JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Ҷумъа, 30 Марти 2018 08:03

Забон ва андешаи миллӣ

Туро гар хирад бошад андар забон,

Ба бедорӣ кӯшӣ, на хоби гарон.
Фирдавсӣ

  Вақте ки перомуни забон ҳамчун унсури муҳими ҳастӣ, огоҳӣ ва бедории тафаккури инсонӣ андеша мекунем, бидуни тардид, ба минтақаи фалсафа ва биниши фалсафӣ ворид мегардем. Забон василаи фикру андеша буда, бо тафаккур пайванди азалӣ ва абадӣ дорад.
Ба масъалаи нақши забони тоҷикӣ дар ташаккули бедории фикрӣ таваҷҷуҳ намуда, муҳтавои матлаби хешро дар ин чанд нукта ҷамъбаст мекунем:
Забони форсии дарии  тоҷикӣ дар таърихи фарҳанги эронитаборон ба сифати забони илму тамаддун шинохта шуда, дар бедории фикрии ақвоми эрониасли қуруни мутамодӣ нақши муассир доштааст. Забони форсии тоҷикӣ дар имтидоди асру қарнҳои гуногун забони илму хирад, забони сиёсат буда, тавассути он бостонитарин китоби башарӣ «Авесто» китобат шудааст. «Авесто» китобест, ки беш ва пеш аз ҳама, ба самти огоҳӣ ва бедории фикрию иҷтимоӣ нигаронида шудааст.

Чоршанбе, 28 Марти 2018 04:35

Наврӯз ва марҳилаҳои худшиносӣ

  Наврӯз, қабл аз он ки ба он ҷомаи кишоварзӣ, ахтаршиносӣ, кайҳоншиносӣ пӯшонанд, марҳилаи нахустини шинохту маърифати инсонӣ дар идомаи ҳастӣ будааст. Ин нуктаро донишмандони ватанию хориҷӣ тасдиқ кардаанд. Муҳим ин аст, ки Наврӯз ба сифати як ҷашни фарогир, пеш аз ҳама, баёнгари марҳилаҳои худшиносии миллию  мардумӣ мебошад.

Сешанбе, 27 Марти 2018 06:23

Бонувони барандаи ҷоизаи Нобел

  Дар тӯли таърих нақши мардону занон дар ҷамъият яксон набуда, оид ба моҳият, вазифа, хусусият ва ҳуқуқҳои онҳо дар ҷомеа ва зиндагӣ шоирону носирон, файласуфон ва дигар намояндагони илму адаб назару андешаҳои мухталиф баён кардаанд. Аммо он чи ба таври махсус ва айнӣ ба чашм мерасад, ин аст, ки дар аксари мамолик ва ҷомеаҳои имрӯзӣ, занон ҳанӯз ба пойгоҳу ҷойгоҳи шоистаи худ даст наёфтаанд ва ба шакле дучори табъизи ҷинсият ва ба навъе ситамдида ва мазлум воқеъ шудаанд. Ҳарчанд аз назари офариниши ҷисмонию равонӣ дар байни ҷинсҳои шарифу латиф фарқиятҳое вуҷуд дорад ва бисёре аз корҳое, ки мардон анҷом медиҳанд, бонувон ба иҷрои он қодир нестанд ё баръакс. Вале ҳаргиз ин тавр нест, ки занон аз мардон пойинтар ва имтиёзоту ҳуқуқҳои иҷтимоии онҳо камтар аз мардон бошад.

Сешанбе, 20 Марти 2018 06:52

Номи Зиндагӣ Наврӯз шуд!

Номи Зиндагӣ Наврӯз шуд!

(Табрикоти наврӯзии ҳайати кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои ҶТ)

Наврӯзи фурӯзанда – ин ойини дерина,

Ҳаргиз написандида ҷаҳлу ситаму кина.

 Аз матлаи устурӣ то мақтаи таърихӣ,

Ҷамшед ба Наврӯзӣ як ҳалқа, ҳаройина.