JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 09 Октябри 2018 04:59

Заминаҳои асосии таҳаввули забони тоҷикӣ

Муаллиф:

  Таърихи инсоният собит намудааст, ки забон на фақат ифодагари арзишҳои маънавӣ, балки василаи ба вуҷуд омадани худшиносии миллӣ ва ҷунбишҳои озодихоҳӣ низ будааст. Дар охири асри VIII баробари суст шудани хилофати араб аввалин омиле, ки мардумро ба худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ равона сохт, нуфуз ва эътибори забони форсии тоҷикӣ буд. Пешвоёни сулолаи Тоҳириён аввалин тадбирҳои сиёсии худро ба забони модарии худ ифода карда, фаъолияти забони арабиро дар тамоми соҳаҳо танг карда буданд. Ин гуна рӯҳияи худшиносиро Саффориён давом дода, Сомониён ба дараҷае расонданд, ки тӯли ҳазор сол истилогарони муғулу турк натавонистанд, эътибори забони тоҷикиро паст кунанд. Аҳамияти сиёсӣ пайдо кардани забон ба он оварда расонид, ки осори фарҳангии ин давра аз унсурҳои бегона хеле тоза шуда, дар услуби нигориши илмиву адабии суханварон дигаргуниҳои куллӣ рӯй дод. Дар ин бора забоншинос Н.Беҳбудӣ мушоҳидаҳои худро чунин қаламдод кардааст: «Забони адабии асрҳои IX-XII дар таърихи инкишофи забони адабиёти классикӣ аз нуқтаи назари асосҳои луғавӣ, грамматикӣ ва услубӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Дар услуби ин давра, яъне асрҳои IX-XII шеваи мураккабнависӣ хос набуд, агарчанде воситаҳои суханороӣ ва суханпардозӣ фаровон ба миён омада буданд. Осори манзумаи ин давра, махсусан, асарҳои мансур ба ин фикр шаҳодат медиҳанд».[1]

  Дар ҳақиқат дар ин давраи тақдирсоз қисмати забон аҳамияти сиёсӣ пайдо намуда, адибон ва таърихнигоронро вазифадор менамуд, ки забони адабиро ба забони омма наздик намояд. Забони арабии ҳукмрон натавонист, ғайр аз адабиётҳои динӣ дар дигар ҷабҳаҳои ҷомеа мавқеи муҳим пайдо кунад. Бинобар ин мардуми худшинос ва фарҳангпарвари тоҷик аз донишмандони замони худ талаб мекарданд, ки арзишҳои фарҳангию миллиро, ки ба забони арабӣ  эҷод шуда буд, ба форсӣ тарҷума намоянд. «Дар ин бора тарҷумони «Калила ва Димна» Абдулмаолии Насруллоҳ менависад, ки адади хонандагони китобҳои арабӣ «қосир гардид». Муҳаммадтақии Баҳор низ қайд мекунад, ки дар асри VI-и ҳиҷрӣ (XII) забони арабӣ «рӯ ба таназзул ниҳод».[2]

  Худи ҳамин фикрро тарҷумони «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ- Муҳаммад бинни Зафар-ал-Қубовӣ низ тасдиқ мекунад: «Ва бештари мардум ба хондани китоби арабӣ рағбат нанамоянд, дӯстон аз ман дархост карданд, ки: «ин китобро ба порсӣ тарҷума кун» фақир иҷобат карда, тарҷума кардам. Рӯҳияи баланди худшиносии мардум тақозо менамуд, ки ашъори устод Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ ва осори насрии «Таърихи Табарӣ», «Таърихи Сиистон», «Зайн-ул-ахбор»-и Гардизӣ, «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва «Донишнома»-и Ибни Сино ба забони тозаи тоҷикӣ таълиф шавад.

  Ҳамчунин дар замони Сомониён бо кӯшиши ками истифодаи калимоти арабӣ таълиф намудани  асарҳои илмӣ, бадеӣ, ки ба як анъанаи хеле наҷиб даромада буд, форсидонӣ ва форсигӯӣ низ мояи ифтихори ҳамагон маҳсуб мегардид. Ин маъниро муаллифи «Таърихи Бухоро» хеле хуб нигоштааст: «Аммо шарти мо андар ин китоб порсист, магар ҷое, ки андар монем ва порсӣ ёфт нашавад».[3]

  Чи хеле ки мебинем, агар масъалаи дар тамоми соҳаҳо ҷорӣ намудани забони тоҷикӣ ва бо услуби содаву оммафаҳм таълиф намудани тамоми осори илмию адабӣ дар асрҳои IX-XII аҳамияти сиёсӣ дошта бошад, пас дар давраҳои минбаъда, пас аз ҳуҷуми муғул то охири асри XIX, чи дар Мовароуннаҳр ва чи дар Эрон, аҳамияти миллӣ (умумихалқӣ) пайдо мекунад. Сабаби ин дар он аст, ки дар охирҳои асри XII дар Хуросон ва Мовароуннаҳр аксари мардум (алалхусус косибон, савдогарон ва ҳатто баъзе аз рӯҳониён) забони арабиро намедонистанд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки ба форсии оммафаҳм баргардониши осори фалсафию илмӣ аз забонҳои ҳиндӣ, арабӣ, юнонӣ хеле ривоҷ гирифт. Чунин ба назар мерасад, ки то миёнаҳои асри XIX забони тоҷикӣ  дар ҳамин гуна вазъияти мушкилбаёнӣ рӯ ба рӯ шуда буд, яъне забони адабӣ ба сабаби пурарабӣ ва мушкилбаёнӣ дар баъзе мавридҳо аз забони омма фарсахҳо дур монд.

