JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 24 Декабри 2018 07:43

Истиқлоли ҷавон ва баъзе ниёзу заруратҳои адабии он

Муаллиф:

   Тоҷикистони ҷавон ва мардуми куҳансоли он аз ворисони фарҳангу тамаддуни шукӯҳманди бостонӣ ва бахши як миллати мутамаддину некноми дунёи қадим мебошанд, ки ватани онҳо сарзаминҳои паҳновари як хиттаи бузурги оламро фаро мегирифт.

Дар тӯли умри дарози таърихӣ ва фарҳангии хеш ин мардум бо сарнавишту саргузашти ноҳамвор ва замонаҳое тираву фоҷеабор ҳамбастагии таърихӣ, ягонагии фарҳангиву маънавӣ ва шукӯҳу азамати фарҳангу тамаддуни худро нигоҳ дошта меояд.

Мо ба ин ҳақиқат хӯ гирифтаем ва ифтихор мекунем, ки аҷдодони мо офарандагони асосии яке аз зеботарин шеъру адаби дунё мебошанд, то ҷое ки ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон дар бисёр маврид моро тавассути ҳамин адабиёт ва фарзандони номдори он мешиносад. Ин адабиёт ҳамон оинаи тамомнамоест, ки халқҳои дигар дар он чеҳраи фарҳангӣ ва сирату сурати маънавии моро, бидуни ороишҳои дурӯғин, ошкору равшан мебинанд ва дархоҳанд ёфт, ки ниёкони хушному хушкори мо дар тӯли таърихи дуру дарози зиндагии хеш чи нақши фарҳангие дар минтақа бозиданд, чи доду гирифте бо ҳамсоягон доштанд, ба онҳо чи доданд, аз онҳо чи гирифтанд ва монанди он, ки барои шинохти миллати мо бисёр арзишманд аст.

Шояд муболиға ва ё худписандӣ набошад, агар гӯем, ки сиришти миллӣ, маънавӣ ва сохтори фикрии мардуми мо чунон нарму латиф ва хаёлангезу бадеӣ бофта шудааст, ки ҳеҷ ангезаву эҳсосоти дигари отифӣ дар рўҳи ӯ ба андозаи шеър нуфузу таъсир надорад, яъне: “њар кї дорад майли дидан, дар сухан бинад маро”(Зебуннисо).

Ин гуна суханпарастӣ ва қадру камоли он бисёр сухансанҷону фарҳангшиносонро ба шигифт оварда ва онҳо дар ҳайратанд, ки ин чи миллатест, ки фарзандони вай аз сухан муъҷиза сохтаанд?

Аммо бар асари рӯйдодҳои таърихӣ-сиёсии ду се қарни охир (Х1Х-ХХ) ҳавзаи нуфузи ин адабиёт коҳиш ёфтааст.

Имрӯзҳо, тавре мебинем, дар ин қаламрави васеъ чандин давлатҳои хурду калони мустақил ташкил шуда ва тоҷикон дар ҳамон сарзаминҳои таърихии худ, акнун давлатҳои мустақили навҷавону миёнаумр бо ҳамватанони хеш дӯстона зиндагӣ карда истодаанд.

Шеъру адаби тоҷикӣ бошад, дар ин кишварҳо вобаста ба мақоми сиёсӣ иҷтимоии он ва шароиту авзои муҳит, имконоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсати фарҳангии он мамлакатҳо ҷое сарвати миллӣ ва дар авҷи тараққӣ ва ҷое камфурӯғтару хиратар равон аст.

Дар Тоҷикистон бошад ин адабиёт аз ибтидои таъсиси ин ҷумҳурӣ ба ҳайси адабиёти миллӣ ва расмии мамлакат дар тараққӣ буда ва аз эҳтироми хосу ом бархӯрдор аст.

Дар хусуси вазъи кунунии адабиёти тоҷик, махсусан давраи истиқлол, ин қалам бо тавони андаки хеш дохили баҳсу доварӣ дар ин фан нашуда, ин қадар гуфта метавонем, ки ин фасли нави китоби куҳан, бо васфи заминаҳои тираву ноҳамвори солҳои аввали ташаккул аз нигоҳи вусъати мазмуну мундариҷа, сабку шеваҳои адабӣ, арзиши ҳунарӣ, зуҳури истеъдодҳо ва осори зебо яке аз фаслҳои дурахшон ва пурбори адабиёти мо мебошад.

Аммо ҷойи ташвишу нигаронист, ки асри нав барои кишварҳои ҳавзаи адабии мо хатароту таҳдидҳои нави сиёсӣ ва фарҳангӣ пеш оварда, ба қавли шоир “дидам, ки ҳанўзам рамазон дар пеш аст”.

Инқилоботи “рангоранг” ва ҷангҳои эълоншуда ва эълоннашуда авҷи ҳаракатҳои ифротгариву террористӣ, ки аз оғози ин аср дар Шарқи Наздик ҷараён дорад, оромиши сиёсии минтақаро барҳам зада, ҷони одамони бешумор, ҳаёти давлатҳо ва бисёр мероси таърихӣ ва фарҳангии миллатҳоро алакай фурӯ бардааст ва ғайра.

Аз сӯйи дигар таҳаввулоти бунёдии сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигаргуниҳои амиқе, ки дар сохтор ва таркиби иҷтимоии ҷомеаи мо пас аз Истиқлол падид омад, бисёр масъалаҳои тозаи ғурурангез ва баъзе масъалаҳои нохоҳу нохондаро ба майдони адабиёт бароварда, вазифа ва ниёзу заруратҳои адабии наверо дар назди соҳибони он қарор додааст. Намунаҳои андаки такмилталаби зерин, ба андешаи мо, аз ҷумлаи онҳо мебошанд:

  1. Дар навбати аввал ҷомеаи фарҳангӣ ва мардуми рўшноипарасти мо ҳама бо ҳам ҳаракат кунем, то шукӯҳу шуҳрати анъанавии ин шиносномаи бадеии халқи худро ҳамчунон сарбаланду муҳтарам нигаҳ дорем.
  2. Сухансароёни пешсафу қонунгузори мо, ки намояндагони сабку шеваҳои суннатӣ ва худиву ибтикорӣ мебошанд, бино ба рўҳи навпарасти адабиёт ва урфи маъмули суханварони мубтакир, шеъри замони худро коргару фаъолтар, ростгӯю ростбинтар, хушбину рӯҳафзо ва кунҷукову беқарор мисли замони нав созанд. Албатта мо хуб огоҳ ҳастем, ки аз дур маслиҳат додан осонтар аз роҳи наздик нишон додан аст ва он ҳам дар мавриди шеъри мо, ки бузургонаш онро “ба осмонҳо бурда, нордбон бардоштаанд”. Аммо сарфи назар аз душвориҳои бисёри ҳунарӣ адабиёти мо ва ҳамзабонон комёбиҳои зиёд ва мисолҳои равшане дар боби навовариҳои солим дорад. Бар ин асос яқин дорем, ки модари тоҷик аз мардони хушсухан зоидан ва фарзандони он аз шунидани суханони нағз бознамондааст.
  3. Азбаски адабиёт ҳунари дастаҷамъӣ набуда, маҳсули тафаккуру андеша ва таровиши ҳунари ашхоси баргузида мебошад, шоирони ростин, ин қофиласолорони корвони хаёлу андешаи замони худро бишиносем, эҳтиром ва ташвиқу тақдир кунем. Ва агар ниҳоли умедбахше дар ин боғи пуршукуфа қад кашид, устодони сухан онро ба расми дерин обёрӣ ва тарбияву парвариш кунанд.
  4. Таърихи гузашта ва ҳолати кунунии шеъру адаби худро мутолиа ва таҳқиқу таҳлил кунем ва чун шеъри моро таърихи манзуми халқ низ мегӯянд, аз фаслҳои дурахшон ва хазони он барои корбурди амалӣ сабақ биомӯзем, то дар интихоби роҳи ояндаи њаракати адабии хеш комёбу муваффақ бошем. Вале ин омӯзишҳо ва дарсу сабақҳо огоҳона ва тавре эҷодкорона бошад, ки навқаламони ҳассосу камтаҷриба таҳти нуфузу азамати шеъри гузашта, ки ин тавоноиро ҳарчи хоҳӣ дорад, қарор нагиранд ва дар як гӯшаи танги ин кохи пурҳашамати меросӣ ҷойгир шуда, машғули рӯбучин ва таъмиру рангмолии он нагарданд. Баръакс бо истифода аз таҷрибаву бозёфтҳо навовариҳои шоирони насли пешин ва замони худ ва албатта ҳамзабонон, навпарасту навҷӯ бошанд ва аз масолеҳи асри нав нақшаҳо ва тасвирҳои тозае бар он кохи баланд биафзоянд. Ин тасвирҳои нав бояд баёне бошанд аз воқеиятҳои зиндагии нав, фикру андешаҳои инсони муосир аз пешрафту тараққиёти кишвар, аз ғаму шодӣ, комёбиҳо ва нокомиҳо ва орзуву ормони мардум, ки дар зиндагии инсон ҳамеша дарҳаму пайиҳаманд.

