Муҳоҷират падидаест, ки аз замони қадим дар ҳама гушаву канори дунё вуҷуд дошт. Инсонҳо барои дарёфти шароити беҳтари зиндагӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар мерафтанд. Ё аз тарси таъқиб шудану кушта шудан аз дасти таҷовузгарони ватан маҳали сукунати худро тарк карда ба дигар ҷой мекучиданд. Мисолҳои равшани ин воқеаҳо дар замони ҳуҷумҳои истилогаронаи юнониву арабҳо ва турку муғулҳо ба сарзамини мо дида мешавад. Саргузашти қаҳрамони халқи тоҷик - Восеъ ҳам яке аз далелҳоест, ки мардуми мо барои дарёфти кору зиндагии беҳтар аз куҳистон ба шаҳрҳо мерафтанд. Дар маводҳои яке аз шумораҳои маҷаллаи бритониёии “Headway”, ки соли 1987 нашр шудааст, раванди ба муҳоҷирати корӣ ба Шветсия рафтани шаҳрвандони Британияи Кабир инъикос гардидааст.
Вазифаи экологии умумиҷаҳонӣ танҳо ба омӯхтани таъсири фаъолияти инсон ба биосфера ва ҷузъҳои таркибии он - атмосфера, гидросфера, литосфера, тағйирёбии таркиби химиявӣ, хосиятҳои физикӣ ва биологии ин ҷузъиёт маҳдуд намегардад, балки қонунияти таҳаввули биосфера ва ноосфераро низ равшан менамояд. Барои омӯзиши ҳолати биосфера аз маълумоти шабакаҳои метеорологӣ, климатологӣ, океанологӣ, радифони маснӯи Замин, расмгирии фосилавӣ ва инчунин, аз маълумотҳои полеографӣ, геологияи таърихӣ, геофизикӣ, геохимиявӣ, полеонтологӣ, тамсилсозӣ (моделсозӣ) ва ғайра низ истифода мебаранд. Мушкилоти экологии умумиҷаҳонӣ хеле зиёд буда, сарфи назар аз ин, ҳадди ақал ҳар сокини соҳибмаълумоти кишвар оид ба масоили экологӣ ва таъсироти он ба шароитҳои иқлимӣ, географӣ, гидрологӣ, ландшафтӣ, геофизикӣ, геохимиявӣ ва захираҳои гидроэнергетикию глятсиологии Тоҷикистон, ҳамчун як ҷузъи сайёраи Замин, андешаи хоси худро дошта бошад. Масъалаҳои мазкурро олимони соҳа асосан ба ду омилҳои ба ҳам алоқаманд: тағйирёбии иқлим ва ифлосшавии муҳити зист тақсим намудаанд.
Ҷаҳон дар ҳоли тағйир аст. Зиндагӣ ҳам рӯз ба рӯз тағйир ёфта истодааст. Оила ва оиладорӣ яке аз мушкилоти асосии ҳамаи замонҳо буд ва ҳоло ҳам мебошад. Мушкилоти оиладорӣ ва пош хӯрдани оилаҳо низ рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Илми равоншиносӣ низ имрӯз тараққӣ кардааст. Илми равоншиносӣ сабабҳо ва омилҳои пошхӯрии оилаҳоро то ҷое ҳаллу фасл намудааст. Пошхӯрии оилаҳо сабабҳои гуногун доранд. Ҳоло якчанд омилҳои асосии пошхӯрии оилаҳоро аз нуқтаи назари илми равоншиносӣ дида мебароем. Аслан, саодат ва хурсандии мард дар издивоҷ, бисёртар аз характер ва рафтори ҳамсараш вобастагӣ дорад. Агар мард дар зиндагиаш ҳама чиз дошта бошад, аммо дар баробари ин, зани турушрӯй, бадқавоқ, ғурғуркунанда ва бадрафтор дошта бошад, зиндагии ӯ беарзиш аст.