ҳодиса ва офатҳои кайҳонӣ на ин, ки танҳо ба амнияти ин ва ё он сайёраи низоми Офтобӣ, балки ба ҳаёти мавҷудоти зинда ва дар маҷмӯъ амнияти худи сайёраи Заминро борҳо таҳти хатар қарор додаанд. Ба ин ходисаҳои тағйирёбии глобалии иқлим, ивазшавии қутбҳои магнитии Замин (ба ҳисоби миёна дар миллион сол як маротиба), бархурди сангҳои осмонӣ, ситораи думдор (комета) ва ё астероидҳо ба сайёраи Замин ва ғ-ҳо мисол шуда метавонанд. Аз ҷониби дигар инсон новобаста аз он, ки дар кадом мавзе ва ё муҳит зиндагӣ надошта бошад, хоҳ дар муҳити обию заминӣ ва ё хоҳ дар муҳити ҳавоию дар фазои кайҳон бояд бехат фаъолияту зиндагӣ намояд.

Мавзӯи таҳдиди офатҳои кайҳонӣ ба ҳайёти инсон дар фарҳанги мардуми форсу тоҷик ва хоса фарҳанги динии ҳамватанони мо ҷойгоҳи худро дорад, ки инро мо имрӯз низ зимни дуогузорӣ ашхоси кӯҳансол, ки даст ба дуо бардошта аз офаридагор илтиҷо мекунанд: “…худоё худовандо аҳли нишасту пайвандонамон, ҷомеаи мо ва бани одамиро аз офатҳои заминию осмонӣ эмин нигоҳ дор…”, дида метавонем.

Далелҳои мушоҳидаи ҳодисаҳои осмонӣ ба монанди пайдо шудани ситораҳои думдор (кометаҳо), ҳодисаи ситораборон (метеорӣ) ки дар байни мардум то ба гузаштаҳои на чандон дур ҳангомаҳои зиёдеро ба бор меоварданд, шунидани садои ғулғуланоки даҳшатзо ва пасон афтидани сангпораю оҳанпораҳо (метеоритҳо) аз осмон, ки баъзан чун “тири ғайб” миёни мардум маънидод шуда, сабабгори марги одамон ва расонидани ҳисороти моливу ҷони сабаб гардидаанд, аз замонҳои қадим инҷониб ба одамон маълум буданд. Баъзе аз ин ҳаводис дар аввалин осори динию фарҳангӣ ва асари энсиклопедии форсзабонони дунё – китоби Авасто зикр ёфтаанд. Гузашта аз ин далелҳои мушаххаси мушоҳидаи ҳодисаҳои қайҳонӣ дар мисоли пайдо шудани ситораҳои думдор андар гумбази фалак, сафкашии сайёраҳо, ҳодисаи ситораборон, парвози соқибаҳою афтодани сангҳои осмонӣ борҳо дар осори гузаштагони мо ҷойгоҳи худро дошта, бархе аз онҳо дар асари олими тоҷик Х.Ф. Абдуллозода “Абумаҳмуди Хуҷандӣ ва таърихи астрономияи халқи тоҷик” [3] гирд оварда шудаанд.

Дар кишварҳои форсзабон ва хоса Осиёи Миёна ҳодисаи ситораборонро гузаштагонамон (олимон) борҳо мушоҳида намудаанд. Аз ҷумла Шайхураис Ибни Сино замоне, ки дар Хоразм буд, боре ҳодисаи ситораборонро мушоҳида намуда, дар бораи афтидани санги осмонӣ (метеорит) далели зеринеро овардааст: “Рўзе дар ҳаволии Ҷурҷон оҳанпорае ба вазни яксаду панҷоҳ ман аз ҳаво афтод, навъе ки аҳолии ин навоҳӣ овози азиме шунидаанд” [4] (Сурат ва сирати Ибни Сино. Душанбе. Ирфон, 1980).