  Ҳамин вазъияти мураккаб ислоҳоте мисли ибтидои асри IX-и баъдиисломиро тақозо менамуд. Шояд чунин вазъият дар охири асри XIХ  дар назди Аҳмади Дониш содакунии забонро ба миён гузошт. Носирҷон Маъсумӣ дар асари худ «Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии ҳозираи тоҷик» ин вазъиятро дар фаъолияти Аҳмади Дониш қисман хеле хуб баррасӣ намудааст: «Аҳмади Дониш, ҳамчун пешбарандаи фикру идеяҳои халқӣ-демократӣ дар охири асри XIX, бар зидди тақлидкориҳои формалистона ва услуби суханпардозии бемаънию зиёдатӣ муборизаи ҷиддӣ эълон карда, як қадар соданависиро пеш гирифта буд. Нисбатан сода будани забони насри вай хусусан дар тасвири бадеии лавҳаҳои зиндагӣ ва дар ҳаҷву танқиди ӯ дида мешавад. Усули суханпардозии зиёдатӣ ва сунъӣ дар забони Аҳмади Дониш мавҷуд нест. Бо вуҷуди ин ба забони Аҳмади Дониш ҳамчун ба манзараи ба таври ҷиддӣ тағйирёфтаи забон ва услуби адабӣ нигоҳ кардан мумкин нест. Таркиби луғавии забони ӯ бо калимаҳои ӯзбекӣ, русӣ ва калимаю ибораҳои зиндаи тоҷикӣ пурратар шуда бошад ҳам, дар истеъмоли калимаҳои номафҳуми арабӣ ва элементҳои кӯҳнашудаи забон аз нормаи луғавии забони адабӣ ва забони адабиёти классикӣ асосан берун набаромадааст».[4]

  Ин анъана дар ибтидои асри XIX аҳамияти бештаре пайдо намуда, масъалаи зарурати ислоҳи забони адабӣ чун дар замони Сомониён ба миён омад. Солҳои 20-30-юм аз чанд ҷиҳат ба асрҳои IX-XII монандӣ дошт. Аввалан, тоҷикон баъд аз 1000 сол аввалин бор давлате таъсис доданд ва заминаҳои воқеии устуворшавии ин давлат ба вуҷуд омад. Ба андешаи мо заминаи аввалине, ки давлати навтаъсиси тоҷиконро устувор месохт, тавассути забони адабии оммафаҳм саводнок кардани мардум буд. Агар амиқтар ба вазъияти бавуҷудоии давлати Сомониён дар охири асри IX ва ба шароити дар солҳои 20-уми асри XX таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон назар андӯзем, хоҳем дарёфт, ки маҳаки асосӣ дар ҳар ду давраи номбурда забон буда, тамоми дастовардҳои маънавӣ вобастаи забон арзёбӣ мешуданд. Дар ибтидои асри IX масъалаи забони адабӣ ва баланд бардоштани савияи дониши мардумро худи вазъияти ба амаломада тақозо менамуд. Солҳои 20-30-юми асри XX бошад, ҳама гуна ислоҳоти забони адабӣ ва ивазшавии алифборо сиёсати замон ба мақсади ҷудо намудани тоҷикон аз гузаштаи фарҳангӣ ба роҳ монда буд. Бе ягон тардид метавон қайд кард, ки ивазшавии алифбо дар солҳои 20-30-юм агарчи ба мақсади ба истилоҳ «саводнок кардани мардум» ба амал омада бошад, вале зиёиёне, ки аз саводи куҳна бохабар буданд, баробари омма якбора бесавод шуданд. Ин тадбир дар солҳои 20-30 тамоми мардумро аз фарҳангу адаби гузашта ҷудо намуда, донишманду деҳқонро дар як сатҳ гузошт. Сабаби ин ҳолат он буд, ки ислоҳот на дар забони адабии китобӣ, балки дар забони гуфтугӯӣ қарор гирифт. Ин вазъиятро устод М.Шакурӣ хеле хуб дарёфтааст: «Даҳаи 20-30 асри XX давраи инкори ҳастии таърихии инсон буд ва даъво доштанд, ки таърих аз даврони сотсиолизм оғоз меёбад ва ҳар чи пеш аз ин буд, таърих набуд. Нестангорӣ (ниҳилизм)-и русӣ, ки таърихе дорад ва дар садаи нуздаҳ дар румони Тургенев «Падарон ва фарзандон» тасвир шудааст, дар садаи XX аз рӯҳияи инқилоби тавоноии бештар пайдо кард. Сарманшаи маънавиятситезӣ аз ҷумла бединии ҷангҷӯӣ аз ҳамон нестгароии таърихӣ буд. Нестигароии фарҳангӣ дар сиёсати ҳизби коммунистӣ ва давлати шӯравӣ нуфузи комил ёфт ва саросари қаламрав ва импиротурии шӯравиро фаро гирифт. Аз эҳтимол дур нест, ки дар он ақидаи ховаршиносони рус, ки мегуфтанд тоҷикон забони адабӣ (меъёр) надоранд, аз ҳамин сиёсат ғизо гирифта бошад ва онҳо ба маҳзи ин ки хилофи сиёсат нараванд, чунин ақидае пеш ниҳода буданд».[5] Чи хеле ки мебинем, инқилоб ба арзишҳои гузаштаи мо беэътиноёна баҳогузорӣ мекунад ва кӯшише ба мушоҳида мерасад, ки забону адабиёти пурғанои классикиро нодида мегирифт. Чунин сиёсати нодуруст нисбати мероси гузашта ба худшиносии миллӣ ва рушди арзишҳои маънавӣ зарари калон овард.

