(мулоҳизоти куллӣ дар ҳошияи семинар-машварати Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) Гузаронидани нишасту семинар-машварат, маҳфилҳои илмию фарҳангӣ ва мубоҳисоти фалсафӣ дар марказ ва пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон солҳост идома дорад ва аз ин навъ маҳофил сатҳи донишу биниши ширкаткунандагон, махсусан, насли ҷавон боло меравад. Мутаассифона, силсилаи чолишҳои имрӯзӣ, аз ҷумла зуҳури буҳрони беҳувиятӣ, мушкилоти фикрӣ, канороӣ бо хурофоту таассуби мазҳабӣ, дуршавӣ аз арзишҳои миллию ҷаҳоншиносии фалсафӣ, тамошогарии насли зиёӣ, парешонии қишри равшангарӣ, созишу муросо бо ҳангомасозиҳои руҳониёни мутаассибу муҳофизакори дохилӣ, зери бори хушкандешӣ қарор гирифтани ниҳодҳои фикрию академӣ ва насли наврасу ҷавон ҷомеаро осебпазир…