Дар замони муосир дар адабиётҳои илмӣ таҳти мавҳуми офатҳои кайҳонӣ ҳодисаи бархурди ҷирмҳои хурди низоми Офтобӣ дар мисоли: а) зузанаб ё худ ситораҳои думдор (кометаҳо), сайёраҳои хурд (астероидҳо), соқибаҳою (болидҳо) пасон афтидани сангҳои осмонӣ ва ҷирмҳои шиҳобӣ (метеороидҳо) ба сайёраи Замин; б) бархурди пораҳои сафинаҳои аз фаъолият бозмонда ба Замин (яъне бархурди партобҳои пайдоиши техногенидошта дар кайҳон ва фазои наздизаминӣ), эҳтимолияти бархурди онҳо ба сафинаҳои амалкунанда ва парвози киштиҳои кайҳонӣ, инчунин махлуткунии вазъи экологии фазои наздизаминӣ, в) боду ҳавои кайҳонӣ ва г) Заҳролудкунии биологӣ  ва ғ-ҳо мансуб медонанд [5,6].

Бархурди Кометаҳо, астероидҳо, сангҳои осмонӣ бо сайёраи Замин ва ҳодисаи шиҳобборон пайёмадҳои гуногунро ба бор меоранд. Ин паёомадҳо қабл аз ҳама аз таъсири муттақобилаи ҷирмҳои осмонӣ ба атмосфераи Замин воридшаванда ва пеш аз ҳама аз энергияи кинетики ҷирмҳои кайҳонӣ (суръат, масса ва таркиби химиявии онҳо) вобаста мебошанд. Селҳо ва ассотсияҳои шиҳобӣ, ки дар натиҷаи партоб шудани зарраҳои андоза ва массаҳояшон аз атому молекуллаҳо то ҷирмҳои андозаашон даҳҳо детсиметру метр аз ситораҳои думдор (кометаҳо) ва ё порашавии сайёраҳои хурд – астероидҳо (ки эҳтимол дар вақти бархурд бо сангҳои осмонӣ) ба вуҷуд омадаанд, зимни бархурд бо атмосфераи Замин пайомадҳои гуногунро ба бор меоранд. ­

Масалан ҷирмҳои шиҳобии массаашон аз 10-9 г. хурдтар зимни воридшавӣ ба атмосфераи Замин ва бархурд бо моллекулаҳои атмосфера, суръати кайҳонии худро бой дода, ба тадриҷ ба қабатҳои поёнии атмосфера фуру нишаста, як қисми онҳо дар қабати трапосфера ҳамчун маркази ҷамъкунандаи (конденсатсияи) зарраҳои об хизмат менамоянд, ки баъзан дар шакли боришот ва ё қисман хамчун микрошиҳобпора ба сатҳи замин фурӯ менишинанд. Ин ҳолат ба ҳисоби миёна баъд аз фаъолияти ин ва ё он сели шиҳобӣ дар давоми тақрибан як моҳ сурат мегирад (Астапович) [7].

Зарраҳои массаашон аз 10-9 г.  калонтар (бахусус массаҳои аз 10-3 г. калон)  зимни бархурд ба сафина ва ё киштиҳои кайҳонӣ ҳолати садамавиро пеш меоранд. 

Расми 1. Изи дурахшони шиҳоб, ки бо усули телевизионӣ дар Расадхонаи астрономии Ҳисор наворбардорӣ шудааст.

Гузашта аз ин замоне, ки Замин мадори сели зарраҳои шиҳобиро бурида мегузарад, одамон ҳодисаи “ситораборон” ва ё аниқтараш борони шиҳобиро мушоҳида менамоянд. Зеро ҷирмҳои шиҳобӣ замони воридшавӣ ба атмосфераи Замин бинобар таъсири мутақобила бо атому молекуллаҳои атмосфера ва табодули энергия гарму тасфида таҷзия шуда, аз худ изи чангию ғубордори лаҳзагии дурахшанда ва ионизатсияшударо боқи мегузоранд, ки онҳоро тавассути дастгоҳҳои оптикӣ ва ё радиолокационӣ ба қайд мегиранд. Мисоли изи дурахшони метеор (расми 1), ки тавассути дастгоҳи телевизионӣ ва изи ионизационии ҳамин метеор, ки бо дастгоҳи радиолокатсионии МИР-2 воқеъ дар Расадхонаи астрономии Ҳисор бо ширкати муаллифи мақола мушоҳидаю наворбардорӣ шудаанд, дида метавонед.

Расми 2. Акси тағирёбии амплитудаи радиомавҷ бо гузашти вақт, ки аз панҷ мавзеи атрофии расадхонаи астрономии Ҳисор бо радиокомплекси МИР-2 мушоҳида шудааст.