  Бо вуҷуди ин зиёиён маҷбур буданд, ки мувофиқи сиёсати онрӯзаи ҳукумати Шӯравӣ нисбати интихоби забони адабӣ ва қабули алифбои лотинӣ мавқеи худро муайян созанд. Шояд баҳсе, ки дар солҳои 20-30 байни адибон оид ба масъалаи забони адабӣ ва алифбои лотинӣ давом кард, мардумро рӯҳан ва зӯран ба ин сиёсат мутобиқ сохт. Забони матбуот, ки ифодагари забони адабии ҳамон рӯз буд, мувофиқи дастури ҳизби ҳоким назокати классикии худро аз даст дода, бо баҳонаи ба забони омма наздик кардан ба як гуфтори берӯҳ табдил ёфт. Забонро аз саҳифоти китоб барканда ба кӯчаву бозор партофтанд.

  Бо вуҷуди ин аз ҷониби муҳаққиқон масъалаи «сохтан»-и забони адабӣ бо шартҳои муайян пешниҳод мешуд. Муҳаққиқи рус Бертелс барои ба вуҷуд овардани забони адабӣ якчанд шартҳо ба миён мегузорад, ки яке аз ин шартҳо ба вуҷуд овардани забон ва адабиёти иҷтимоӣ мебошад, яъне забони адабӣ асарҳоеро ба вуҷуд орад, ки аз зиндагии воқеии мардум берун набошад. Ин даъвояшро ӯ чунин ба қалам медиҳад: «Дар ин кор (дар кори забони адабӣ) адабиёте, ки зиндагонии ҳозираи Тоҷикистонро дар бар мегирад, аҳамияти бузурге дорад. Адабиёти маишатӣ барои зинда кардани забони адабӣ ёрмандӣ медиҳад ва ӯро намегузорад, ки аз омма дур афтода дар доираи муҷаррад (терминолужӣ) маҳдуд бимонад».[6] Ин андешаи Бертелс дар байни муҳаққиқони тоҷик низ дастгирӣ пайдо карда, зарурати ба рӯҳи замон мувофиқ намудани ислоҳи забони адабиро таъкид месозанд. Аз ҷумла, Тӯрақул Зеҳнӣ дар радифи ин андешаҳо чунин менигорад: «Забон меваи зиндагонии иҷтимоӣ аст. Бинобар ин бояд забони адабӣ мувофиқи рӯҳу табиати ҳамон халқе, ки онро пайдо кардааст, наздик бошад. Вагарна халқ ба ҷои ин ки аз он баҳра ва фоида бардорад, баръакс нафрат мегирад ва аз он дур мешавад».[7]

  Ин сухани муқаддимавӣ моҳияти асосии мақолаҳои мубоҳисавии аксари донишмандони охири солҳои 20-уми асри гузаштаро ифода менамуд. Зеро забон дар муддати ҳазор сол нашудааст, ки илму маданиятро барои истифодаи омма тахсис карда бошад ва барои ба вуҷуд овардани адабиёту забони омма эҳтиёҷ афтода бошад, - менависад донишманд ва сиёсатмадор Абдуқодир Муҳиддинов. Ӯ 9-январи соли 1929 дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» дар мақолаи «Фикрҳои мо дар бораи забони адабӣ»[8] фикру хулосаҳои ҷолиб ва хеле хуберо баён намуда, сабабҳои аҳамияти махсус пайдо намудани масоили зеринро чунин арзёбӣ мекунад: «Аз ҷумла сабабҳое, ки имрӯз мо тоҷикзабононро ба ҷустуҷӯи «забони адабӣ» водор кардааст, онҳоро метавонем, ки бишуморем: аз забони худ ба андозае, ки зарур бошад, маълумот надорем, бисёре аз суханҳои порсиро фаромӯш кардем, он чӣ ёд дорем бо луғатҳои арабӣ ва туркӣ олуда кардем».[9]

  Дар ҳақиқат аз «забони китобӣ»-и тоинқилобӣ ғайр аз чанд нафар соҳибмутолиа дигар аксари мардум бебаҳра буданд. Сабки нигориши донишмандон саршор аз ибороти мураккаби пурарабӣ буда, ба фаҳмиши мардум тамоман наздик набуд. Ҳатто ба дараҷае, ки ба ибораи Муҳиддинов «имрӯз ба забони покизаи порсӣ навиштан барои мо душворӣ мекунад».[10]

  Кӯшишҳои сода кардани забони адабӣ аз Аҳмади Дониш оғоз шуда бошад ҳам, дар давраи ҷадидӣ, дурустараш ибтидои асри XX ба пантуркизм майл пайдо шуд. Азизӣ яке аз фаъолони баҳси забони адабӣ ин ҷараёнро дар фаъолияти Фитрат ва Беҳбудӣ чунин арзёбӣ намуда, менигорад: «Дар вақтҳои охир, баъд аз сар бардоштани буржуозиёи майдаи миллӣ дар давраи ҷадидизм, аввалҳо як қадар ба ин масъала наздик омада намояндагони давраи ҷадидӣ Фитрат ва Беҳбудиҳо адабиёти тоҷикро ба омма наздик кунонданӣ шуда бошанд ҳам, дере нагузашт, ки онҳо аз фикри худ бозгашта, ба ҷои адабиёти тоҷикро ба омма наздик кардан оммаро ба тарафи туркигӯӣ кашиданӣ шуданд ва мехостанд, ки ҳамаро фидои понтуркистӣ» кунанд. Дар ин бора кори Фитрат ба навиштани як- ду рисолача тамом шуд ва газетае, ки ба номи «Бухорои шариф»-ро, ки ба забони форсӣ бароварданд, дере нагузашта ба «Тӯрон»-и туркӣ бадал карданд.

