В современном развивающемся мире количество используемых документов стремительно растет. Эффективное функционирование каждой организации, независимо от ее профиля, находится в прямой зависимости от уровня оперативной обработки документации и информации, скорости взаимодействия между структурными подразделениями организации и контрагентами. Поэтому автоматизация документооборота является одной из первостепенных задач современных организаций. Проблема автоматизации документооборота в настоящее время является достаточно острой, о чем свидетельствуют многочисленные публикации по этой теме, а так же наличие большого количества различных программных средств, предназначенных для ее решения.
Башар ҳанӯз аз бомдоди зиндагӣ дар орзуи сохтмони як давлат ва низоми сиёсие будааст, ки ниёзҳои озодихоҳию рифоҳталабӣ ва адолатписандию хирадварзии инсонҳо бароварда шаванд. Табиист, ки башар, чи дар гузашта ва чи имрӯз ба донишу хирад ва рифоҳу озодӣ ниёз дошту дорад ва маҳз сиришти ҷустуҷӯгар ва пурсишгари инсон ӯро ба офаридан вомедорад. Офаридани неъматҳои моддию маънавӣ, дар маҷмӯъ, дар қолиби фарҳанг инсиҷом меёбанд. Аз ҷониби дигар, орзу ва ормони сохтусози давлати намунавӣ (образцовое государство) аз дер боз зеҳни инсонро ором нагузоштааст ва барои амалӣ кардани ин навъ ормон саъю талоши фаровон варзидааст. Талошҳои пайвастаи инсонҳои ҷӯёву пӯё ва ба истилоҳ, қишри равшанфикрӣ дар имтидоди тӯлонии замонӣ ормонҳоро ба ҳақиқат бадал кард ва намуна-моделҳои муосири давлатдории дунявие, ки дар Ғарбу Шарқи сайёраи Замин арзи ҳастӣ мекунанд, натиҷаи ташаббусоту ибтикороти насли саршиноси инсонианд.
Вуруд ба мавзӯъ. Масъалаҳои вобаста ба ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯзҳо ба таври васеъ дар пойгоҳҳои таҳлиливу коршиносии Қазоқистон ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор мегирад ва баргузор шудани ин нишаст дар Душанбе низ як фоли нек аст. Зеро дар кишвари мо мутаассифона олимону коршиносон ба паҳлуҳои амалии ҳамгироӣ таваҷҷуҳи лозимаро зоҳир намекунанд. Аксар ҳолат бо пажуҳиши мавзуҳои таърихию назариявӣ банд ҳастанд, ки он амалан дар дискурси имрӯза перомуни ҳамгироӣ дигар ба кор намеравад. Зеро вазъи шинохт ва баррасии ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ дар 5 соли охир хело дигар шуд: муҳимтар аз ҳама қадами ҷиддӣ барои беҳтар шудани муносибатҳои дохилиминтақавӣ гузошта шуд; аксари мушкилоти давраи пеш ба таври табиӣ ҳаллу фасл шуданд.
Ахлоқи антиқа. Зери мафҳуми “антиқа” дар таърих марҳалаи аз асри VII – VI то м. то асри IV – V то м. (қариб 10 аср) фаҳмида мешавад. Марҳалаи аввали инкишофи афкори ахлоқӣ бо заволёбии сохти қабилавӣ-авлодӣ ва худро ҳамчун шахсият дарк кардани инсон, ҳамчун “Ман”-и аз дигарон (кул) ҷудошуда алоқаманд мебошад. Тасаввурот дар бораи ногустанӣ будани “Мо” ва “Ман” дар асарҳои Гомер тавсиф ёфтааст.