Мушоҳидаҳо оптикӣ ва радиолокатсионӣ имкон медиҳанд, ки селҳо ва ассотсиатсияҳои шиҳобӣ кашф шуда, дар бораи тақсимоти онҳо аз рӯй масса ва энергиашон дар низоми Офтобӣ маълумоти зарурӣ ба даст оварда шавад (Нарзиев М) [7-9]. Чунин маълумотҳо одатан барои таъмини бехатарии парвози киштиҳои кайҳонӣ ва ё фаъолияти сафинаҳои байнисайёравӣ ниҳоят муҳиманд. Аз ин рӯ, аз асари бист сар карда, дар баъзе аз расадхонаҳои дунё мушоҳидаҳои муштараки оптикию радиолокатсионнии ситораҳои паррон (шиҳобҳо) ба роҳ монда шудаанд, ки Расадхонаи астраномии Ҳисор аз ҷумлаи калонтарин маркази омӯзиши комплексии ҷирмҳои шиҳобӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Тоҷикистон усули барасмгирии шиҳобҳо аз солҳои 30 – уми асри сипаришуда инҷониб мавриди истифода қарор дода шуда, дар асоси ин мушоҳидаҳо дастовезҳои нодири илмӣ ба даст оварда шудааст. Институти астрофизикаи АИ ҶТ дар замони Иттиҳоди Шўравӣ дар дунё ягона муассисаи илмие ба ҳисоб мерафт, ки тамоми усулҳои имконпази мушоҳидаҳои заминии ҷирмҳои метеориро ба роҳ монда буд. Аз ҷумла танҳо дар  Расадхонаи астрономии Ҳисор дастгоҳ бо расмгирии ҷирмҳои метеорӣ (патрули метеороӣ), комплекси стансияҳои радиолокатсионию ионосферӣ, дастгоҳи банаворгирии телевизионӣ ва солҳои охир бошад мушоҳида бо камераи бақайдгирии соқибаҳо (Рыбий глаз) фаъолият менамуданд, ки ин асбобҳо имконияти бақайдгирии ҳади фарохи қадри сторагии аз -20m то + 12m ҷирмҳои шиҳобиро фарогиранд. Одатан мушоҳидаҳои визуалӣ, барасмгирӣ, телевизионӣ ва электронию - оптикӣ танҳо шабонгоҳ, зимни осмони софу беғубор гузаронида мешаванд. Мушоҳидаҳои радиолокационӣ бошад новобаста аз мавсими сол, боришот, вазъи боду ҳаво гузаронида шуда, барои кашфи 50% селҳои метеорӣ рўзона мусоидат менамоянд.

Ҷирмҳои метеории массаҳояшон аз 0,5 кг то тонна бошанд, дар ҳоле, ки суръаташон аз 25 км/с камтаранд, дар атмосфераи Замин пурра таҷзия нашуда ба тазъиқи фишори атмосферии пешорӯашон ба амал омада тоб наоварда, метарканд ва пораҳои калони онҳо баъзан ба сатҳи Замин меафтанд. Мавҷи зарби таркиш ва бархурди пораҳои афтидаи метеор ба биною иншоотҳои гуногун ва ҳатто ба пешбанди обанборҳо (зимни бархурд) метавонанд боиси канда шудани пешбанд ва пайдоиши сел дар намуди “бомбаи обӣ” зуҳур гардида, пайомадҳои фоҷиабор ба ҳайёти одамон, ва ҳисороти азим ба хоҷагии халқи мамлакатро ба вуҷуд биёранд. 

Бахусус бархӯрди астероидҳову ситораҳои думдор (кометаҳои) андозаашон беш аз даҳҳо метрро ба сайёраи Замин на ин, ки ҳайёти мавҷудоти заминиро метавонанд аз байн баранд, балки ба мавҷудияти худи сайёра таҳдид менамоянд. Ин омили хатарноктарини кайҳонӣ таи 10-15 соли охир бештар таваҷҷуҳи олимонро ба худ ҷалб намуда аст. Мутобиқи тадқиқотҳои олимон ҳади поёнии андозаи хафноки объектҳои астероидиву кометавӣ 50-100 метр буда, энергияи ҷирмҳои дорои андозаашон 60-70 метр зимни бархӯрд бо Замин ба энергияи нерӯмандтарин таркиши бомбаи атомию термоядроӣ баробар аст.