  Беҳбудӣ бошад ба унвони маҷаллаи «Ойина»-и худ «туркӣ ва форсӣ» гӯён навишта бошад ҳам, дар муддати давомаш ғайр аз се-чаҳор мақола ва порчаҳои шеърӣ дигар ба форсӣ ҷой надода, балки ҳамаро ба туркинависӣ тарғиб мекард ва шиори «понтуркистӣ»-ро паҳн менамуд. Ин буд, ки давраи ҷадидизм ва буржуозиёи майдаи миллӣ дар ин соҳа як пула фоида надода, балки дар паи хароб кардани адабиёти тоҷик шуд».[11]

  Ин гуфтаҳои Азизӣ муболиға дорад. Забони тоҷикии Фитрат форсии ноб аст. Ба пантуркизм ва адабиёти ӯзбекӣ гузаштани Фитрат талафоти бузурге ба забони тоҷикӣ овард. Азизӣ мубоҳисонро ҳушдор медод, ки дар интихоби забони адабӣ ба хато роҳ надиҳанд. Зеро душманони забону фарҳанги тоҷикон дар зери ниқоби ҷараёнҳои миллӣ ба ҳар гуна хиёнат омода буданд. Вале донишмандони он рӯз бо сарварии устод Айнӣ ба ҳар як кӯшиши зиддитоҷикӣ ҷавоби сазовор медоданд.

  Бояд қайд кард, ки баҳси забони адабӣ аввал дар рӯзномаи «Правда Востока» оғоз шуда аз ҷониби Музаффар, Дяков, Думбол ва профессор Шилд давом мекард. Мақолаҳои мазкурро Раҳим Ҳошим дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» (1928, №11-12) зери унвони «Дар гирди забони адабии тоҷик чӣ менависанд?»[12] таҳлил ва ҷамъбаст намуд.

  Дар ҳамин шумораи маҷаллаи «Раҳбари дониш» мақолаи устод Айнӣ таҳти унвони «Забони тоҷикӣ» чоп шуда, як қатор андешаҳои мушаххасеро дар масъалаи мазкур баён намуда буд. Дар ин мақола устод Айнӣ аз гурӯҳҳои «байналмилалчигӣ» ва «оммачигӣ» ёдовар шуда, ҷонибдории худро аз гурӯҳи дуюм чунин баён мекунад: «Касоне, ки тарафдори фикри аввалаанд, мегӯянд: адабиёт ва матбуоти тоҷикӣ корандаи тухми инқилоб дар шарқи форс аст. Агар мо забони адабиёти нави тоҷикро ба забони содаи тоҷикӣ баста монем, вазифаи байналмилалии худро адо карда наметавонем.

  Касоне, ки фикри дувумиро пеш меронанд, мегӯянд: вазифаи аввалини мо равшан кардани фикри авоми тоҷик, паҳн кардани илм ва дониши шӯроӣ дар байни оммаи тоҷик ва оммагӣ кардани  инқилоби маданӣ дар байни тоҷикон аст. Агар мо байналмилалӣ мекунем гуфта, забони адабиёти тоҷикро аз доираи тоҷикон барорем, қисми авоми тоҷик аз ғизои дониш маҳрум мемонад.

  Худи ман аз тарафдорони фикри дувумӣ ҳастам, зеро «аввал хеш дувум дарвеш» аз масалҳои машҳури тоҷикӣ аст. Меҳнаткашони тоҷик бо роҳбарии фирқаи коммунистӣ ҷумҳурияти худро ташкил доданд, тоҷикони Ӯзбакистон дар сояи сиёсати миллии фирқаи коммунистӣ мактаб ва муомилаҳои расмии худро ба забони худ гардонданд. Агар мо дар навбати аввал худи тоҷикони Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро дар назар нагирифта, ба  доно кардани  оммаи форсизабонони беруна кӯшиш кунем,  монанди он кас мешавем, ки аҳли хонаводаи  худро гушна гузошта, ба гушнагони беруна  садақа медиҳад».[13]

  Дар ҳақиқат вазъи онрӯзаи Тоҷикистони навин имконияти қабули забони адабиро дар сатҳи байналмиллалӣ надошт, зеро мардуми тоҷики аз давраи амирӣ аз илму фарҳанги нави замонӣ бебаҳра буданд. Акнун «Дар натиҷаи Инқилоби Уктобир зиндагонӣ чунин як масъаларо пеш овардааст, ки бояд мо як забони адабии омма дошта бошем, ки аз як тараф фаҳмиданаш барои омма осон бошад, аз тарафи дигар барои навиштани чизҳои илмӣ, фаннӣ ва сиёсӣ ҳам қобили қабул бошад»[14] [6, с. 383-397],- нигошта буд  А.Муҳиддинов.

