JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 10 Феврали 2023 09:35

Сарнавишти як халқ

Муаллиф:
Дар давоми умри худ ман китобҳои зиёде навиштаам, ки ҳамаи онҳо ба як мавзуъ бахшида шуда, аз як маводи ҳаётӣ фароҳам омадаанд... Ҳамаи ин китобҳо – дар бораи тоҷик ва Тоҷикистон аст, дар бораи кишвари кӯҳистонии ман, ки ба воситаи қуллаҳои сарбарфалаки Помир бар фарози ҷаҳон қомат афрохтааст, дар бораи сарзамини модарии ман, ки дар гузашта тавассути анбӯҳе аз фотеҳон тороҷ гардидааст, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар қарни ҳашт ба худ номи «тоҷик»-ро гирифт.
Панҷшанбе, 09 Феврали 2023 10:44

Тарғибгари дастовардҳои олимони тоҷик

Муаллиф:
 Чанде қабл ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон ва 70-солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби муарриху сертараддуду пуркор Ширин Қурбонова ва рӯзноманигори дақиқбину тозагуфтор Машраби Абдуллоҳ таҳти унвони «Чеҳраҳои академикӣ» дар ҳаҷми 278 саҳифа ба нашр расид. Китоби мазкур бо дастур ва дастгирии бевоситаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ интишор гардида, муҳаррири он академики АМИТ Маҳмадюсуф Имомзода мебошад ва ба китоб узви вобастаи АМТ Муҳаммадалӣ Музаффарӣ тарқиз навиштааст.
Гузаронидани нишасту конфронс ва семинар-машварату маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ ва фаннӣ-ихтисосӣ дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, 7 январи соли ҷорӣ, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо бо ҳузури доираи муҳаққиқону коршиносон семинар-машварати илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Мақоми равшанфикрон дар раванди ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ ва таъмини амният” баргузор гардид. Семинар-машваратро директори пажӯҳишгоҳ Ёрмуҳаммад Ниёзӣ ифтитоҳ карда, минҷумла тазаккур дод, ки дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақола ва матолиби зиёде дар матбуоти даврӣ, сомона ва пойгоҳҳои иттилоотию…
Ватандӯстӣ ҳамчун падидаи ҳаёти ҷамъиятӣ моҳият ва ҳусусиятҳои инкишофёбандаи худро доро мебошад. Дар таърихи ҳар як давлату миллат марҳилаҳое ҳастанд, ки дар он рӯҳияи ватандӯстӣ ва ватанпарварии шаҳрвандон тақвият меёбанд. Барои мисол ба даст овардани истиқлоли сиёсиву давлатӣ дар таърихи муосири кишвар барои ҳар як шаҳрванди солимфикру равшанфикри Тоҷикистон дастоварди беназир буд. Соҳибистиқлолӣ тавонист, ки рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро тақвият диҳад. Мардуми шарифи Тоҷикистон боз як бори дигар имкон пайдо намуданд, ки дар бораи кишвари худ, таърих ва фарҳанги он таҷдиди назар намоянд. Дар ин раванд корҳои бузурге ба анҷом расонда шуд.
Идеологияи ҷамъиятӣ ва психологияи ҷамъиятӣ дараҷаҳои шуури ҷамъиятӣ маҳсуб меёбанд. Идеологияи ҷамъиятӣ як навъи маърифат ва баҳодиҳӣ ба воқеият дар шакли муназзаму назариявӣ аз ҷониби гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад. Таҳти мафҳуми «идеология» одатан маҷмуи ормонҳо, арзишҳо, идеяву ақидаҳоро мефаҳманд, ки мавқеи иҷтимоии гурӯҳи калони иҷтимоӣ (табақа, қишр, синф), инчунин кулли ҷомеаро ифода мекунад ва ба ҳифзи манфиатҳои ин гурӯҳҳо, ба асоснок кардану ҷонибдорӣ намудани фаъолияти иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбии онҳо нигаронида шудааст. «Дар ҷое, ки манфиат ҳаст, он ҷо идеология пайдо мешавад. Дар ҷое, ки идеология ҳаст, манфиат пайдо мешавад»[1]. Дарвоқеъ ин аксиомаи ҳаёт аст.