Дар ҳоли ҳозир эҳтимолияти бархурди 50 кометаи барои Замин ниҳоят хавфнок мавҷуданд, ки онҳо дар масофаи перигелий мадори заминро бурида гузашта, масофаашон аз 1, 3 воҳиди астрономи камтар ва даври гардишашон то 200 солро ташкил медиҳад. Ба ин гурӯҳ: кометаҳои Галлей, Энке, Темпел-Туттля ва дигарон мансубанд. Ҳодисаи бархурди кометаҳо ба андешаи баъзе аз олимон дар миллиард соли аввали ташакулли низоми Офтобӣ як амали маъмул буда об маҳз бадин васила ба сайёраи Замин омадааст. Бархе олимон бар он назаранд, ки метеорити Тунгус низ комета будааст, ки зимни воридшавӣ ба атмосфераи Замин тоб наоварда таркида нопадид гардид.

Расми 3. Намуди ситораи думдор (комета) дар осмони ситоразор

Мушоҳидаҳои солҳои охири ситораҳои думдор собит намуданд, ки ядрои бархе аз онҳо дар баробари гузаштан аз назди Офтоб ва ё сайёраҳои азимҷусса дар зери таъсири қувваи ҷозиба ба якчанд қисмҳо таҷзия мешаванд. Яке аз чунин ҳодисаи порашавии ядрои комета ва афтодани пораҳои он ба сайёраи Муштарӣро бори аввал олимони расадхонаи Маунт Паломар Юджин ва Каролина Шумейкер ва Дэвид Левӣ 24 марти соли 1993 мушоҳида намуда буданд. Пасон ин комета ба номи олимон - Шумейкеров-Левӣ номгузори шуда, он зимни кашф шуданаш аз 21 пораи диаметрашон то 2 км иборат буда, пораҳои он июли соли 1994 ба сайёраи Муштарӣ (Юпитер) бархурданд, ки шакли ҷойгиршавии онҳо дар ҳудуди 200 ҳазор км ба шакли пайвастаи занҷирамонанд шабоҳат доштанд (Расми 4). 

Расми 4. Пораҳои кометаи Шумейкеров-Левӣ

Бархурди нахустпораи ин Комета ба сайёраи Муштари 16 июл ба амал омада, он боиси пайдошудани дурахши азими ҳарораташ 24 000 К, ки боиси бархестани чангу абр аз сатҳи сайёра то баландии 3000 км сабаб гардида, ин ҳолатро муттахасисон аз Замин низ мушоҳида намуда буданд. Пораи аз ҳама калони комета 18 июл ба сайёраи Муштари бархурда, баъди як чанд соат дар сатҳи сайёра абри сиёҳи азими диаметраш 12 000 км (андозааш қариб ба диаметри Замин баробар) пайдо шуд.

   

Расми 5. Доғҳои сияҳ ҷой бархурди пораҳои комета ба сатҳи сайёраи Муштарист.

Энергияи таркиш ба 6 млн мегатони эквивалент ба тротил (ки он 750 маротита аз тамоми потенсиали ядроии Заминӣ зиёдтар буд), баробар буд.

Шоми 23 июли соли 2008 соати 19:43 дақиқаи вақти маҳаллӣ баъзе аз сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ғайричашмдошт парвози “ситораи паррон”- и дурахшониаш аз моҳтоб тобонтарро мушоҳида намуданд, ки дар илми астрофизика чунин ҷирмҳои кайҳони бо унвони соқиба ё худ болид (аз калимаи юнонии bolis – яроқи ҳавододашаванда, ки ба калимаи тоҷикии “найзак” ва ё ибораи “тири ғайб” ҳаммаъно аст) маълуманд. Ин ҳодиса новобаста аз шарҳи бархе аз масъулини пажўҳишгоҳи астрофизикаи АИ ҶТ, бинобар набудани маводҳои илман асоснокшуда дар ВАО - и мамлакат аз паи худ ҳангомаҳои зиёдеро ба бор овард. Бахусус дар зери таъсири ҳаракати турбулентии атмосфера пайдо шудани тасвири монанд ба навиштаҷоти “Оллоҳ” дар осмони Тоҷикистон (баъди парвози соқиба) биссиёриҳоро муттаҳайир намуда, боиси пайдо шудани ҳар гунна овозаҳо сабаб гардид.