  Чунин вазъ донишмандонро барои интихоби забони адабӣ вогузор кард ва баъд аз мақолаи устод Айнӣ дар атрофи ин масъала мубоҳисаҳои зиёд ба вуҷуд омад. Бояд қайд кард, ки ғайр аз Мунзим дигар ҳама донишмандон мисли устод Айнӣ, Икромӣ, А.Муҳиддинов, Зеҳнӣ, Н.Бектош, Азизӣ ва дигарон ба он ҷонибдор буданд, ки забони адабӣ аз ҳисоби забони омма ва маҳалли муайян интихоб шавад. Дар ин масъала гуфтугузорҳои зиёде шуда бошанд ҳам, ба ягон хулосаи даркорӣ омадан ғайри имкон буд. Баҳс ба дараҷае расид, ки як гурӯҳ лаҳҷаи Бухоро ё Самарқандро асос гирад, гурӯҳи дигар онро аз сабаби дар зери таъсири забонҳои туркӣ-арабӣ будан қабул намедоштанд. Муҳиддинов шояд чунин баҳсҳоро написандида, дар ин масъала андешаи дигареро пеш меорад. «Ба ақидаи мо барои ба вуҷуд овардани забони адабӣ лаҳҷаи ягон ҷоеро чун асос шинохтан даркор нест, беҳтар аст, ки мо асосҳои назарӣ ва амалиро муайян кунем. Лаҳҷаи кадом ҷое, ки ба асосҳои мо мувофиқу наздик бошад, забони адабии мо низ ба он лаҳҷа наздик мешавад».[15]

  Вале ин фикри салими Муҳиддинов натавонист ба оташи баҳсу мунозира об занад. Дар навбати худ фурсати маҳдуд имкони фаврии ҳалли масъаларо тақозо менамуд. Бинобар ин масъалаи мазкур дар мақолаҳои ҳар як донишманд, аксаран бо андешаҳои тоза пешниҳод мешуд.

  Ҳамин тариқ, дар зери масъалаи наздик овардани забони адабӣ ба авом аввалин бор бо пешниҳоди Зеҳнӣ аз доираи интихоби як лаҳҷа берун шуда, мазмуни тоза гирифт. Ӯ дар мақолаи «Маслиҳатҳои ман дар бораи забон» дар зери сарлавҳаи «Пас аз куҷо истифода бурда шавад», чунин менигорад: «Ба фикри ман танҳо забони як маҳалро асос қарор додан дуруст нест, чунин забоне, ки ба ҳама талабҳои забони адабии имрӯзаи ташкилёбида ҷавоб диҳад, нест. Аз ин рӯ, истифодаро умумӣ қарор дода, аз ҳар ҷо, ки бошад нуқтаҳои муҳими забонро бардошта ба забони чопагӣ гузаронидан лозим аст; фақат аз баъзе ҷойҳое, ки аз таъсири бегонагон дар амон мондааст, бештар истифода гирифтан лозим менамояд...».

  Бояд қайд кард, ки андешаи Зеҳнӣ, баъд аз Муҳиддинов, барои ба созиш дар сари як фикри салим хеле мувофиқ буд. Муҳимтар он ки ӯ аввалин шуда истифодаи баъзе унсурҳои забони кӯҳистониро ба миён мегузорад: «Инак, сухан гуфтани дарӣ, яъне гуфтугузори кӯҳистониҳо аст, забони кӯҳистон дар бораи оҳанг чӣ қадар ширинӣ, нозукиро соҳиб бошад, ҳамон қадар ҳам сарфу наҳв ва луғатро нисбат ба забони шаҳрӣ хубтар ба худ нигоҳ доштааст, танҳо аз илму маориф маҳрум шуда аз такомул бозмондааст».[16]

Дар ҳақиқат тозагии забони кӯҳистон имкон медод, ки баъзе калимоти аз истеъмоли забони адабӣ дур мондаро аз нав барқарор намоем. Муҳиддинов дар ин масъала чунин маслиҳат медиҳад:

  1. Дар омӯхтани забони гуфтугӯии омма кӯшиш кунем, суханҳо, луғатҳои порсӣ, ки дар ҳар ҷо дар байни ҷамоаҳои гуногуни порсигӯ кор фармуда мешавад, ҷамъ кунем ва ботадриҷ онҳоро дар адабиёт кор фармоем, умумӣ кунем ва бо ин роҳ доираи забони адабии худро фарох созем.
  2. Суханҳои порсӣ, ки ба сабаби тафовути лаҳҷаҳо ва бесаводии мардум талаффузаш вайрон шудааст, бояд ислоҳ кунем. Хусусан, дар вақти навиштан мувофиқи қоидаи забон бинависем.
  3. Ба андозае, ки метавонем дар гуфтугӯ ва навиштан суханҳои арабиро кор нафармоем. Дар ҷои суханҳои арабӣ аз забони гуфтугӯии омма, аз забони зинда, суханҳои порсӣ биёбем ва кор фармоем. Аз забони арабӣ он калимаҳоро нигоҳ дорем, ки ба ҷояш суханҳои порсии осону равон ёфта наметавонем.

  Аз байни донишмандон, ки ҷонибдори аз ҳисоби забони кӯҳистониён интихоб намудани забони адабӣ буданд ва аввалин шуда бо Зеҳнӣ ва Муҳиддинов ҳамовозӣ намудааст, Азизӣ мебошад. Ӯ дар мақолаҳои «Ба забони дарӣ дурри сухан суфтан мехоҳам»,[17] «Дар бораи забони адабӣ»[18] ва ғайра масъалаи мазкурро таъкидан ба миён мегузорад: «Акнун бояд роҳи дигари ҷӯяндаи як забони тоҷикии оммафаҳм ёбем, ки аз ҳар дуи ин таъсирот дуру тоза бошад ва ҳамон забонро пур карда забони адабии худ қабул кунем. Мисдоқи ин ҳам забони ҳозираи марказии Тоҷикистон, ба иборати дигар кӯҳистон мебошад, ки аз таъсири забонҳои арабӣ ва ӯзбакӣ дур монда софияти деринаи худро нигоҳ доштааст ва ҳарчанд ки бинобар аз маданият чанде дур афтода, ҳоло ба зиндагонии мо кифоя намекунад, аммо пур карданаш назар ба забонҳои шаҳрӣ осонтар аст, чунки забонҳои шаҳрӣ ҳарчанд ба пур кардан мӯҳтоҷ аст, инчунин тоза кардан ҳам лозим меояд, аммо забони кӯҳистонро фақат пур мекунему бас».

  Азизӣ бо далелҳои ҷолиб мекӯшад, ки дар ин масъала фақат дар сари гӯиши кӯҳистониён қарор гирад. Ӯ низ мехоҳад аз ҳар шеваи гуфтор ҷиҳатҳои ҷолиб интихоб шавад, то ки як забони хуби адабӣ ба даст ояд. «Ба фикри мо, дар ин хусус аз ҷиҳати савтиёт ва имло ба шеваи шаҳри Бухоро ва аз ҷиҳати ҷумлабандӣ ба шеваи тоҷикони кӯҳистон такя карда ва аз дигар ҷойҳо фоида гирифтан дурусттар менамояд. Чунки дар хусуси савтиёт, ки ба шеваи ҳамаи тоҷикзабонони шаҳрии Осиёи Миёна (ғайр аз бисёре аз ҷойҳои кӯҳистон) ҳаст, Бухоро салоҳияти марказ шуданро дорад. Монанди «вов» ва «ё»–и маҷҳул (е - ů), ки дар шеваи тоҷикони шаҳрӣ ва баъзе тоҷикони кӯҳистонӣ мавҷуд буда ва бисёре аз тоҷикони кӯҳистон инҳоро ба забон намегиранд, албатта ба забони адабии тоҷик буданаш лозим аст. Дар хусуси луғатҳо бошад шаҳрҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна, ки андак саноату техника дар онҳо мавҷуд будааст, як қадар бой мебошанд ва дар қатори ин шаҳрҳо Бухоро марказ шуда метавонад. Аз ҳамин хусусҳо мо, қарори маҷлиси машваратии илмии тоҷикони Ӯзбакистонро ки дар моҳи феврали ҳамин сол дар шаҳри Самарқанд шуда буд ва қайд мекунад: «Барои инкишофи ояндаи забони адабии тоҷик аз нуқтаи назари савтиёт ва имло шеваи шаҳри Бухороро асос қарор дода, аз ҷиҳати ҷумлабандӣ ва луғат аз тамоми шеваҳои тоҷик истифода кардан лозим аст», аз як ҷиҳат дуруст дониста, аз ҷиҳати дигар ҳамин қадар мегӯем, агар аз ҷиҳати ҷумлабандӣ ба шеваи тоҷикони кӯҳистон такя кардан аз тамоми шеваҳои дигари тоҷик истифода карда шавад, беҳтар ва дурусттар хоҳад буд. Чунки (қатъи назар аз ҷумлабандии мадрасагӣ) ҷумлабандии забони зиндаи бисёре аз тоҷикони шаҳрӣ, дар ин қатор Бухоро, салоҳияти забони адабӣ шуданро надорад».[19]

  Гарчи забони кӯҳистон аз унсурҳои бегона тоза бошад ҳам, забони адабиро ба пуррагӣ ифода карда наметавонист, зеро сохтори услубии гӯиши кӯҳистон созгори забони классикӣ набуд. Аз ин рӯ, устод Айнӣ истилоҳи «забони авом»-ро ба миён гузошта, ба эътибор гирифтани тамоми хусусиятҳои лаҳҷаҳои тоҷиконро пешниҳод намуда, менигорад: «Забони авоми тоҷик забонест, ки вайро оммаи тоҷик фаҳмад, дар ҷумлабандӣ, дар ташбеҳот, дар киноя ва истиораҳо, дар зарбулмасалҳо ва дигар бобатҳо хусусият ва рӯҳияи забони тоҷик риоя карда шуда бошад».[20]

  Масъалаи забони адабии тоҷик таваҷҷуҳи муҳаққиқони русро низ ба худ кашид. Соли 1929 мақолаи профессор Бертелс таҳти унвони «Дар бораи забони адабии тоҷик» дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» аз чоп баромад, ки дар он ӯ аҳамияти масъалаи мазкурро дар он замон чунин арзёбӣ мекунад: «Ҳеҷ шубҳа нест, ки масъалаи ба вуҷуд овардани забони адабии тоҷик дар замони мо аҳамияти зиёде касб мекунад. Агар мо адабиёти инкишофкардае, ки дар кори ташкил намудани зиндагонӣ як фактури (амри воқеъ) муҳиме мебошад, надошта бошем, инқилоби маданиро ба вуҷуд овардан, ки аз вазифаҳои навбатии иттифоқи мост, балки тамоман ғайри мумкин хоҳад шуд. Инкишофи адабиёти бадеӣ ва оммавӣ забони адабиро талаб менамояд ва ба ҳамин тарз як тӯда корҳои сохтмонии мо вобаста ба он масъала мебошад.».[21]

  Чи хеле ки аз ин андешаҳо бармеояд дар солҳои 20-30 ба вуҷуд овардани инқилоби маданӣ ва босавод кардани мардум ба чигунагии забони адабӣ вобастагии қавӣ дошт. Бинобар ин, профессор Бертелс аҳамияти масъалаи мазкурро дар ба вуҷуд овардани адабиёти бадеӣ ва оммавӣ мебинад. Забони адабӣ сохтан, яъне аз забони адабии мавҷуда даст кашиданро лозим медонад.

  Барои ба вуҷуд овардани забони адабӣ Бертелс ду шарти асосиро пеш мегузорад. Шарти аввале, ки «ба вуҷуд омадани забони адабиро таъмин кунад, кори амалӣ дар миқдори кофӣ ба вуҷуд омадани асарҳои адабӣ аст... чаро ки барои ба вуҷуд овардани адабиёт забони адабӣ лозим аст ва забони адабӣ ҳам бе адабиёт ба вуҷуд намеояд». Агар ба ин андешаи муҳаққиқ такя намоем, маълум мешавад, ки тоҷикон дар қатори миллатҳои навбунёди дигар ҳанӯз забони адабӣ ва адабиёти бадеиро соҳиб набуданд ва ба шарофати инқилоб онҳо ба он бояд бирасанд. Дар ин ҳолат адабиёти классикии тоҷик ва забони адабие, ки тӯли ҳазор сол дар тамоми қаламрави форсизабонон фаъолият дошт, сарфи назар мешавад. Аз ин рӯ, ҳақ ба ҷониби устод Шакурӣ аст, ки ин давраро «давраи инкори ҳастии таърих» номидааст. Дар ҳақиқат нодида гирифтани фарҳанги гузаштаи халқи тоҷик ва аз нав ба сари мардум бор кардани забони адабии аз табиати забони классикӣ дур ва қабул кардани алифбои лотинӣ як қадам ба қафо баргаштан буд. Чунин ба назар мерасад, ки солҳои 20-30 масъалаи сода кардани забонро, ки Аҳмади Дониш ба миён гузошта буд, ҳукумати шӯравӣ онро гӯё давом дод. Вале аз тамоми таъбироти забонӣ, калимоти арабӣ забонро тоза карда, гӯё бо ин амал забонро ба халқ наздик кардан хостанд. Натиҷаи ин сиёсат ба он оварда расонид, ки мақоми забони адабии классикӣ рӯз то рӯз аҳамияти худро гум мекард. Ҳукумати рӯз мекӯшид, ки фарҳанги ҳамаи миллатҳоро ба сиёсати худ тобеъ кунад.          

  Ба қавли устод Шакурӣ: «Дар ҳақиқат чун дар даҳаи бисту сиву чиҳил аз меросбарӣ ва идомакорӣ худдорӣ варзида, аз забони давраи маорифпарварӣ рӯ гардонида, ба «халқияти забон» гаравидем, натиҷа ин шуд, ки як содагӯии маҳз, як содагароии одии пастмаҳак, як содаписандии бесаводона, ки қоидаи нигориш, риояи таносуби сухан ва мантиқи робитаи ҷузъҳои онро эътироф намекард, ривоҷ ёфт, қаламронии худсаронаи беқоида расм шуд».[22] 

  Муҳаққиқон сари ин масъала андешаҳои зиёдеро ба қалам дода, сабабҳои инро ба қадри имкон равшан кардаанд. Яке аз сабабҳое, ки имрӯз забони адабӣ ба чунин вазъи ногувор расид, он аст, ки зиёиёни аз давраи амир ба сохтмони ҳаёти нав роҳ наёфтанд, «матбуоту нашриёт ва маорифу маданият хусусан аз солҳои 30 ба дасти онҳое гузашт, ки дирӯз бесавод буданд ва ба ҳам бастани ду ҷумла барои онҳо хеле душворӣ дошт».[23]

  Дар нигоштаҳои рӯзноманигорони солҳои 20-30 ҷудоӣ аз забони адабии классикӣ, ба мушоҳида расида, сохтори ҷумласозию маъниофаринии аз табиати забони тоҷикӣ бегона ба мушоҳида мерасад. Чи хеле ки профессор Абдунабӣ Cатторзода менигорад: «Мутаассифона, аз мутолиаи маводи мубоҳиса ва мунозираҳое, ки дар атрофи забони тоҷикӣ дар солҳои 20-30 ба вуқӯъ пайваста буд, як чиз ба назар мерасад, ки дар онҳо аз ин қабил сӯитафоҳумҳо, каҷфаҳмию каҷбаҳсиҳо ва зиёдравиҳо дар маънидоди нуктаҳои муҳими марбут ба забони тоҷикӣ ҷой дошт. Ва гумон меравад маҳз ҳамин сӯитафоҳумҳо, каҷфаҳмию каҷбаҳсиҳо ва зиёдравиҳо буд, ки баъдҳо иҷрои вазифаҳое, ки иштироккунандагони он баҳсу гуфтугузорҳо бо дили соф ва нияти холис ҳалли онҳоро ба ӯҳда гирифта буданд, ба ҷои натиҷаҳои дилхоҳ, ба натиҷаҳои ғайриматлуб низ овард. Ба сухани дигар, содагароиҳову соданависиҳои онҳо оқибат моро ба саросар одигароиву одинависӣ, нормаҷӯиҳояшон ба фаромӯшии муҳимтарин суннатҳои урфию расмӣ ва иқтибосгароию иқтибосгириҳояшон аз забонҳои бегона тақрибан ба барҳам задани табиати асили овозӣ, имлоӣ, савтӣ ва қолибҳои зотии калимасозиву ҷумлабандиҳо расонд».[24]

