Дар шароити пуртазоди геосиёсии муосир сатҳи ташаккули шуури миллӣ омили аслии ҳифзи бақову рушди миллатҳо ва таъйини ҷойгоҳи онҳо дар арсаи байналмилалӣ аст. Барои рушди давлат ва қудратманд кардани он шинохти дурусти заминаҳои ташаккули миллат, шакли ҷаҳонбинии он ва коркарду корбурди роҳкорҳои зеҳниятсозии миллӣ хеле муҳим ва зарур мебошанд. Мафҳуми миллат дар ҳавзаҳои илмӣ, аз ҷумла ҳавзаҳои илмии Ғарб аз диди фарогирӣ ҳадди ақал ду тарзи ташреҳ дорад: 1) миллат ҳамчун мафҳуми этнофарҳангӣ дар назар гирифта мешавад, яъне миллат гуфта гурӯҳи иҷтимоиеро дар назар мегиранд, ки он этногенез, хостгоҳи генетикӣ, ҷуғрофиёи зист, забон, фарҳанг, таърих, ғояҳову ормонҳо, ҳувийяти ягона дорад.…