Соқибаи мазкур аз ҷониби олимон ва кормандони пажуҳишгоҳи Астрофизикаи АИ ҶТ ва ҳамзамон аз кайҳон тавассути дастгоҳи наворбардории ҳамсафари геостатсионарии қайҳонии Америкоӣ ба қайд гирифта шуда, расми он  тавассути шабакаи Интернет пахш гардида буд [10] . Се ҷузъиёти гуногуни расми изи соқиба, ки аз тарафи кормандони институт Олимов О. (дар шаҳри Душанбе) ва Ҳамроев У. дар расадхонаи астрономии Ҳисор ба навор гирифта шуда, дар сайти интернетии ГисАО пешкаши умум шуда буданд, дар расми 6 оварда шудаанд.

  Расми 6.

   

а) Расми ибтидоии изи соқиба соати 19h 46m20s  

      

b) Қадшавии из дар зери таъсири ҳаракати       

                   гирдбоди атмосфера

 

   

c) Шакли из баъди 30 дақиқаи парвози соқиба

Хотир нишон менамоем, ки мувофиқи далелҳои мо, изи соқиба беш аз як соату понздаҳ дақиқа (то пурра торик шудани осмон) аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат (аз ҷумла камина) мушоҳида шуда буд. Мувофиқи натиҷаи тадқиқотҳои мо массаи ин бузургсоқиба худуди 20 тонна ва зиччии он ба 0.9 г/см3 баробар мебошад.

Ҳодисаи парвозу афтидани сангҳои оташангези алангадор (сангҳои кайҳонӣ) - ро одамон борҳо мушоҳида намудаанд, ки баъзан дар натиҷаи он биноҳою иншоотҳо зарар дида, боиси марги инсонҳо низ сабаб шудаанд. Яке аз чунин ҳодисаҳо соати дуи шаби аз 25 ба 26 сентябри соли 2012  дар чорроҳаи кӯчаҳои Лиис Верне ва Лос-Вандии шаҳри Манте-Грандеми давлати Аргентина ба мушоҳида расида, ки дар натиҷа бархурди метеорит (дар шакли курраи оташини алангадор) ба бинои истиқоматӣ бархурда таркиш ба амал омад, ки дар натиҷа як бино пурра хароб, биноҳои дигар дар натиҷаи таркиш харобу чандин мошинаҳо аз кор баромада, як нафар зан вафоту ва шаш нафари дигар ҷароҳат бардошта ба бемористон афтида буданд, мисол шуда метавонад. Натиҷаи таркишро на ин, ки навоҳии гирду атроф балки сокинони шаҳри Бурнос-Айрес, ки дар қисмати ҷануби мамлакат воқеъ аст, низ шунида буданд.  

Расми 6. Парвозу таҷзияи соқиба дар атмосфераи Заамин

Пагоҳии 15 феврали соли (2013) сокинони панҷминтақаи Россия: Тюмен, Свердловск, Челябинск, Курган ва вилояти Башкирия шоҳиди парвози соқиба (метеорит) гаштанд. Аз рӯи маълумотҳои пешаки интишоршуда бар асари мавҷи зарби таркиши метеорити Челябинск, (дар баландии 22 км) зиёда аз 7000 биною иншоотҳои гуногуни шаҳр зарар дида, қариб 1600 нафар одамон ҷароҳатҳои гуногун бардошта, зиёда аз 100 нафар дар беморхонаҳои гуногун бистарӣ шуданд. 

                                       Расми 7.

         Расми 7. а) Изи чангу ғуборноки соқибаи  

      

                       б) Пайёмадҳои мавҷи зарби метеорит Челябинск.

Мувофиқи ҳисобҳои олимон массаи ин метеорит даҳҳо тонна ва андозааш беш аз 20 метрро ташкил дода, нерӯи харобиовари он ба метеорити Сихоте –Алиэнский монанди дорад, ки он 12 феврали соли 1947 дар вилояти Приморский афтода буд. Аммо он метеорити оҳанӣ буда, массаи то ба атмосфера воридшудаи он ҳудуди 100 тоннаро ташкил медод. Таҳқиқи пораҳои метеорити Челябинск, ки ҷамъоварӣ карда шудаанд нишон медиҳад, ки онҳо аз рӯй табиати физикавиаш ба гурӯҳи хондридҳои муқаррарӣ муттаалиқ аст. Октябри соли 2013 дар қаъри Чебаркул шиноварон (водолазами ООО «АЛЕУТ») пораи аз ҳама калонтарини ин метеоритро ошкор намуданд, ки массааш наздикии 650 кг – ро ташкил медиҳад.

