JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 28 Апрели 2023 12:47

Шоҳнома ва Тоҷикистони муосир

Муаллиф:
 (Бардоштҳо аз Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Шоҳнома ва замони мо” ва рӯнамоии китоби “Фирдавсӣ - шоири паёмрасон”-и Ҷамолиддин Саидзода) Ҷусторҳо дар мавзуи омилҳои рушди кишварҳо дар замони муосир нишон медиҳанд, ки фарҳангу худшиносии миллӣ дар раванди рушду пешрафти иқтисодиву сиёсӣ нақши барҷаста доранд. Миллатҳои худшинос дар баробари хатарҳои дихиливу берунӣ манфиати фардиро ба канор гузошта, сари номус меоянд ва давлату миллаташонро қавӣ мегардоданд. Давлати қавӣ саранҷом зиндагии шоистаро барои ҳар як шаҳрванд таъмин ва аз истисмори дигарон ҳимоя мекунад. Таъсири фарҳанг ба руҳияи мардум ва натиҷаи заҳмати як миллати худшиносро мо дар ҳар кишваре дида метавонем. Билохира, “мо маҳсули фарҳанги…
Имрӯзҳо сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намудааст. Ҳукумати мамлакат маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст.
Баҳори имсола бо баргузор шудани конфронси муҳими сатҳи байналмилалӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳи подшоҳии Нидерланд ҳамраисии онро ба уҳда доштанд, оғоз шуд. Бинобар ин, 21-24 март диққати ҷаҳониён ва махсусан олимону коршиносони сиёсӣ дар ҷумҳурии мо ва берун аз он ба қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нигаронида шуда буд.
Инак, чанд рӯз аст, ки Наврӯзи оламафрӯз дар ҳамбастагӣ бо баҳори дилфурӯз фазои сарзамини моро муаттар ва музайян мекунад. Асотири паҳлавӣ ва асримиёнагии форсии тоҷикӣ гувоҳи онанд, ки Наврӯз ба Ҷамшед ва Ҷамшед бо Наврӯз тамъаманд ва дар муколимот ва танзими зиндагӣ яке дигареро комил месозад. Мардуми тоҷик аз бомдоди таърихи инсонӣ миёни мардуми мантақаҳои гуногун аз аввалинҳо шуда, ба парастиши аносири табиӣ ва заминӣ, мисли Офтоб, Борон, Оташ, Хок ва Бод даст задаанд.
Рӯй овардан ба илмомӯзӣ, хусусан ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисодии кишвар дар арсаи ҷаҳон дар шароити имрӯза бисёр зарурӣ мебошад. Зеро дар марҳилаи нави ҷаҳонишавӣ нақш ва рушди тафаккури илмҳои табиӣ-риёзӣ дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст. Махсусан дар ин замина дастгириҳои ҳамаҷониба ва аҳамияти махсус зоҳир намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита хидматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтист. Муҳтарам Пешвои муаззами миллат қариб дар ҳама баромад ва суханрониҳои худ дар баробари омӯхтани илмҳои гуманитарӣ, забонҳои хориҷӣ азхудкунии илмҳои табиӣ-риёзӣ ва ҳамқадами замон бо технологияи навро таъкид месозанд. Далели ин…