JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ба таври куллӣ метавон гуфт, ки раванди ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди улуми ақлиро дар ҷаҳони ислом бидуни мушорикати фаъолу созандаи тоҷикон ва куллан мардуми эронитабор наметавон тасаввур кард. Аъроб таъсири маънавии марудуми эронитаборро ҳануз дар замони Ҳахоманишиён ва сипас ба таври густурдатар дар даврони Сосониён эҳсос намуда буданд. Масалан, Фарҳангистони маъруфи Гунди Шопур - маркази зеҳнии Империяи Сосонӣ, ки дар он омӯзишу таълим дар бахшҳои тиб, фалсафа, илоҳиёт ва тамоми дигар илмҳои замон ба роҳ монда шуда, дар даврони ҳукумати Хусрави I Анушервон (531-579) ба авҷи аълои шукуфоии хеш расида буд, дар ривоҷу равнақи минбаъдаи илм дар минтақа ва…
Бо устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ҳамкорӣ намудан, бемуҳобот, як мактаби бузурги омӯзиши арзишҳои инсонию инсондӯстӣ буд. Эшон дар ҳимояи рисолаи номзадии банда ба сифати муқарризи расмӣ ҳузур доштанд ва ҳамзамон, дар кори рисолаи номзадӣ аз устод ва фазилатҳои илмию инсониашон баҳравар гардидаам. Рисолае, ки ман анҷом додам, ба он дараҷае, ки мехостам, омода нагардид. Мо як гурӯҳ навроҳону навқаламон аз курсии донишҷӯиӣ ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба кор омада, ба вазъи нооромию носуботи ҷомеаи солҳои 90-ум рӯ ба рӯ шуда, бо вуҷуди мушкилоту саргардониҳо ба навиштани рисолаи илмӣ оғоз намудем.
(Ба ифтихори 30-юмин солгарди Конститутсияи миллӣ) Расидан ба марҳилаи Истиқлоли сиёсию давлатӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон онро ба унвони ҳадяи сарнавишти миллӣ ва давлатӣ пазируфтааст, зиндагии ҷомеаи навини тоҷикро тағйир дода, роҳи пешрафту тараққиро аз ҳар ҷиҳат ҳамвор сохтааст. Мусаллам аст, ки тайи таърихи башарӣ ҷомеа, мардум ва кишварҳои зиёди ҷаҳонӣ сари исми Истиқлолияти давлатӣ савганди садоқат ба ҷо оварда, дар ин масири саодатбахш ва рӯҳафзо умрфарсоӣ ва фидокорӣ кардаанд. Истиқлоли давлатӣ ба унвони ормони таърихӣ, сиёсӣ ва миллӣ сарнавишти миллатро дар замон ва макони мушаххаси таърихӣ рақам зада, ҷомеаро ба сӯйи рушду инкишоф ҳидоят менамояд. Маҳз марҳилаи истиқлоли давлатӣ…
Панҷшанбе, 24 Октябри 2024 08:19

Синергия-неруафзоӣ ва мероси фарҳангӣ

Муаллиф:
(Бардоштҳои муқаддимотӣ) Дар ибтидо, сари мафҳум ва истилоҳи “синергия” мухтасаран таваққуф мекунем, то ин ки баҳс рӯшан шавад. Истилоҳи “синергия” (“synergeia”) аз вожаи юнонӣ баргирифта шуда, маънои ҳамафзоӣ, ҳамнерузоиро дорад. Дар маҷмуъ, таҳти мафҳуми “синергия” кумаку ёрию мададгории ҳамдигар ва ҳамкорӣ ба хотири боло бурдани сатҳи натиҷагириҳо дар ҳамаи соҳаҳо фаҳмида мешавад. Мусалламан, ҳамафзоӣ ва ба истилоҳ, синергия дар доираи илмҳои гуногун мавриди мутолеа қарор гирифтааст. Аз ҷумла, дар соҳаи фарҳанг ва омӯзиши мероси фарҳангӣ синергия ҳамчун унсури ҳамафзоию нерубахшии ҳамагонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, маънои истифодаи нерую энержии гурӯҳҳо ба хотири афзудани натиҷаи кору умур дар самти натиҷагирии заруриро…
Чоршанбе, 23 Октябри 2024 13:42

BRICS ва ҷаҳони муосир

Муаллиф:
Дар ин рӯзҳо, яъне 22-24 октябр, дар пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия шаҳри Қазон ҳамоиши бузург, бо ҳузури намояндагони боломақоми кишварҳои аъзои BRICS (Brazil, Russia, India, China, South Africa) ва чандин кишвари дигар, баргузор шуда истодааст. Дар маҷмуъ, раҳбарони 36 кишвари ҷаҳон дар ҳамоиши мазкур ширкат менамоянд. Ин аввалин форуми сатҳи баланди ин созмон баъди васеъшавӣ мебошад, ки соли ҷорӣ 5 кишвари дигар ба он пайваст шуданд. Ин кишварҳо Эрон, Миср, Эфиопия, Амороти Мутаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ мебошанд. Кишвари Озарбойҷон низ барои пайвастан ба он дархости худро ирсол намудааст. Ин ҳамоиш бо ҷалб кардани кишварҳои зиёд диққати коршиносон ва…