Воқеан, равшанфикрон яке аз қувваҳои пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд. Чунки онҳо шахсиятҳое мебошанд, ки ба корҳои фикрӣ машғул ҳастанд[5,c.210]. Равшанфикрон адолатпараст буда, виҷдони бедору интиқодгари ҷомеа маҳсуб мешаванд. Онҳо ҳамвора дар пайи адолат мегарданд ва дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат адолатро талаб мекунанд. Дар ҳар ҷое, ки аз адолат дур мешаванду бар хилофи воқеияти рӯзгор рафтор мекунанд, равшанфикрон забони интиқоду маломатро боз хоҳанд кард. Барои мисол, ҷомеашинос ва файласуфи олмонӣ Юрген Ҳабермас (1929), равшанфикронро аз одамоне иборат медонад, ки онҳо шахсиятҳои бедор, ҳушёр ва огоҳ буда, дар бораи масоили иҷтимоӣ вокуниш нишон медиҳанд[6,c.23]. Онҳо мехоҳанд, ҷомеаи инсонӣ…