JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

 

           «Агар касе гузаштаи худро надонад, инсони комил нест».

Эмомалӣ Раҳмон

  Миллати тоҷик таъриху фарҳанги бою пурғановатро соҳиб мебошад. Тамаддуни фарҳангӣ ҳамагуна ҷомеаро ба сўйи воқеияти зиндагӣ ҳидоят мекунад, зеро фарҳанг моҳияти зиндагии инсонро ифода карда, ҷавҳари онро инсон, зиндагӣ ва ояндаи ў ташкил медиҳад. Мардуми ориёиасл ҳанўз дар оғози пайдоиш ин ҷавҳарро хуб дарк карда буд. Ин буд, ки гомҳои нахустини худро бо фарҳанг оғоз карданд, зеро фарҳанг таъмингари меҳру дод ва истиқлолу озодӣ дар ҷаҳон аст.

  Аз манобеи таърихӣ маълум аст, ки тоҷикон чун миллати соҳибтамаддун дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ бо ҳунарҳои гуногуни худ саҳми арзанда гузоштаанд. Айни ҳол дар раванди ҷаҳонишавӣ мо ворисони ҳунару фарҳанги тоҷикро зарур, аст ин ҳунарҳои мардумиро боз ҳам хубтару бештар омўзем, пажўҳиш намоем ва тарғибу ташвиқ намоем. Боиси сарфарозӣ ва мояи ифтихор аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи хоса ба ҳунарҳои мардумӣ халқи тоҷик тавонист аз нав ҳунарҳои қадимии худро эҳё ва такмил созад. 

Панҷшанбе, 22 Ноябри 2018 10:16

Усулномаи истилоҳнигории тоҷикӣ

  Маҷмўи вожагон ё калимаҳои хоси ягон соҳаи илму фан, саноату истеҳсолот, касбу ҳунар, ки бо мафҳумҳои мушаххас алоқаманданд, маъмулан истилоҳот ном бурда мешаванд. Ҳар соҳаи илму фан, саноату истеҳсолот ё касбу ҳунар истилоҳоти хоси худро дорад, ки ин истилоҳот дар ҳампайвандӣ як низоми том ва муназзами истилоҳоти ҳамин соҳаро ташкил медиҳанд.

 Ман ба таблиғи рисолат омадам,

То раҳонам ман шуморо аз надам.

                                           Мавлавӣ

  Баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён ва рўйи кор омадани сулолаҳои бегонатабор рўҳи миллӣ, ки дар замони Тоҳириён, Саффориён, ба вижа Сомониён, зиндаву эҳё ва ба авҷ расида буд, ба заъф мегарояд. Маҳмуд ва ҳамфикрони ў бар зидди Фирдавсӣ, ки зиндакунандаи рўҳи миллӣ ва эҳсоси ватандўстона буд, мебароянд ва барои он ки нақшу мақоми шоҳкори ў «Шоҳнома» - ро бикоҳанд ва билкул аз байн бибаранд, даст ба фирдавсиситезӣ мезананд. Хусусан шоирони дарбори  ў - Унсурӣ, Фаррухӣ ва дигарон ба иншои достонҳои ба истилоҳ ҳамосавӣ, аз ҷумла «Тоҷ-ул-футуҳ», «Давлатнома», «Маҳмуднома» ва ғайра, мезананд ва ба таври ошкоро ба Фирдавсӣ ва рўҳи миллӣ метозанд. Аммо бо ин ҳама кўшиш наметавонанд рўҳи миллиро аз байн бибаранд. Баръакс, «Шоҳнома» беш аз пеш дар байни мардум шуҳрат меёбад ва Фирдавсӣ маҳбубият пайдо менамояд. Ҳатто иншои китоби «Умарнома», ки дар муқобили «Шоҳнома» навишта мешавад, наметавонад мардумро аз «Шоҳнома» ва шоҳномахонӣ дур созад, рўҳи диниро ҷойгузини рўҳи миллӣ намояд. Ба ҳарфи дигар, бегонагон, аз ҷумла Маҳмуд ва ҳамандешони ў, натавонистанд, ки рўҳи миллиро шикаст диҳанд ва онро яксар аз миён бардоранд.