Маҳорати хуби суханварӣ, малакаи одамшиносӣ, ахлоқи писандида, маърифату фазилат, дидгоҳи вижаи сиёсӣ ва фарҳангӣ ба устод Умар Шарифзода имкон дод, ки ба сифати як ҷамоатчии фаъол дар тарғиби ғояҳои баланди инсонӣ саҳми муносиб бигузорад ва ин рисолати иҷтимоиро то охирин лаҳазоти зиндагӣ дунбол кунад. То имрӯз шогирдони мактаби устод дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат босамар фаъолият мекунанд ва аз донишу таҷрибае, ки тавассути тадрису машварати устод Умар Шарифзода дарёфтаанд, пайваста ёд меоваранд. Ин аст, ки исми устод на танҳо дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, балки фаротар аз он барои ҳаводорони илму маърифат ва фарҳангу маънавиёти ҷумҳурӣ ошност.
Мутмаинем, ки кору амали хайри устод Умар Шарифзода дар талошу кӯшишҳои фарзандонаш ба таври шоиста амалӣ хоҳанд гашт. Ӯ бо ҳамин умед ин фарзандонро тарбия ва раҳнамоӣ карда буд.
То ҳаст меҳру шафқат дар рӯҳи рӯзгорон,
Марди наку намирад дар қалби дӯстдорон!
Маҳфили илмӣ – фалсафии “Ҷаҳони андеша”
ш. Душанбе, 16-феврали 2018