Оғоз Ҳар гоҳ ки ба хотири дидорбонӣ ва анҷом додани вазифаҳои хидматӣ ба гӯшаву канори кишвар сафар мекунем, ҳатман шарафи мулоқот бо мардуми маҳаллӣ, ки аз симимияту отифати баланди инсонӣ бархурдоранд, муяссарамон мегардад. Аснои дидору мулоқот бештар вежагиҳои ҳувиятии мардуми маҳал моро маҷзуб мекунанд ва бовару эътиқодамон ба иззату икроми миллати куҳанбунёди тоҷик зиёдтар мегардад. Ростӣ, мардуми маҳаллоти гуногуни кишвар, минҷумла сокинони кӯҳистонии тоҷик бар мабнои як вежагии муштарак ташаккул ёфтаанд ва он ҳам самимияту отифати фардию ҷамъӣ аст. Аз сӯйи дигар, муҳаббату отифати сокинони маҳаллӣ моро водор месозад, ки сари сарҷамъии миллӣ тамаркуз кунем ва онро чун мавқеъгирӣ-ориентатсияи калидӣ…