Паёми Наврӯз Рӯзи нав меоварад, шуру шароре нав ба нав, Номаи лутфи ҳабибе бар нигоре, нав ба нав. Тирамоҳи умр дорад, рангу оҳанги хазон, Офтоби Ишқ мезояд, баҳоре нав ба нав. Ишқ бар пирони барнодил, раво бошад, раво! Навҷавонӣ боз гардад, бо хуморе нав ба нав. Ин ҷаҳону сад ҷаҳон, ҷавлонгаҳи ишқ асту бас! Дар ҷаҳони бешумор, ояд шуморе, нав ба нав. Мо паёми Идро риндона кардем ошкор, То ки бар Ояндагон гардад, шиоре нав ба нав! (Баҳори 2012) Ҳикмати бодаи Наврӯзӣ Меравам аз ин ҷаҳону дил ба дарё мезанам, Пушти по бар мушкилоти ҳарду дунё мезанам. Гар ту масти…