Ҳар як фарде, ки бо нигоҳи нек ва кўшишу ғайрати намунавӣ бо омўзиши илму ҳунар машғул аст, оғоз аз азхудкунии фаннҳои таълимӣ ва ҳосил намудани ҷаҳонбинии базавии илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, баъдан бо ҷустуҷўи донишҳои нав дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ниҳоят дар роҳи пажуҳиши беканори илмӣ дар таҳқиқотҳои оянда – табиатан ҳифзкунандаи сулҳу субот мебошад. Зеро муҳите, ки дар он шахси босавод ва боҳунару бофарҳанг арзи вуҷуд ва рушд карда метавонад – танҳо фазои сулҳу оромӣ аст. Табиати олим ва ҳунарманди ҳақиқӣ ба равандҳои неку бомаром ва машварати илмӣ ба монанде, ки инсон бе обу ҳаво наметавонад, ниёз дорад. Рушди системавии илму ҳунар танҳо дар фазои солими сулҳу оромӣ имконпазир аст, ки дар сохторҳои беғубори он ходимони фидоии илм фаъолияти зеҳниро барои ҳалли масъалаҳо ва кушодани асрори олами воқеӣ сарҷамъ намуда, дар машварату баҳсҳои илмӣ паҳлўҳои мухталифи таҳқиқотҳоро боз ҳам саҳеҳтару дақиқ менамоянд.
«Ба Академияи илмҳо зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо олимони кишварҳои дигар дар самти пайомадҳои тағйирёбии иқлим таҳқиқоту омӯзиш гузаронида, дастовардҳои кишварро дар ин самт ҳамаҷониба муаррифӣ намояд.»
Эмомалӣ Раҳмон
Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст баъд аз ба даст овардани истиқлолияти миллӣ тоҷиконро душманони он ба ҷанги бародаркуш оварданд. Агар ваҳдати миллии тоҷикон намебуд мо ба вартаи ҳалокат дучор мегардидем. Ин ваҳдат бузургтарин ва тақдирсозтарин ва арзандатарин дастоварди бузурги халқи тоҷик буд, ки он маҳз бо кӯшишу талошҳо ва ҷонбозиҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал татбиқ шуд. Феълан дар минтақаҳои гуногуни олам ҷанги шаҳрванди давом дорад ва месазад, ки ин таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ин кишварҳо барои ба даст овардани сулҳи бардавом тадбиқ шуда, мавриди омӯзиши дигар кишварҳо гардад. Зиёда аз чоряк аср тоҷикон дар фазои сулҳи бардавом, боварӣ ба ояндаи дурахшон умр ба сар мебаранд, ҳар яке дар ҷои кори худ фаъолияти пурсамари хешро давом дода шукрона аз истиқлолият, шукрона аз ваҳдати пойдори миллати куҳанбунёди худ мекунанд. Бигузор ин ваҳдат абадӣ бошад.
Мардуми шарифу сарбаланди кишвари тоҷик тавонистанд дар атрофи ғояҳои сулҳовари Сарвари давлат муттаҳид шуда, соҳиби Ватани ободу озод гарданд. Имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки мо дар ватани азизамон Тоҷикистон, дар як фазои озоду беғубор, дар як давлати соҳибихтиёр зиндагӣ мекунем ва бояд ободию суботи сиёсати онро муҳофизат намоем.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд: «Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим аст, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, мамониатҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем».
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи АМИ Тоҷикистон, Ҳайдаршоҳ Пирумшоҳ иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Шахсияти Бобоҷон Ғафуров» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.