JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Тоҷикон дар рушди фарҳанги башарӣ аз замонҳои бостон то имрӯз бо ҳунарҳои гуногуни мардумии худ ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори адабии классик ва рӯзгори кунунии мардуми тоҷик нигоҳ намоем, ба пеши назар ҳунарҳои зебое ҷилвагар мешаванд, ки ҳазорон сол аст онро тоҷикон то замони мо овардаанд. На фақат овардаанд, балки нишонаҳои фарҳанги бостонии хешро дар пайванд бо табиат, дар ҳунарҳои мардумӣ инъикос кардаанд, ки ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оқилона ва одилона чунин садо дод:

  Дар ҷомеаи имрӯза зиндагии одамон, алалхусус ҷавонон чунин таҳрезӣ шудааст, ки рафтору кирдори онҳо пурра ба хоҳиши худашон вобаста набуда, дар доираи қоидаҳои аз ҷониби аъзоёни ҷомеа мақбулгаштаю муайянгардида, яъне бо ибораи илмӣ арзишҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ сурат мегиранд.

 Бояд қайд намуд, ки озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнология дар назди Институти биофизика ва физиологияи растаниҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИБФГР АИ ҶТ) ҳанӯз дар соли 1972 таъсис дода шудааст. Ҳоло дар Озмоишгоҳ бештар аз14 нафар кормандон ба корҳои илмӣ банд мебошанд.

Дар муддати солҳои охир озмоишгоҳ бештар аз 40 нафар номзадҳо ва докторони илм рисолаҳои илмии хешро бо муваффаққият дифоъ намуда, ҳоло дар муассисаҳои илмӣ, дар донишгоҳҳо ва ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ кору фаъолият менамоянд. 

  ДУШАНБЕ, 13.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз муҳаббат то хиёнат, аз ватандорӣ то беватанӣ, аз бунёдгузорӣ то харобкорӣ, чун аз некӣ то бадӣ як қадам роҳ аст.  Дирӯз  Ҳаким Қаландаров қумондон буд, ҳоло даст ба ободии ватан задааст. Дар ноҳияи Панҷ ӯро пайдо кардан душвор аст. Гоҳ сари замини пахта, гоҳ сари ҳавзи моҳипаварӣ, гоҳи дигар дар коргоҳи қумшӯиву хонасозӣ чеҳраи ӯ ба чашм мерасад. Мо ӯро дар бинои хуштарҳе сари дастурхони пурнозу неъмат пайдо кардем. Мурғҳoи марҷону хонагӣ, гулмоҳӣ, гӯшти гӯсфанду гову заргӯш ҳамаи ҳосили заҳмат ва дастони ӯ буданд. Фосила аз ин дастурхони пурнозу неъмат ва он дастархони дирӯз холӣ аз нон низ як қадам аст. Ва ҳамин як қадам аст, ки он соҳили рӯдхонаи Панҷи ғарқи гирдоби оташи ҷангу куштор ва ин соҳили пурмавҷ аз хандаи тифлонро аз ҳам ҷудо месозад. Аз ӯ мепурсам: