JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 14 Феврали 2019 09:00

Андар матншиносии осори Сайидо

Муаллиф:

  Миробид Сайидои Насафӣ аз зумраи суханварони баландпоя ва гаронмояи адабиёти классикии тоҷик буда, осори баландмазмуну пурқимати ӯ аз истеъдоди баланди шоирии ӯ дарак медиҳад. Ӯ аз шоирони пурмаҳсули тоҷик ба ҳисоб рафта, куллиёти осораш бештар аз нуҳ ҳазор байт мебошад. Ба қавли муаллифи тазкираи “Музаккир-ул-асҳоб” Малеҳои Самарқандӣ, “Матлае нест, ки дар мақтааш номи ӯ пайваста набошад, ғазале нест, ки ӯ мухаммас набаста бошад. Ғазалҳои ғаррояш суханваронро санад аст ва мухаммасҳои раънояш гули рӯи сабад аст, шаҳрошӯбаш шӯрҳо дар бозорҳо андохта, рубоиёташ аркони абётро бапо сохта, қасоидаш лангардор, маснавиаш соҳибасрор, муқаттаоташ панд, мустазоди ӯ дилписанд, мувашшаҳоаш муаммо, луғзаш рамзу иймо, номатбӯи ӯ матбӯъ, он чи гуфта, ҳама маснӯъ, ин мазкуротро бисёр хуб ва маънидор гуфта”(1.294).

  Устод Садриддин Айнӣ дар тазкираи  “ Намунаи адабиёти тоҷик ” бо зикри се мухаммас аз баёзи дастнавис ва ду ғазал аз “Радоиф-ул-ашъор” нуктаи муҳимеро зикр мекунад, ки он ба масъалаи табъу нашри осори Сайидо дар замони зиндагӣ ва баъди рӯзгори ӯ дар сарҷашмаҳои имливу адабӣ марбут мебошад: “Аз он ҷо, ки дар маҷмӯаҳое, ки то солҳои 1150 ҳиҷрӣ таълиф ёфтаанд, зикру ашъори Сайидо дида нашуда ва ҳам дар тазкираҳое, ки дар овони давлати Манғитияи Бухоро навишта шудааст, бо вуҷуди ашъораш бисёру машҳур будан номи Сайидо ёд карда нашудааст (2. 113). Дар мавриди зикри маъхазҳои қисми аввали тазкира, ба истиснои “Музакир-ул-асҳоб”, ки муттассифона, дастраси устод қарор надошт, номгӯи 21 адабиёт ба назар мерасад  ва дар миёни онҳо тазкираҳои маъруфе чун “Тазкираи оташкада”-и Луфалибеки Озар, “Хизонаи омира”-и Ғуломалихон  Озоди  Балгиромӣ  ва чандеи дигар мавҷуданд, ки  аз Сайидову осори ӯ хомӯшӣ гузидаанд. Ҳамин ҳолатро дар мавриди фарҳангҳои тафсирӣ низ метавон мушоҳида намуд.

 Воқеан, дар китобхонаҳои олам ҳам нусхаҳои қаламӣ ва чопии ин шоири шаҳири тоҷик ниҳоят кам ба назар мерасад. Чунончи, Ҷобулқо Додалишоев  дар сармақолаи китоби “Сайидои Насафӣ.Куллиёти осор” таҳти унвони “Матни интиқодии осори Сайидои Насафӣ” менависад”: “То соли 1940 дар тамоми китобхонаҳои Иттиҳоди шӯравӣ фақат шаш нусха девони ашъори Сайидо маълум  буду халос” (3.12).

  Воқеан, китоби “Сайидои Насафӣ. Куллиёти осор” ягона нусхаи илмиву интиқодии осори суханвар аст, ки бо кӯшиши адабиётшинос Ҷобулқо Додалишоев таҳия шудааст. Дар ин нусха мусанниф он чи ки аз мероси адабии Сайидо дастрас мегардад, дар заминаи  муқоисаву муқобалаҳои илмиву интиқодӣ ҷой медиҳад. Аз ҷумла дар китоб ғазалиёт, қасоид, мухаммасот, рубоиёт, ”Баҳориёт” ва “Шаҳрошӯб”-и  шоир ҷой дода шудааст. Ба як маънӣ ин китоб як нусхаи матни комили интиқодии осори Сайидо дар замони муосир маҳсуб мешавад, ки аз  ҳашт ҳазору ҷаҳор саду бисту ду байт иборат мебошад ва  нусхаи дигаре бо фарогирии ин миқдор абёти шоир мавҷуд нест. Мусаннифи китоб дар қатори масоили  матшиносии осори Сайидо бо истинод ба маълумоти “Музаккир-ул-асҳоб”-и Малеҳои Самарқандӣ (1.294)  дар бораи мавҷуд будани якчанд суханвар бо тахаллуси Сайид ва Сайидо маълумот медиҳад, ки он боиси махлутшавии осори онҳо гардидааст ва ба мероси адабии Сайидои Насафӣ ҳам таъсир намудааст. Вале мусанниф бинобар дар даст надоштани маълумоти дигар оид ба масъалаи мазкур аз як фикри муайян гуфта натавонистани худ дарак медиҳад. Сипас дар муқаддимаи мусаҳҳеҳ оид ба нусхаҳои мавриди истифодааш  қарордошта маълумот медиҳад ва ба хулосае меояд, ки нусхаҳои мазкур кулли осори шоирро фарогир нестанд. Аз миёни нусхаҳо Ҷобулқо Додалишоев ба нусхае таҳти рақами 405- куллиёти Сайидо арҷ мегузорад,ки он пештар аз вафоти суханвар китобат шудааст, аз   лиҳози сиҳатии матн беҳтар ва ба асл наздик ба назар мерасад. Ниҳоят мусаннифи “Куллиёти осор” ба хулосае мерасад,ки то имрӯз нусхаи мукаммали девони шоир ба даст наомадааст. Дар Тоҷикистон то имрӯз ашъори Сайидои Насафӣ  ба ҷуз  нусхаи илмиву интиқодии Ҷобулқо Додалишоев дар китобҳои мунтахабот бо кӯшиши суханшиносон Абдулғанӣ Мирзоев (4), Ҷамшед Шанбезода (5), Гурез Сафаров (6) Алии Муҳаммадии Хуросонӣ (8) чоп шудааст. Агар нусхаҳои Абдулғанӣ Мирзоев ва Ҷамшед Шанбезода ҷанбаи интихобӣ дошта бошанд, нусхаи  Гурез Сафаров аз гулчини абёти шоир ва баъзе ғазалҳои шоир иборат аст,ки  махсус барои хонандагони мактаб равона карда шудааст. Китоби “Девон”-и  Сайидои Насафӣ, ки бо муқаддима ва луғоту тавзеҳоти  Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дар доираи 50-ҷилдаи осори классикон ва муосирон аз силсилаи  “Ахтарони адаб” нашр шуд,  аз чопҳои ҷадиди ашъори шоир ба ҳисоб меравад ва як андоза нусхаи мукаммалтар дар миёни нусхаҳои илмӣ-оммавӣ маҳсуб мешавад. Девони мазкур мутобиқи маълумоти мусаннифи он дар заминаи китобҳои дар боло зикрёфта тартиб дода шудааст. Ҳарчанд мусанниф тазаккур медиҳад, ки дар таҳияву тадвини он аз нусхаҳои хаттии дастраси дар Тоҷикистон буда истифода кардааст, вале онҳо дар китоб  мушаххас қайд нашудааст. Муаллиф дар муқаддимаи китоб мухтасар оид ба ҳаёт ва фаъолияти суханвар маълумот дода, замони зиндагии шоирро бо истинод аз сарчашмаҳои мухталифи илмӣ тасвир мекунад. Муаллиф қайд мекунад, ки” беҳтарину бебаҳотарин ва боэътимодтарин маъхазе, ки моро бо Сайидои Насафӣ, шебу фарози зиндагӣ  ва мероси адабии ӯ аз наздик шинос менамояд, эҷодиёти пурқиммати ӯст” (7.9). Дар китоб 433 ғазал, достони тамсилии “Баҳориёт” ва  63 мухаммас ҷой дода шудааст,ки барои дӯстдорони шеъру адаб армуғони шоистаест.

