JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

 (Паёми шодбошии маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи шарқшинос, андешаманд ва рӯшангари миллӣ Устод Зафари Мирзоён)

     Номи донишманди фарзона, шарқшинос ва рӯшангари муосири миллӣ устод Зафари Мирзоён солҳост, вирди забони шахсиятҳои матраҳи муҳитҳои адабию маданӣ ва намояндагони барҷастаи ҳавзаҳои фикрию пажӯҳишии ватанист. Устод Мирзоён бидуни вақфа ва интизории подошу мукофоте умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи миллию ҳувиятӣ карда,  то имрӯз дар  масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Заҳмату талошҳои бардавоми илмӣ-эҷодӣ ва ҷуръату ҷасорати фавқулодаи миллӣ устод Мирзоёнро миёни доираҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва адабию мадании минтақа соҳибэҳтиром кардааст.

Сешанбе, 21 Феврали 2023 09:10

Шеъри дунявӣ ва фазои миллӣ

(мулоҳизоти куллӣ дар ҳошияи семинар-машварати Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон)

  Гузаронидани нишасту семинар-машварат, маҳфилҳои илмию фарҳангӣ ва мубоҳисоти фалсафӣ дар марказ ва пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон солҳост идома дорад ва аз ин навъ маҳофил сатҳи донишу биниши ширкаткунандагон, махсусан, насли ҷавон боло меравад. Мутаассифона, силсилаи чолишҳои имрӯзӣ, аз ҷумла зуҳури буҳрони беҳувиятӣ, мушкилоти фикрӣ, канороӣ бо хурофоту таассуби мазҳабӣ, дуршавӣ аз арзишҳои миллию ҷаҳоншиносии фалсафӣ, тамошогарии насли зиёӣ, парешонии қишри равшангарӣ, созишу муросо бо ҳангомасозиҳои руҳониёни мутаассибу муҳофизакори дохилӣ, зери бори хушкандешӣ қарор гирифтани ниҳодҳои фикрию академӣ ва насли наврасу ҷавон ҷомеаро осебпазир карда, роҳро барои густариш ёфтани буҳронҳои фикрию ҳувиятӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ ҳамвор сохтааст.

 (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи  адабиётшинос, муҳаққиқ, андешаманд ва равшанфикри миллӣ Устод Ҷамолиддин Саидзода)

   Адабиётшинос, муҳаққиқ, андешаманд ва равшанфикри муосири миллӣ  устод  Ҷамолиддин Саидзода 20 феврал ҷашни мелод доранд. Устод аз чеҳраҳои матраҳу шинохтаи миллӣ маҳсуб мешаванд, ки як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар  масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯйӣ оғоз намуда, устод Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо минҳайси мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, равонию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ меъёри кору зиндагии шахсию эҷодӣ қарор дода, дар ин шоҳроҳ то имрўз, бидуни дарангу вақфа ҳаракат мекунад. Муҳимтар аз ҳама, устод Саидзода ҳувиятсозӣ ва миллатшиносиро ба унвони мабодӣ ва принсипи ҳаётӣ пазируфта, хидмат ба миллатро вазифа ва рисолати хеш медонад ва иҷрои ин рисолатро қарзи виҷдонӣ талаққӣ мекунад.

(Таслиятномаи маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар робита бо даргузашти шоир ва адабиётшиноси муосири тоҷик, устод Асрори Раҳмонфар)

   Субҳи барвақти 14 – уми феврали соли ҷорӣ хабари даргузашти бармаҳали шоир ва адабиётшиноси муосири тоҷик, Асрори Раҳмонфарро шунида сахт андуҳгин шудем. Устод Раҳмонфар, ки бо тахаллуси Сосонӣ шеъру таронаҳои зиёде ба нашр расондааст, солҳои дарозест дар ҷабҳаи илму адабиёти миллӣ заҳмат кашида, то ба дараҷаи як муҳаққиқ ва шоири баркамол расидааст. Дар баробари  омӯзишу таҳқиқ Устод Раҳмонфар умре ба шеър ва адабиёт сару кор дошт ва ҳамчун муҳаққиқу шоири варзида миёни доираҳои илмию адабии ҷумҳурӣ соҳибэҳтиром гардидааст. Асосгузори маҳфили “Ҷаҳони андеша” устод Комил Бекзода, ки бо марҳум ифтихори дӯстию ошноӣ дошт, ёддоштеро дар робита бо ин шахсияти фарҳехтаи миллӣ доимо ба забон меоварад, ки мазмунан чунин аст: аёми донишҷӯӣ, тибқи муқаррароти замонӣ, донишҷӯёнро ба маъракаи пунбағундорӣ ба водии Ҳисор ҷалб кардаанд.