JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 13 Феврали 2019 06:26

Нигоҳе ба айёми Наврӯз

Муаллиф:

  Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ҷашни мардуми ориёӣ буда, то имрӯз мавқеияти худро гум накардааст ва онро ҳамчун иди суннатӣ бо шодмониву хурсандӣ дар шаҳру вилоят ва ноҳияву деҳот бо базму тараб ва пухтупазҳои солинавӣ-баҳорӣ барои баракату фаровонӣ бо шодобӣ  ҷашн мегирифтанд. Ин ид ва ё анъанаи фараҳбахш то имрӯз ҳам давом дорад ва боз ҳам ҷашнгириву тарғибу ташвиқи он ҳамчун иди баҳор, иди кишту кор ва заминагузорӣ барои ҳосили сол ва тару тоза намудани гулгашту хиёбонҳо дар кишварамон идома ёфта истодааст.

  Махсусан, хидмати Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор ва ҷоннок намудани ҷашнгирии Наврӯз ва эҳё намудани арзишҳои суннатии он ниҳоят бузург аст. Наврӯз дар  фарҳанги халқи тоҷик «…аз қадимтарин ва муқаддастарин оинҳои ниёгони мо аст, ки бо фарорасиаш аз омадани фасли зебои баҳор ва оғози Соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад».[1]

   Фарорасии Наврӯз боз як бори дигар ба мардум аз маърифату фарҳанг ва маънавиёти воло доштани гузаштаву имрӯзаи мо хабар медиҳад, ки ин характери тарбиявию омӯзандагӣ дошта, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии миллатро, махсусан ҷавононро огоҳона боло мебарад. Зеро миллате, ки фарҳангу суннат ва анъанаву тамаддуни гузаштаи хешро надонад ва нашиносад, кӯреро мемонад дар нимароҳ. Шинохтан ва омӯхтану донистан ин аз ахлоқ ва одамияти инсон гувоҳӣ медиҳад, ки ин нишонгари эҳтиром ба фарҳангу тамаддун ва суннати аҷдодӣ мебошад.   

   Шеъру сурудҳои Наврӯзӣ, ки дар васфи бузургдошти фасли баҳор, омадани соли нави аҷдодӣ ва сарсабзии табиат тавассути мутафаккирону шоирон навишта шудаанд, дар рӯзгори гузаштаву имрӯза дар наврӯзгоҳҳову кӯчаю хиёбонҳо ва дашту саҳроҳо баланд садо медоданд ва имрӯз ҳам садо медиҳанд. Фирдавсии бузургвор дар шоҳасари хеш «Шоҳнома» аз омадани соли нав - Наврӯз хабар дода менависад:

Сари соли нав Ҳурмузи фарвадин,

Баросуд аз ранҷ дил, тан зи кин.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд.

Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,

Бимондаст аз он Хусравон ёдгор.

   Мутафаккири бузурги халқи тоҷик Сайидои Насафӣ (асрҳои 17-18) низ дар яке аз шеърҳои худ фасли Наврӯзро бо мисраъҳои ширину шево тараннум намудааст:

Фасли Наврӯз аст, меояд ҳавои тозае,

Булбулу гулро шуда баргу навои тозае.

Бар сари афтодагон афтода савдои либос,

Сарв мехоҳад дар ин мавсим қабои тозае.

Ҳалқаи тасбеҳи худ карданд ҳақгӯён ҷадид,

Фохта афганда дар гардан ридои тозае.

Дода хуршеди фалак табдил ҷои хешро,

То шавад оинарӯёнро сафои тозае.

  Намоишҳои идонаи мардумӣ дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ва ҷамъомадҳову сайру гаштҳои наврӯзӣ аз қадимулайём то ба имрӯз бо шеъру мусиқӣ, оҳангу сурудҳо, рақсу бозиҳо, гӯштингириву аспдавониҳо ва шодию фараҳмандӣ идома ёфтааст. Агар назаре ба таърих афканем ҷашну тантанаҳои Наврӯзӣ дар замони Сосониён хеле боҳашамату тантанавор пешвоз гирифта мешуд. Дар даврони Сосониён мусиқӣ дар айёми ҷашни наврӯзӣ мақоми волое дошт, ки намояндаи махсусе барои он таъин менамуданд ва Ардашери Бобакон сарвари гурӯҳи мусиқидонон буд, ки ӯро дар сафи табақаи писандидагон ҷой дода, навозандагонро бар ҳамаи табақот муқаддам мешумориданд.

  Созу дастгоҳҳои мусиқие, ки дар ҷашнҳои наврӯзӣ, дар замони Сосониён мавриди истифода қарор мегирифтанд, аз чанг, тор, уд, рубоб, танбӯр, сетор, най, шайпур ва ғайраҳо иборат буд.

  Навохтани созу сурудҳои суннатӣ-маҳаллӣ, табрику муборакбодии омадани соли нав – Наврӯз ба ёру дӯстон, наздикон ва ҳамчунин бо умеди баракату раҳмати сол тавассути мусиқинавозону наврӯзхонон рӯзҳои наврӯзиро боз ҳам дилкашу ботароват ва зебо мегардонад ва ба қалбу рӯҳи  одамон умеди зиндагии хушу шодкомӣ, муҳаббат ва ваҳдату ягонагиро ҷо медиҳад.