  Боиси зикр аст, ки омӯзиши кулли китобу девонҳои интишоршудаи Сайидои Насафӣ тақозо менамояд, ки нусхаи ҷадиди илмиву интиқодии куллиёти шоир дар заминаи нусхаҳои қаламии дастрас  ва сарчашмаҳои муътамади илмиву адабӣ аз қабили тазкираҳо, кутуби таърихӣ ва монанди инҳо  таҳия гардад. Зеро, аз замоне ки нусхаи илмиву интиқодии суханвар бо эҳтимоми  Ҷобулқо Додалишоев нашр шуд, 47 сол сипарӣ шуд, ки дар ин муддат дар баробари пайдо шудани  тозагиҳои илмиву адабӣ дар сайидошиносӣ, меъёрҳои нав ва муносиботи ҷадид ба матн ва матншиносӣ рӯи кор омад.Ҳамчунин нусхаҳои илмӣ-оммавии осори Сайидо,ки дастраси умум мебошад, аз тасҳифу нуқсон орӣ нест. Чунончи, ҷадидтарин нусхаи девони Сайидо, ки дар боло зикраш рафт (7), ба тасҳеҳу танқеҳ ва муқоисаву муқобала бо мутуни нусхаҳои қаламӣ ё ба асл наздик ниёз дорад. Чунончи, дар як ғазали шоир, ки бо матлаи:

Омад хазону айшу тараб аз замона рафт,

Гул кӯч карду мурғи ҷаман з-ошёна рафт-

оғоз мешавад, якчанд байт ба тасҳеҳ ниёз дорад.

Аз ҷумла, маъниву мазмуни байти зерин ба ҷои калимаи “парвона” вожаи “вайрона”-ро тақозо дорад, ки дар яке аз нусхаҳои қаламии шоир, ки Ҷобулқо Додалишоев онро мавриди истифода қарор додааст, ба назар мерасад:

Бурданд сӯйи боғ зи парвона(?) ҷуғзро,

Имрӯз имтиёз зи аҳли замона рафт (7.117).

Ё:

Дасте, ки во кунад гираҳ аз дасти (?) кас куҷост?

Нохун видоъ карда, зи ангушти шона рафт (7.117).

Ин ҷо ба ду далел ба ҷои “даст”-и дуввум  вожаи “кор” мувофиқ аст: 

1) Сайидо барин шоири тавоно ҳаргиз дар як байт калимаро ба як маънӣ ду маротиба истифода намебарад. 2) Аслан гиреҳ дар кор меафтад, на бар даст ва чуноне ки шоир мегӯяд, “даст он гиреҳро во мекунад”.

Дар байти зер бошадо ба ҷои “Танг то ба кай?” иборати “тангу торикӣ” ба андешаи ин ҷониб мувофиқтар аст:

Ай мурғи рӯҳ дар қафаси танг то ба кай (?),

Парвоз карда бояд аз ин ошёна рафт (7.117).

 Яъне:

Ай мурғи рӯҳ дар қафаси тангу торикӣ,

 Парвоз карда бояд аз ин ошёна рафт.

Дар матлаи ғазали дигари Сайидо мехонем:

Аз рафиқи раҳнамо табъи гадо осудааст,

Бар кафи дасти куҳансолон(?) асо осудааст (7.115).

Зоҳиран мисраи дуввуми байт дорои маънӣ нест ва дар нусхаҳо ба ҷои вожаи “куҳансолон” калимаи “тамаъгинон” насб шудааст, ки он дар фарҳангҳо (8.316) ба маънии тамаъкор, ҳарис,озманд,орзуманд омадааст.Шамсиддини Шоҳин низ ин калимаро дар ашъораш ба кор бурдааст:

Кардӣ аз бӯса тамаъгинаму ранҷидӣ лек,

Оҳ аз ҳилаам аз хеш ҷудо афкандӣ (8.316).

Воқеан, дар сурати истифодаи “тамаъгинон” мисраи сонӣ бо мисраи аввал иртиботи маънавӣ пайдо намуда, маънии комил ба даст меояд:

Аз рафиқи раҳнамо табъи гадо осудааст,

Бар кафи дасти тамаъгинон асо осудааст.

  Як байти дигари ҳамин ғазал низ ба тасҳеҳ ниёз дорад:

Устухони хушк беташвиш кай ояд ба даст?

Аз паи рӯзӣ ба кӯ дасти гадо осудааст(?) (7.116).

