JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

    15 ноябр муҳаққиқ ва адабиётшиноси варзида Нурмуҳаммад  Сафарзода  (Нурмуҳаммад Одинаев) зодрӯз доранд. Ин шахсияти илмӣ ва эҷодӣ солиёни тӯлонӣ дар самти пажӯҳишу таҳқиқ ва маорифи миллӣ заҳмат кашида, дар таҳияву нашри мероси адабӣ, таълифи матолиби ҷолиби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврӣ ва омода намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ саҳми сазовор мегузорад. Устод Нурмуҳаммад Сафарзода ба унвони шахсияти миллӣ дар самти арҷгузории забони давлатӣ ва бузургдошти фарҳангу адаби тоҷикӣ  пайваста ҷаҳду талош мекунад. Мавсуф хидмат ба халқу меҳанро аз тариқи ташаккул ва тавсеа додани ҳувияти миллӣ, ки аз омӯзишу гиромидошти забони давлатӣ ва мероси арзишманди аҷдодӣ сарчашма мегирад, амри зарурӣ ҳисобида, дар ин ҷода ифтихормандона гом бармедорад. Ба ин манзур, ӯ ҳанӯз солҳо қабл дар ҳамдастӣ бо пажӯҳишгарони маъруфи миллӣ дар таҳияву тадвини маҷмӯаҳои илмӣ-таҳқиқии марбута  саҳми муносиб гузоштааст (дар ин замина ниг.: Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо. Душанбе: Ирфон, 2007). Аз ин ҷост, ки Нурмуҳаммад  Сафарзода ҳамчун муҳаққиқи миллӣ рисолати худро, қабл аз ҳама, дар ҳимояти забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба мероси гаронмояи аҷдодӣ арзёбӣ мекунад.

Якшанбе, 13 Ноябри 2022 05:21

Машҳура, Меҳр - Олиҳаи ишқу отифат!

(Паёми шодбошии аъзои Маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи муҳаққиқбонуи тоҷик Машҳура Вазирова)

   Имрӯз -- 13 ноябри соли 2022 муҳаққиқбонуи муосири тоҷик Машҳура Вазирова зодрӯз доранд. Ин бонуи илму фарҳанги тоҷик солҳои зиёд аст, ки дар риштаи илмҳои сиёсӣ пажӯҳиш мекунад ва бо ташаббусоту ибтикороти илмию амалии хеш уфуқҳои тозаеро дар ростои фалсафаи сиёсии миллӣ боз мекунад. Бону Машҳура Вазирова таҷрибаи кориро дар кафедраи фалсафаи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳозира Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) оғоз карда, аз вазифаи лаборантӣ шуруъ карда, то ба вазифаҳои илмию раҳбарӣ дар идораҳои гуногун расидааст.

   11 ноябрро мо, ҳамкорону дӯстони Исомиддин Шарифзода дар доираи маҳдуд ҳамасола чун Рӯзи рӯшангарию фарзонагӣ таҷлил мекунем. Ин навъ санасозӣ ва ҷашнгирӣ, албатта, рамзист, чаро ки дар имтидоди моҳи ноябр як зумра рӯшанфикрону рӯшангарони миллӣ зодрӯз доранд ва мутмаинан, ҳамин силсилаи рафшанфикрони ватанианд, ки бори гарони масъулияти  ватандорию меҳанпарастӣ  ва  хурофазудоию рӯшангариро бар дӯш доранд ва ҳаройина бо ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу таваҳҳум, ки вабои ҳар давру замон будаву ҳастанд,  довталабона муқобилаю мубориза мекунанд. Дар феҳристи ин силсилаи рӯшангарӣ  исми файласуф ва инсоншиноси муосири тоҷик, устод Исомиддин Шарифзода қарор дорад.

   Моҳи ноябр, воқеан, моҳи тантанаи мелоди Меҳр Собириён (8 ноябр), Ҳафиз Холиқзода (10 ноябр), Исомиддин Шарифзода (11 ноябр), Нурмуҳаммад Сафарзода (15 ноябр) ва соири шахсиятҳои матраҳ, саршинос ва барӯманди  миллӣ мебошад. Дар силсилаи афроди саршиносу матраҳи миллӣ, ки солҳои дароз дар хидмати илму фарҳанг садоқатмандона қарор доранд, дӯсти гиромии мо Меҳр Собириён ҷойгоҳи вежа дорад.  Меҳр Собириён ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ бо такя ба донишҳои замонавию таҷрибаи зиндагӣ талош варзидааст, ки воқеиёти рӯзгор ва миллатро бо чашми ақл бубинад ва доир ба мушкилоту муаммоҳои мавҷуда бар мабнои ақлу мантиқ доварӣ намояд.