Аз ҳама муҳимаш он аст, ки субҳи рӯзи аввали Наврӯз яке аз фаъолони Ҷашни наврӯзӣ бо садои карнай ва хондани шеърҳои наврӯзӣ бо садои нарму латиф аз омадани баҳор, Наврӯзи хушқадам хабар медиҳанд ва мардум бо як ҳаяҷону шавқмандӣ ба кӯчаву хиёбонҳо мебароянд ва аз Наврӯз истиқбол мекунанд.

  Дар рӯзҳои Наврӯзӣ хурду калонсолон бо сари либосҳои тозаву нав ва рангоранг ба берун ва чаману даштҳо баромада, ба сайругашти сабзаву лола, гулгаштҳо ва хиёбону кӯчаҳои идона ва дашту заминҳои корам мебароянд. Деҳқонон бошад, дар ин айём ҳарчи бештар ба киштукор машғул мешаванд. Гурӯҳи мардум, махсусан ҷавонон ба тозакунии ҷӯйбору каналҳо ва шинондани ниҳолҳо машғул мегарданд.

  Дар ин рӯзҳои наврӯзӣ бисёриҳо дар назди ҳавлиҳо ва даштҳо дегҳои суманаку далда, ошу омочҳои суннатӣ ва дигар пухтаниҳои хешро гузошта, атрофро аз бӯи хушу лаззатбахши ин пухтупазҳо муаттар месозанд.  Дар шаҳрҳо бошад, мизҳои наврӯзӣ бо пухтупазҳои суннатӣ, сабзиҷотӣ баҳорӣ ва шарбатҳои мевагӣ ва ғайраҳо омода сохта мешавад.

   Анъанаву маросимҳои наврӯзӣ, махсусан дар зарфҳо коштани гандум ва аз он сабза рӯёндан, паҳн намудани суфраи ҳафт син ва ё ҳафт шин ҳамчун рамзи баҳор ва сабзу хуррамии зиндагӣ ба мардум боз як рӯҳия ва умед ба имрӯзу фардо мебахшад ва қалбҳоро пур аз орзую омолҳои нек мегардонад. Ба ин муносибат Сайидои бузургвор фармудааст:  

Метавон донист, ҳамчун шишаи май, Сайидо,

Дар дили ҳар кас, ки бошад муддаои тозае.

   Ба андешаи олим ва муҳаққиқони таърихи фалсафа, академик К.Олимов ва доктори илмҳои фалсафа М. Ҳазратқулов, ҷашнҳои «…порсоию мардумӣ дар ҳаёти ҷомеа рукнҳои камолоти ахлоқиро ба вуҷуд овардаанд, ки зинаҳои худшиносии инсонро дар шакли хеле соддааш дар худ таҷассум намудаанд». Дар айни замон дар айёми Наврӯз ба эстетика ва беҳдоштӣ риоя намудан низ аз шартҳои ҷашнгирии Наврӯз мебошад, ки дар ин бора муҳаққиқ Олимов К. навиштаанд: «…яке аз суннатҳои беҳтарини Наврӯз талқини покии ҷисму рӯҳ аст, ки яке аз беҳтарин андешаҳо дар ҳикмати Наврӯз мебошад». Дар ҳақиқат дар омад-омади ҷашни Наврӯз шустушую поксозии бадан, либосҳои тоза дар бар кардан, хонаву ҳавлӣ ва боғҳои назди ҳавлигиро тозаву обод намудан аз шартҳои муҳими ҷашнгирии Наврӯз барои ҳар як хонадони солим аст. Аз ин ҷо, бо муҳаббат, бо ишқ ва бо ихлосу эътиқод истиқболи намудани ҷашни Наврӯз барои беҳбуди ахлоқи ҳасанаи мардум ва иҷтимоӣ шудани онҳо кумак мекунад. Аз тарафи дигар, муносибати инсон ба табиат ва неъматҳои он афзоиш ёфта, боиси пешрафт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавӣ, яъне табиатдӯстӣ мегардад.

  Дар бораи моҳияти иҷтимоӣ ва ахлоқӣ доштани ҷашни Наврӯз Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ мебошад. Зеро Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо аст».[2]

  Ба умеди истиқболи Наврӯзи имсола боз ҳам бошукӯҳтару бо омодабошӣ пешвоз гирифта шаваду барои ҳар як хонадон ва давлату миллатамон файзу баракат, хушбахтиву осудагӣ биёрад, навиштаамро ба поён мерасонам.  

 

                                                                          Муродова Тоҷинисо,

                                                              ходими пешбари ИФС ва Ҳ-и АИ ҶТ,

                                                                       номзади илмҳои фалсафа

 

 [1] Эмомалӣ Раҳмонов. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷил. 6. Душанбе, 2006.-С.491

[2] Ҳамон ҷо.-С.491

Хондан 1651 маротиба