  Шакли дурусти он, ки маънии байтро мукаммал, таносуби каломро таъмин ва маънии ғарибро ифода мекунад дар корбурди “табъи ҳумо” ба ҷои “дасти гадо” ифода ёфтааст. Зеро Ҳумо мурғи афсонавиест, ки устухон хӯрад ва назди мардум чун мурғи бахту саодат машҳур аст. Байт ба тариқи зайл аст,ки дар нусхаҳои қаламии шоир маҳфуз аст :

Устухони хушк беташвиш кай ояд ба даст?

Аз паи рӯзӣ магӯ табъи Ҳумо осудааст.

Силсилаи байтҳои зиёдеро метавон ин ҷо насб кард,ки шакли дурусти онҳо дар нусхаҳои қаламӣ маҳфуз аст ва ислоҳашон дар нашрҳои минбаъдаи девони Сайидо айни савоб хоҳад буд:

Чунончи:

Метапад дар хун зи рашки хомаи ман муддаӣ,

Хасм бисмилгаштаи шамшери чӯбини(?) ман аст (7.109)

Дурусташ:

Метапад дар хун зи рашки хомаи ман муддаӣ,

Хасм бисмилгаштаи шамшери хунини ман аст.

Ё байти дигар:

Золимон аз бекасӣ вайронаамро сӯхтанд,

Мурғам(?), аз бехонумонӣ ошёнам оташ аст (7.105)

Дурусташ:

Золимон аз бекасӣ вайронаамро сӯхтанд,

Ҷуғдам, аз бехонумонӣ ошёнам оташ аст (7.105).

Байти дигар:

Рӯзиям ҳар рӯз дашном аз даҳони танги туст,

Рӯзу шаб ҳамчун тарозу(?) чашми ман бар санги туст (7.103). 

Дурусташ:

Рӯзиям ҳар рӯз дашном аз даҳони танги туст,

Рӯзу шаб ҳамчун суроҳӣ чашми ман бар санги туст.

Байт:

Дидам туро ба ғайру гирифти каноре(?)

Яъне ки рӯз сарв ба кунҷе нишастанист(?) (7.97).

Дурусташ:

Дидам туро ба ғайру гирифтӣ канорае,

Яъне ки рӯзи сард ба кунҷе нишастанист.

Байти дигар:

Нозу итоб ҷавҳари шамшери дилбар аст,

Теғе(?) ки тундхӯ набувад,теғи оҳан аст (7.94).

Дурусташ:

Нозу итоб ҷавҳари шамшери дилбар аст,

Шӯхе, ки тундхӯ набувад, теғи оҳан аст.

   Мусаллам аст, ки нусхаҳои хаттии куллиёти Сайидо дар марказҳои илмии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Русия бисёр аст ва таҳияву чопи ҷадиди осори шоир дар асоси муқоисаву муқобалаи илмии нусхаҳои хаттӣ айни матлаб хоҳад буд. Зеро куллиёти мукаммал ва холӣ аз халали шоир дар шинохти шахсият,рӯзгору осор ва ҳунари Сайидо арзиши баланди илмиро молик мебошад.

      Сарчашма ва адабиёт

  1. Муҳаммадбадеъ ибни Муҳаммадшариф Малеҳои Самарқандӣ. Тазкираи Музакир-ул-асҳоб”, бо эҳтимоми Камолиддин Садриддинзода Айнӣ, Душанбе.Пайванд,1385. 689 саҳ.
  2. Садриддин Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик.Душанбе 2010. 419 саҳ.
  3. Сайидои Насафӣ. Куллиёти осор. Бо муқаддима ва тасҳеҳи Ҷобулқо Додалишоев . Душанбе: Дониш, 1991.
  4. Сайидои Насафӣ. Девони мунтахаб. Бо эҳтимоми Абдулғанӣ Мирзоев. Нашриёти давлатии Тоҷикистон, Сталинобод, 1947.
  5. Сайидои Насафӣ.Мунтахаби осор. Бо кӯшиши Ҷамшед Шанбезода, Душанбе, “Ирфон”,1977
  6. Сайидои Насафӣ. Машъали нури таҷалло., Мураттиб Гурез Сафаров. Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2009. -172с.
  7. Сайидои Насафӣ. Девон.Аз силсилаи “Ахтарони адаб”. Бо кӯшиши  Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. Душанбе: Адиб. 2017.

 

Саидумрон Саидов  н.и.ф., дотсенти

 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Хондан 2086 маротиба