Агар чунин набошанд, яъне ҳақиқате аз зиндагӣ нуҳуфта дар худ надошта бошанд, он афзудаҳо, бо ҳама ороишҳои отифӣ, эҳсосоту таҳайюлоти баланду рангин дар зеботарин ва навтарин қолаб дилеро таскин ва рўҳеро навозиш нахоњад кард.

  1. Илова бар ин, шеъри муосири мо тайи садсолаи ахир бисёр таҳаввулу такомул пазируфта, имрӯз дунёест пур аз лаззатҳои баргузидаи отифӣ ва воқеӣ, ки ишқу ошиқиҳои иқтибосӣ, дарду ранҷҳои такрорӣ, дурӯғу муболиғаҳои бепоя, тамаъварзию инъомталабӣ ва монанди онро нағз намебинад ва рўҳи осмонпаймои хонандаи огоҳ ва таҳсилкардаи имрӯзи мо ҳам дигар ин гуна суханонро намепазирад ва фирефтаи онҳо намешавад, “сухани нав” ва “ҳаловати дигар” мехоҳад. Ба қавли Мавлонои бузург:

          Навбати куҳнафурӯшон даргузашт,

          Навфурӯшонему ин бозори мост.

  1. Мавзӯи дигаре, ки барои адабиёти мо аҳамияти амалӣ дорад, он аст, ки бо вуҷуди коҳиши ҷуғрофиёи он ки андаку фишурда дар боло гуфта шуд, ин шеъру адаб дар минтақа ҳанӯз ҳам бозори гарми серхаридор дорад. Бино ба тахминҳо, хеле бештар аз сад миллион одамони рӯйи замин бо мо ҳамзабонанд ва ё забону адабиёти моро мехонанд ва медонанд. Ба дарки ин масъулият адабиёти мо бояд ба ин бозор колои ба истилоҳ “рақобатпазир” пешниҳод намояд. Хушбахтона дар ганҷинаи адабиёти мо чунин колои нафисаи бозоргир бисёр ҷамъ омадааст.

Ин сарвату дороӣ ташвиқ мекунад, ки мо ба ин бозори гузидапазири пурмуштарӣ ба ҷуръат дохил шавем, маҳсулоти тару тозаи адабии худро муаррифӣ намоем, дар бораи адабиёти ҷавони худ кушодатар сухан гӯем ва дар дунёи паҳновари тоҷикон қадам бебоктар ниҳем, ки мо дар ин куҳандиёр аз соҳибхонаҳоем.

  1. Назар ба мавқеи истисноии сиёсии ватани мо, яъне ягона давлату мамлакати соҳибистиқлоли ба номи тоҷикон дар дунёи муосир ва дарки масъулияти адабии бархоста аз он, ҳамкорӣ ва робитаҳои фарҳангиву адабии худро бо тоҷикони кишварҳои гуногун, махсусан марказҳои илмӣ ва фарҳангии онон вусъату густариши бештар бахшем, зеро: а) дар иттиҳод ва ҳамбастагиву ҳамкорӣ мо фарҳангу тамаддуни худро аз хатарҳо хубтару муваффақтар муҳофизат карда метавонем; б) илму дониш ва фарҳанг ҳамеша мухолифи ҷаҳолату хурофот ва ҷангу ифротгароӣ мебошанд; в) чунин робитаҳои фарҳангӣ дар байни ҳама миллатҳои тақсимшуда мавҷуд аст ва он халале ба истиқлолияти ҳеҷ мамлакат намерасонад. Баръакс фазои нарми фарҳангӣ ҳамеша майдони сулҳу дӯстӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ дар байни он кишварҳо будааст; г) ва дар ниҳоят фарҳангу тамаддун, аз ҷумла шеъру адаби муштараки мо он қадар бузургу пурбор аст, ки талоши соҳибӣ кардани он аз тарафи яке аз ворисони муосираш ва ё кӯшиши кашидани бори ин ганҷи бекарон ба танҳоӣ хаёли хому фикри ботил аст.
  2. Тоҷикон ва ҳамзабонони дуру наздики худро аз нав бишиносем, таърихи наву навтарини онҳоро аз дидгоҳи нав, аз нуқтаи назари заруратҳои миллӣ ва фарҳангии имрӯзаи хеш биомӯзем ва бо онҳо робитаҳои неки сиёсӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор дошта бошем.

Зимнан бояд хотирнишон кард, ки агар мо дар 80-90 соли гузашта корҳои арзишманде дар шинохти адабиёти муосири кишварҳои ҳамзабон дошта будем, вале мутаассифона дар мавриди омӯзиши шеъру адаби тоҷикони наздиктарин, яъне Мовароуннаҳри хеш - љумҳуриҳои Осиёи Миёна ки миллати ягона ҳастем, таърихи фарҳангу тамаддуни худро бо ҳам оғоз карда ва дар як киштии таърихӣ-фарҳангӣ равон гаштем, кори назаррасе тақрибан сурат нагирифтааст. Бинобар ин бояд осори адибони тоҷики ин мамлакатҳоро чоп ва нақду баррасӣ карда, ба хонандагони Тоҷикистон муаррифӣ намоем то он ки ҳам ҳамкории адабӣ бошад ва ҳам мояи ташвиқу рўҳбаландии онҳо гардад.

