(чанд нукта дар ҳошияи конфронси илмӣ-амалии “Шоҳнома ва замони мо” ва рӯнамоии китоби адабиётшинос, муҳаққиқ, андешаманд ва равшанфикри миллӣ устод Ҷамолиддин Саидзода “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон”) Адабиётшинос, муҳаққиқ, андешаманд ва равшанфикри муосири миллӣ устод Ҷамолиддин Саидзода аз чеҳраҳои матраҳу шинохтаи миллӣ маҳсуб мешавад, ки як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯйӣ оғоз намуда, устод Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо минҳайси мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, равонию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ меъёри кору зиндагии…