Ҷоизаҳои нахустин барои журналистикаи экологӣ дода шуд ба:
1. Номвар Қурбонов, барои мақолаи беҳтарини интернетӣ, ки дар сомонаи www.ravshanfikr.tj нашр шудааст.
2. Сайфиддин Сунатов, барои мақолаи беҳтарини чопӣ, ки дар рӯзномаи “Садои мардум” нашр шудааст.
3. Дилбар Хоҷаева, барои барномаи телевизионии беҳтарин, ки дар ТВ “Суғд” ба намоиш гузошта шудааст.
Воситаи маблағгузорӣ барои тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон (КЛИМАДАПТ) лоиҳаест, ки аз рӯйи он ба корхонаҳо ва хоҷагидорони Тоҷикистон ёрии амалӣ барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим расонида мешавад. Ин лоиҳа дар ихтиёри худ 10 миллион доллари амрикоӣ дошта, аз ҷониби БАТР ва ҳукумати Британия Кабир дар соли 2016 созмон дода шудааст ва дастрасӣ ба технологияҳои устувор ба тағйирёбии иқлимро осон мегардонад. Лоиҳа ба баландбардории самаранокии истифодабарии захираҳои обу замин дар кишварҳои гуногун равона шудааст.
Тоҷикистон ба феҳрасти кишварҳое дохил мешавад, ки ба тағйирёбии иқлим таъсирпазир ҳастанд. 90% қувваи барқ дар кишвари мо аз Ниругоҳҳои барқӣ-обӣ таъмин мешавад. Иқтисоди кишвар аз захираҳои обӣ-барқӣ, обӣ ва заминҳои кишт вобаста аст, ки ба тағйирёбии иқлим ҳассос ҳастанд. Масъалаи мутобиқшавии иқтисоди кишвар ба тағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Лозим ба ёдоварист, ки се мақолаи Номвар Қурбонов маҳз дар сомонаи www.ravshanfikr.tj нашр шуда, мавриди таваҷҷуҳи масъулини лоиҳаи мазкур қарор гирифтанд ва ба унвони мақолаҳои беҳтарин эътироф гардиданд. Ин мақолаҳо: (1) Усулҳои нави мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон; (2) КЛИМАДАПТ ва роҳҳои паст кардани оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим; (3) КЛИМАДАПТ ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ дар раванди тағйирёбии иқлим мебошанд, ки дар онҳо муаллиф масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст.