Дидору мулоқот бо аҳли завқу адабу маърифат, ки аз қадим дар қолиби табақотии “соҳибдилону рӯшандилон” ғунҷоиш ёфтаанд, ба кас ҳаловати тоза мебахшад. Бар илова, ишораи нозуки Ҳаким Носири Хусрав, “Рӯшандилони Рӯшон ойинаи сафоянд” бар сиришти поку беолоиши қишри соҳибдилу рӯшандили ҷомеа далолат мекунад. Ба ин маъно, соҳибдилон дар ҳар давру замоне виҷдони ҷомеа будаанд ва барои бурунрафт аз мушкилоту буҳронҳои ахлоқию фикрию ақидатию маданию маърифатӣ саъю талош варзидаанд. Аз ҷониби дигар, ин табақа барои боло бурдани сатҳи саводу маърифату огоҳии ҷомеа ҳадафмандона кӯшида, дар ин роҳи мушкилписанди рӯзгор ҳиммат гуморида, сарбаландона рисолати иҷтимоию маданиашонро адо кардаанд.
Чакидаи мақола:
“Шоҳнома” мероси сутурги эрониён, дорои мазмунҳоест, ки гоҳ ба рамз омадааст ва ҳамин вижагӣ онро барои тамомии давраҳои таърихӣ коромад мекунад. Дар навиштори пеши рӯ, такияи пажуҳиш ба лиҳози истидлолӣ, матни аслии “Шоҳнома” дар бахши асотирӣ аст ва талош бар он аст, ки андешаи сиёсии лояҳо (қабатҳо)-и пинҳони сухани Фирдавсӣ ошкор шавад. Нақши дин ва намуди он ба шакли фарраи эзадӣ бознамоӣ гардад. Ин фарзия матраҳ мешавад, ки дар бахши асотирии “Шоҳнома”, дин бар сиёсат асари мустақим дошта ва гоҳ таъйинкунандаи рафторҳои сиёсӣ будааст. Ниҳоди дин ба унвони як ниҳоди қудрат ва гоҳ ба унвони абзоре дар дасти сиёсатмадороне метавониста дар азлу насби шоҳон асаргузор бошад.
Кору фаъолияти пурсамар ва муносибати сатҳи баланди адабиётшинос, фарҳангшинос ва омӯзгори варзидаи тоҷик Нозим Нурзода шахсияти ӯро ба ҳамкорону ёру дӯстон муаррифӣ менамояд. Ҳамагӣ донишмандӣ, хирадпешагӣ, инсондӯстӣ ва меҳанпарастии ӯро эътироф намуда, ҳамчун инсони комил қабулаш доранд. Дар баробари ҳама хислатҳои хуби худ Устод Нозим Нурзода бо як иродаи қавӣ дар кору фаъолияти ҳаррӯзаи хеш хеле сахткӯшӣ мекунад. Ин аст, маҳсули эҷодӣ ӯ хеле босифат, ҳадафнок ва мубрами замон аст. Борҳо шоҳиди он будем, ки аҳли илму фарҳанг аз ҳама минтақаҳои Тоҷикистони азиз, баъди хондани мақолаҳояш ба ӯ занг мезананд ва изҳори қаноатмандиву миннатдорӣ мекунанд. Ин мақоми иҷтимоӣ ва эътирофи ҷамъиятии устод Нозим Нурзода барои ҳар як қаламбадаст ва донишманду донишҷӯ намунаи ибрат мебошад.
(Мулоҳизоти куллӣ дар доираи Пружаи “Роҳи нави дӯстии наслҳо” ва чорабинии табодули гуманитарии Тоҷикистону Чин)
Сафари расмии навбатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 4-6-уми июни соли ҷорӣ ба вуқуъ пайваст, саҳифаҳои наверо дар муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар кушода истодааст. Чуноне ки маълум аст, дар ин сафар аз ҷониби раҳбарони ду кишвар биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 сол пеш аз худи онҳо санги асос гузошта шуда буданд, кушода мешаванд. Ҳамзамон бо расидани Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Душанбе, мақолаи ӯ дар рӯзномаи “Народная газета” ба табъ расид (ниг.: Цзиньпин, Си. Китайско-таджикские отношения: во имя прекрасного будущего. //Народная газета, №27 (20464), 5 июля 2024. С.1). Раисҷумҳурии Чин Си Ҷин Пин дар ин мақола аз таърихи ҳамкориҳои ду миллат дар мароҳили гуногуни таърихӣ сухан ба миён оварда, таъкид менамояд, ки дар чанд соли охир ин ҳамкориҳо зиёд тақвият ёфта, то ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд. Ба таъкиди раисҷумҳури Чин, то ба дараҷаи рекордӣ расидани муомилоти молу маҳсулот миёни ду кишвари ҳамсоя дар соли 2023 ва ба зери 4 миллиард доллари амрикоӣ расидани он аз ҷумлаи муваффақиятҳои муносиботи судманди тарафайн маҳсуб мешавад.