Мувофиқи расми 7 б) аз мавҷи зарби метеорит фарши бинои завод ва деворҳои онро хароб шудаанд. Худи ҳамон рӯз соати 14 ва 48 дақиқаи вақти маҳаллӣ мутобиқи ахбори хадамоти Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Қазоқистон дар қисмати шимолу ғарбии ин мамлакат дар минтақаи наздисарҳадӣ бо Россия дар шаҳракҳои Ащилисай, Казанка ва Каратоғай –и вилояти Актюбин ҳодисаи парвози се соқибаи дигар ба қайд гирифта шуд, ки эҳтимол онҳо бо соқибаи дар ш. Челябинск афтода ба як сел муттаалиқ бошанд (муаллиф).

                              

             Расми 8. Парвози соқиба ва садои таркиши метеорит одамонро ба даҳшат овардааст.

Эзоҳ: расмҳои 3-8 аз сайтҳои интернети дастрас карда шудаанд.

Барои тасдиқи ин фарзия, расми соқибаҳои номбурда, ки аз якчанд мавзеъ наворбардори шудааст, дастрас намуда, мадори он чаҳор соқибаро ҳисоб намуда, пораҳои метеоритҳои Казоқистон дарёфту  мавриди таҳқиқ қарор гиранд.

Дар замони муосир коршиносон барои ҳалли проблеммаи хафи астероидиву каметавӣ зарур мешуморанд, ки [11] :

1. Ҳамаи ҷирмҳои хафнок  ошкор карда шуда, хосиятҳои онҳо таҳқиқ карда шаванд.

2. Пайомадҳои дараҷаи таҳдиди онҳо  муайян карда шаванд (баҳодиҳӣ ба хавф).

3. Чораи ҷавобӣ ва кам намудаи зарари бархӯрд дида баромада шаванд.

Дар таблисаи 1 миқдори ҷирмҳои омӯхташуда ва наомӯхташудаи масофаи наздикшавиашон ба Замин аз 0.05 в.а. (воҳиди астраномӣ) камтар оварда шудааст.

Ҷадвали 1. Теъдоди омӯхташуда ва омӯхтанашудаи ҷирмҳои махсусан хатарноке, ки масофаи наздикшавиашон ба Замин аз 0.05 в.а. камтар аст [3].

 

Андозаи ҷирмҳои хавфнок

Баҳодиҳӣ ба теъдоди ошкорнашудаи ҷирмҳои махсусан хафнок

Ҳиссаи ҷирмҳои ошкор-нашудаи ниҳояд хавфноктарин

          >1 км

                <   40

                         <   20%

          >140 метр

               <   2.104

                         >  ~90%

         > 50 метр

                <  2.105

                        >  ~ 99%

 

 Дар ҷадвали 2. руйхатти астероидҳое, ки дар ду асри оянда аз масофаи наздиктарин аз назди Замин мегузаранд, оварда шуда аст. Яке аз хафноктарин астероиде, ки дар солҳои наздик аз масофаи наздиктарин аз назди Замин мегузарад ва эхтимолияти бархурдро бо сайёраи Замин дорад ин астероиди Апофис мебошад. Андозаи астероиди Апофис 300 м буда дар соли 2029 эҳтимолияти бархурд бо Заминро дорад.  Ин астероид зимни бархўрд ба Замин миқдори нерӯи харобиовареро ба вуҷуд хоҳад овард, ки иқтидораш аз иқтидори харобиоварии тамоми арсенали таркандаи Заминӣ барзиёд аст. Паёмади чунин бархӯрд боиси харобии даҳшатзои даҳҳо ҳазор км квадрат масоҳати сатҳи сайёраро пеш оварда на ин, ки боиси нест шудани ҷони зиндаи одамон, балки хароб намудани табиати Замин барои фосилаҳои тулонӣ сабаб мегардад. Дар ҷадвали 2 ҳамчунин феҳристи астероидҳое, ки эҳтимоли бархурд бо сайёраи Заминро доранд, оварда шудааст.