  Дар ҳақиқат, забони тоҷикӣ дар солҳои минбаъда аз равише, ки мубоҳисони солҳои 20-30 пеш гирифта буданд, берун шуда, то андозае ба як забоне сохтаи аз калимоти ба табиати забони тоҷикӣ носозгор расид ва истифодаи ифодаҳои «интернатсионал» ва «русӣ» ба дараҷаи анъанаи ифтихорӣ қаламдод мешуд. Забони тоҷикӣ аз решаҳои гузаштаи худ ва забони форсии эронӣ ва дарӣ майл ба ҷудоӣ намуда, гоҳо оҳанги мухолифат мекард. Шеъри ноби тоҷикӣ бештар хусусияти шиорпартоию иҷтимоигароӣ ба худ касб карда, маъниҳои баланд, назокати сухан ва зебоиофаринӣ аз он берун монд. Ҳадафи Аҳмади Дониш ва зиёиёни ибтидои асри ХХ, ки ба муқобили печидагӯиҳои шоирон, бар зидди суханбозиҳои пучи коргузорони расмӣ равон шуда буд, дар давраи шӯравӣ маънои дигар гирифт. Алифбои лотинӣ, баъдтар алифбои кирилӣ ва забони адабии «сохтаву сунъӣ» ба он овард, ки байни забони адабии классикӣ ва имрӯз ҷудоӣ ба амал омад. Тоҷикон ва забони адабии онҳо дар зери таъсири туркзабонон монда, аз ҷиҳати таркиби грамматикӣ побанди забони русӣ монда, аз асолати табии худ маҳрум монд. Профессор Абдунабӣ Сатторзода ин ҳолатро хеле дақиқназарона аз навиштаҳои муҳаққиқ Музоҳири Мусаффо ба мушоҳида кашидааст: «Гузаштаи таърихӣ ва адабӣ ва илмии туркони усмонӣ бо гузаштаи мо баробар нест. Онҳо чизе надоштанд, ки аз даст бидиҳанд, вале мо ҳама чиз доштем. Ва агар ганҷинаҳои забон ва адаби худро нигаҳдорӣ накунем ва бо тағйири хат онҳоро ба фаромӯшӣ биспорем, миллате тоза ва бебунёд хоҳем буд. Ва бими он меравад, ки пас аз гузаштани 20-30 сол ва гардидани як насл ба куллӣ гузаштаи ифтихоромези худро аз даст хоҳем бидиҳем, ҳазор-ҳазор ганҷинаи забон ва адаби худро аз ёд бибарем».[25]

  Китоби “Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо”, барои он ки имрӯз ва фардо боз ба роҳи хато қадам нагузорем ё саҳву хатоямон камтар бошад, аз дарсхонаи таърих сабақ омӯзем, ба таърих ё баъзе давраҳои муҳими он ба чашми ибрат нигарем, ёрӣ расонида, имкон медиҳад, ки вазъи имрӯзии худро беҳтар бифаҳмем, вазифаҳои навбатии худро дурусттар таъйин карда тавонем.

Нурмуҳаммад ОДИНАЕВ

ходими илмии Институти забон ва  адабиёти ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№3 (11), 2018

[1] Беҳбудӣ Н. С.Айнӣ ва баъзе масъалаҳои забони адабии тоҷик. ҷузъи 3, Душанбе: Дониш 1966, саҳ.33.

[2] Ҳамин ҷо. –С.33

[3] Наршахӣ. Таърихи Бухоро, Теҳрон, 1317. саҳ.2.

[4] Маъсумӣ Н. Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе, 1959.-259 саҳ.

[5] Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ. Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист. Душанбе: «Адиб»,  2003.-С 21.

[6] Бертелс Э. Дар бораи забони адабии тоҷик. Раҳбари дониш, 1929, №10-11.

[7] Зеҳнӣ Т. «Маслиҳатҳои ман дар бораи забон» Раҳбари дониш 1929, №45.

[8] Муҳиддинов А. Фикрҳои мо дар бораи забони адабии тоҷикӣ//Тоҷикистони сурх. 1929, 9-январ.

[9] Муҳиддинов А. Фикрҳои мо дар бораи забони адабии тоҷикӣ//Тоҷикистони сурх. 1929, 9-январ.

[10] Ҳамин ҷо.

[11] Наршахӣ А. Таърихи Бухоро. Теҳрон, 1317. -С.2.

[12] Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо.- Душанбе:Ирфон, 2007.-720 саҳ.

[13] Айнӣ С. Забони тоҷикӣ. Раҳбари дониш , 1928, №11-12

[14] Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо.- Душанбе:Ирфон, 2007.-720 саҳ.

[15] Ҳамин ҷо. - С. 383-397

[16] Маъсумӣ Н. Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе, 1959.-259 саҳ.

[17] Азизӣ. Ба забони дарӣ дурри сухан суфтан мехоҳам. Тоҷикистони сурх, 1928, 28-IX.

[18] Азизӣ. Дар бораи забони адабии тоҷик//Раҳбари дониш. 1930, №7.

[19] Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо.- Душанбе: Ирфон, 2007.-720 саҳ.

[20] Ҳамин ҷо. –С.318-327

[21] Ҳамин ҷо. –С. 473-480

[22] Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ. Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист. Душанбе: «Адиб», 2003. –С. 21.

[23] Ҳамин ҷо. –С.21

[24] Сатторзода А. Бақои абад ё оғози фано.-Дар маҷмӯаи «Кӯҳна ва нав»//Душанбе-Адиб, 2004, -С.242.

[25] Сатторзода А. Бақои абад ё оғози фано.-Дар маҷмӯаи «Кӯҳна ва нав»//Душанбе-Адиб, 2004, -С. 242.

Хондан 2696 маротиба