JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

         Дӯсту рӯшангари ҷавони мо, Зоҳиршоҳи гиромӣ!

    Ошноӣ бо Шумо саҳифаи тозаи зиндагии моро рақам задааст. Аз ҳама муҳим, қатъи назар аз синнусоли ҷавонӣ ва новобаста ба ҳузуру нуфузи чашмгири хурофагароёну мутаассибону хушкандешони динию дунявӣ, ҷасоратмандона ва ҳадафмандона алайҳи нодонию ҷаҳолати саросарӣ қад алам намуда, аз ҳувият, арзишҳо, мерос, фарҳанг ва манофеи миллӣ дифоъ мекунед. Агар соири ҳамнаслону ҳамсолонатон, ба истилоҳ, дар фикри кӯр кардани рӯз бошанд, Шумо ҳамвора дар андешаи боло бурдани сатҳи ҳувиятию миллӣ, коҳиш додани хавфу хатароти хушкандешӣ ва аз хурофоту ҷаҳолат вораҳонидани насли наврасу ҷавони ҷомеа ҳастед. Ин аст, ки самту сӯйи ҳаракати фикрию маънавии мутафовити Шумо сазовори таҳсину офарин аст.

Чоршанбе, 03 Январи 2024 08:09

Турсунзода ва пайравони мактаби ӯ

  Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, донишманди тоҷик Ҳафиз Раҳмон иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Турсунзода ва пайравони мактаби ӯ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

   Мусалламан, рӯшангарӣ (просветительство), ки бедории фикрии башарро рақам зада, ҷомеаи инсониро ба сатҳи баланди таҳаввулоту пешравию тараққиёт расонидааст, аз зеҳни пурсишгари инсон буруз кардааст. Бинобар ин, пурсишгарӣ (шакку тардидварзӣ ва нигоҳи интиқодӣ ба масоилу мушкилоти мавҷуда) ба сифати масъулияти фардию ҷамъӣ оғози кори рӯшангарӣ будааст ва ҳар кӣ ба арсаи рӯшангарӣ по мегузорад, дар ибтидо масъулият ва рисолати пурсишгариро иҷро менамояд. Бад-ин тартиб, фарди пурсишгар дар натиҷаи таккон додани зеҳн ва ба истилоҳ, даргир сохтани тафаккур мароҳили фикриро тай намуда, тадриҷан ковишу ҷустуҷӯҳо ва суолу пурсишҳоро зиёдтар намуда, сатҳи маърифатию ҳунари ковишгариаш зина ба зина ва марҳила ба марҳила болотар меравад ва билохира то ба мартабаи як шахсияти рӯшангари миллӣ рушд мекунад.

Панҷшанбе, 16 Ноябри 2023 11:38

Марде фарҳангӣ дар ҷодаи муаллимӣ

(чанд андеша дар ҳошияи даргузашти як тан аз муаллимону фарҳангиёни варзидаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон акаи Одинабеки Қаландар)

  Ҳар гоҳ ки муаллиме варзида ва номвар аз олам чашм мепӯшад, ояндаи норавшани низоми маорифи ватанӣ ва вазъи ногувору буҳронии ҳайати муаллимон, ки новобаста ба мушкилоту уқдаҳои давру замон ҳамоно дар сафи мубориза алайҳи нодониву ҷаҳолат қарор доранд, пеши назар меояд. Воқеан, дар ҳоле ки хурофоту таассуби мазҳабӣ дар ҷомеа ташаннуҷ пайдо карда, насли наврасу ҷавон ба таври худогоҳу нохудогоҳ ба гирдоби худбохтагию беҳувиятӣ кашида мешавад, вазъи фикрию маърифатиро хуб қаламдод кардан дуруст нест. Махсусан, вазъи буҳронии омӯзишу парвариш, заъфи донишу маърифати муҳассилини муассисоти  таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ва ба муқтазиёти замонӣ ва шароити нави соҳибистиқлолӣ ҷавобгӯ набудани барномарезиҳои соҳавӣ боиси ҳузуру нуфузи чашмгири мафкураи бегона ва хурофадовариҳои  хушкандешони мазҳабӣ дар ҷомеа гардидааст.