  1. Ҳамчунин бояд дар назар дошт, ки тоҷикон асрҳо боз дар кишварҳои хурду бузурги минтақа, дар шароити иҷтимоиву иқтисодӣ ва муҳити фарҳангии гуногун ва ҳатто низомҳои сиёсии мухталиф зиндагӣ карда, роҳҳои ноҳамгуни таърихиро паймудаанд. Вобаста ба ин дар шеъру адаби онон, махсусан аз оғози садаи ХХ ба ин тараф, таҳаввулоту дигаргуниҳои зиёде рух додааст. Мактабҳои нави адабӣ, сабку шеваҳои бесобиқа падид омаданд ва суханварони барҷаста, ба истилоҳ “классикони ҷадид” зуҳур карда, осори гаронқадре ба адабиёти кишварҳои замони худ афзудаанд.

Бинобар ин таърихи адабӣ ва ин девони наву рангоранги шеъри тоҷикони ин кишварҳо бояд таҳлилу таҳқиқ шавад, намояндагони барҷаста ва намунаҳои шеъри онҳо муаррифӣ ва пешкаши хонандагони тоҷик гардад, то он ки алоқамандон ва роҳиёни ҷавони шеъри мо аз дастоварду бозёфтҳои адабии онон низ баҳра бардоранд. Чунин доду гирифтҳои фикрӣ ва ё таъсирпазирӣ дар таърихи адабиёти мо ҳамеша вуҷуд доштааст. Сухансароёни гузаштаи мо аз ҳар шаҳру деҳоти ин ҳавзаи адабӣ, ки барнахоста бошанд, барои ҳама мардуми тоҷик яксон азизу муҳтарам буданд ва бино ба расми маъмули ин адабиёт, онҳо аз ашъори якдигар илҳом гирифта, ҳамдигарро тақлиду пайравӣ мекарданд, ки ин ҳам як навъ эҳтирому ихлос буд ва гоҳе ҳам майдони қувваозмоӣ.

Ин огаҳиҳо боиси тарбияи завқи зебоишиносии ҷавонон, манбаи илҳом, сайқали маҳорати ҳунарӣ, сабқату мусобиқа, ва кӯшишҳои баробарихоҳиҳову бартариҷӯӣ дар байни шоирони ҷавон гардида, дар маҷмӯъ боиси инкишоф ва навҷӯиву навоварӣ дар адабиёти мо хоҳад шуд.

Аз ҷониби дигар, танҳо дар сурати ҷамъ омадани чунин маводу маълумот ва шинохти амиқтар, муқоисаву муқобилаи ашъори суханварони барҷаста, кашфи бозёфтҳои онҳо хулосаи пажӯҳишгарон ва пазириши хонандагон пайкараи умумӣ ва чеҳраи воқеии шеъри даврони нави тоҷикӣ, вазъи кунунӣ, вижагиҳо ва пасту баланди он равшантар намоён хоҳад шуд.

  1. Дар маҷмӯъ, ҳаракат кунем дар Тољикистони соњибистиќлоли муосир чароғи шеъру адаби тоҷикиро, ки дар гузаштаҳо барои ҳамаи миллатҳои бародар яксон рўшноии фарҳангӣ бахшида, манбаи илҳоми ягонаи суханварони ин диёр будааст, фурӯзонтар созем ва дар ниҳоят, бикӯшем ҳампойи пешрафтҳои умедбахши иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар юошем ва ба иқтидори фарҳангии он низ афзуда, Тоҷикистони азизро ба яке аз пойгоҳҳои муҳимми инкишофу пешрафти шеъру адаби тоҷикӣ ва марказҳои муҳимми таҳқиқу баррасии фарҳангу тамаддуни хеш табдил диҳем. Ин ҳодиса низ дар таърихи забону адабиёти мо кори бесобиқа нест. Бисёр итифоқ афтодааст, ки ҳар гоҳ гирдбоду тӯфонҳои сиёҳи таърих бар сари яке аз ноҳияҳои интишори ин шеъру адаб соя афканда, онро хазону берамаќ созад, ниҳолҳои тозатаре аз решаҳои қадимии он дар минтақаи дигар қад кашида ва ҳатто аз гузаштаҳо шукуфонтару борвартар шудааст.

Ғиёсиддин Қодиров

Хондан 1272 маротиба