Бирафт Ӯву ҳама армони мо рафт,
Ки гӯйӣ аз тани мо ҷони мо рафт.
Ба уммеди шукӯҳи ҷовидонӣ
Дареғ, устод Мирзоёни мо рафт!
Ахлоқ яке аз куҳантарин навъи маънавиёти башар маҳсуб аст, ки аксар аз пажуҳишгарони тамаддуни инсонӣ онро аввалин унсури фарҳанг меҳисобанд. Масъалаи зуҳур ва пайдоиши ахлоқ баҳси доманадорест, ки дар дарозои таърих онро ҳар пажуҳишгар аз диди ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии худ мавриди баррасӣ қарор додааст. Ҳамин масъала сабаби он гардидааст, то назариёти гуногуне доир ба пайдоиши ахлоқ ба миён оянд.
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2023” тайи рӯзҳои 27 апрел – 4 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар доираи он 21 намоишнома манзури бинандагон гардонида шуда, ҳамчунин рӯнамоии китоби “Дар масири ёдҳо”-и Саодат Азизова, мизи мудаввар дар мавзуи “Хушназар Майбалиев – арбоби барҷастаи санъати тоҷик” ва нишасти ихтисосӣ дар мавзуи “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” баргузор шуд. Аз феҳристи 21 намоишнома 1 намоишнома ғайриозмунӣ (намоишномаи ғайриозмунии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода “Дод аз дасти Афандӣ” аз рӯйи асари Ғ. Ашӯр дар таҳияи Сомон Алимов) буда, 20 намоишномаи дигар дар доираи Фестивал-озмун мавриди тамошо ва радду бадалҳои ҳайати ҳакамону бинандагон қарор гирифт.