JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Чоршанбе, 15 Январи 2020 17:22

Вақт

Рӯзҳо мегузаранд,
Рӯзҳо аз сари мо,
Аз дили мо мегузаранд.
Хабари соати дидору ҷудоӣ бар лаб
Аз раҳи манзили мо мегузаранд.

  Ахлоқ яке аз шаклҳои қадимаи фаъолияти маънавии инсон буда, эҳтиёҷ ба мавриди андеша қарор додани муносибати инсон ба инсон ҳанӯз хеле барвақт дар оғози тамаддун пайдо шудааст. Баҳсу мунозираҳои ахлоқӣ ҳанӯз дар аввалин мероси хаттии инсоният ба қайд гирифта шуда, баъзеи онҳо ҳатто хаттӣ сабт низ гардидаанд.

 Таълимоти ахлоқии Суқрот. Суқрот (469 – 399 то м.) чунин мешуморид, ки инсон аз дигар махлуқот бо рӯҳи худ фарқ карда, дорои қобилияти муҳокимаронӣ буда, дар рафтори худ меъёрҳои одобро риоя менамояд. Ӯ инсонро даъват менамуд, ки нафси худро шиносад ва онро тобеи ақл намояд. Ақидаи Суқрот ба ақидаи релятивистии суфастоён мувофиқ набуд. Танҳо ба он ақидаи суфастоён, ки худи инсонҳо неку бад, адолату хушбахтӣ ва ғайраро муайян менамоянд, зид набуд. Аммо, ба андешаи ӯ, бояд шарҳи умумии мақулаҳои асосии ахлоқӣ вуҷуд дошта бошанд. Суқрот чунин мешуморид, ки хушунату дағалӣ ҳама вақт бадӣ ва инсони босаводу комил будан ҳамеша накӯист. Аз ин рӯ, танҳо тавассути маърифатнокӣ, озод будан ва накӯкорона умр ба сар бурдан метавонад, ки худи ҳамин аллакай хушбахтӣ мебошад. Суқрот асосгузори ахлоқи ақлгароёна (ратсионалӣ) мебошад.

Файласуфи миллӣ дар қаламрави фалсафаи озодандешӣ

(Номаи шодбошӣ)

Устод Нуриддин Шаҳобиддин,

          Шумо ба унвони шахсияти матраҳи ҳаракати равшанфикрии миллӣ дар марҳилаи навини таърихӣ солҳост, ки дар ҷодаи мушкилписанди ҳувиятсозии миллӣ ва ташаккули биниши фалсафӣ дар сатҳи иҷтимоӣ гомҳои устувор бармедоред. Шахсияти фалсафӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи илму хиради миллӣ ва урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолаеи бардавом, таҳсил ва андӯхтани таҷриботи илмӣ, фалсафӣ ва ихтисосӣ дар бузургтарин марказҳои илмӣ ва фалсафии ғарбӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони донишгоҳӣ минҳайси як шахсияти матраҳи фалсафӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.

Панҷшанбе, 09 Январи 2020 07:56

Файласуфи миллӣ дар масири рӯшангарӣ

Файласуфи миллӣ дар масири рӯшангарӣ

 (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи файласуф, андешаманд ва равшанфикри миллӣ, Устод Комил Бекзода)

   Файласуф ва равшанфикри муосири миллӣ  устод  Комил Бекзода имрӯз (9 январ) ба синни 75  мерасанд. Устод як умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи фалсафӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ карда,  то имрӯз дар  масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бардошта истодааст. Аз солҳои донишҷӯйӣ шурӯъ намуда, устод  Комил Бекзода озодандешӣ ва ҳувиятшиносиро минҳайси мабодии илмию фалсафӣ ва фарҳангию эҷодӣ меъёри кору фаъолият қарор дода, ин иқдомро то имрӯз, бидуни фосилаю таваққуф идома медиҳад.