 Таблисаи 2. Номгӯи  астероидҳои дар 190 соли оянда ба Замин наздикшаванда [3]

 

n

Номгӯи ҷирмҳо

Сана (рўз,моҳ,сол)-и

наздикшавӣ бо Замин)

               Масофаи

        то ба Замин (км)

1

2

3

4

5

6

7

8

9

10

11

12

13

14

15

16

17

 

99942 Apophis                                                    

153814 2001 WN5                                            

2001 AV43                                                           

2002 TY59                                                          

2005 GA120                                                          

2006 QV89                                                            

2006 WB                                                              

2007 UD6                                                              

2007 YV56                                                           

2008 DB                                                               

2008 EZ7                                                              

2008 GY21                                                           

2009 BF58                                                           

2009 FH                                                                  

2009 TH8                                                              

2010 FN                                                               

2011 CA7                                                              

 

13.04.2029

26.06.2028

20.12.2195

03.10.2138

08.04.2167

09.09.2019

24.11.2167

18.10.2048

02.01.2101

10.02.2071

09.03.2049

10.04.2018

21.01.2022

19.03.2104

21.10.2164

24.03.2136

10.02.2011

                 37090.00930

                 249120.03117

                100082.19046

                206397.04469

                43084.89170

                70851.57113

                198044.86603

                95549.54958

                240017.23309

                251884.44068

                181344.87193

                248012.90212

                102284.21600

                89814.80047

                195352.70412

                230338.61329

                170416.69361

 

 Ҳамин тариқ аз далелҳои болои чунин бармеояд, ки хатарҳои кайҳонӣ аз рӯи пайомадҳои харобиовари худ, метавонанд, чунин фоҷеаеро барои инсоният ба бор оранд, ки ягон ҷанги ҷаҳонӣ ва ё ягон намуди дигари хатарҳои пайдоиши замини дошта то ба ҳол ба онҳо баробар шуда наметавонанд. Аз ин рӯ омӯхтану пешгири намудан аз офатҳои кайҳонӣ на ин, ки мушкилоти як ва ё якчанд давлат, балки яке аз муҳимтарин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳон дар замони муосир ба ҳисоб рафта, ҳаллу фасл ва пешгири аз он офатҳо масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад.

Нарзиев М. 

Ходими калони илмии Институти астрофизикаи Академияи

 илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Адабиётҳо:

1. А. Азимбоев. Асосҳои бехатарии ҳайёт. Душанбе 2004, 61 с.

2. С. Худойдодов. Асосҳои бехатарии фаъолияти ҳайёт. Душанбе 2012, 160 с.

3. Х.Ф. Абдуллозода. “Абумаҳмуди Хуҷандӣ ва таърихи астраномияи халқи тоҷик”. Хуҷанд, 2005, 440 с.

4. Сурат ва сирати Ибни Сино. Душанбе. Ирфон, 1980.

5. Шустов Б.М., Рыхлова Л.В. О концепции программы “Создание Российской системы противодействия космическим угрозам (2011-2020)” Околоземная астрономия. Красноярск 2011.

6. Рыхлова Л.В. и др. Исследование космического мусора, включая радиоактивное загрязнение околоземного пространства. Околоземная астрономия. Красноярск 2011.

7. Астапович И.С. Метеорные явления в атмосфере Земли. М: Физ-матгиз, 1958, с. 640.

 8. М. Нарзиев. Исследование метеорных потоков и ассоциации по результатам радиолокационных наблюдений в Таджикистане. СибГАУ, вып. 6(39), Красноярск 2011, с. 99-104.

9. M. Narziev. Physical and kinematic characteristics of meteoroids producing bright radio meteors. Meteoroids 2013, Abstracts, 098 p.

10. М.Нарзиев. Калимаи “Оллох” дар осмон муъчиза ё ходисаи сифр одди? Фараж, №31(241), с.16.

11. Кулешов Ю.П., Егоров В.Л. и др. Принципы и основные технические решения создания астраномического космического комплекса обнаружения и определения параметров движения опасных для Земли астероидов и комет (Комплекс “Небосвод”). Околоземная астрономия. Материалы международной конференции, Краснодар, 7-11 октября 2013 г., с.6.

Хондан 3691 маротиба