JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Солҳост, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми сентябр ба унвони Рӯзи Мавлоно шинохта шуда, дар ин рӯз доираҳои илмию маданӣ ва адабию фарҳангии кишвар чорабиниҳо ва нишасту маҳфилҳо баргузор карда, аз ин тариқ хотираи неки ин мутафаккир, ориф ва шоири бузурги миллиро гиромӣ медоранд. Махсусан, дар радиои Тоҷикистон бо ҳузури шахсиятҳои матраҳи илму адабу ҳунари ватанӣ тариқи барномаҳои ҷаззобу ҷолиби мустақим солрӯзи устод Рӯдакию Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо шукӯҳу шаҳомати вежа таҷлил мегардад ва ин гуна иқдом ба суннату анъанаи нек дар фазои радиоии миллӣ табдил ёфтааст, ки хеле умедворкунанда мебошад.
Душанбе, 28 Сентябри 2026 09:48

Мавлавӣ ва Ҳофиз

Муаллиф:
БА ИСТИҚБОЛИ РУЗИ МАВЛОНО Ҳеҷ одобеву тартибе маҷӯ, Ҳар чӣ мехоҳад дили тангат, бигӯ. Мавлавӣ
Ҷумъа, 25 Сентябри 2026 05:42

Рӯдакӣ ва Бозор

Муаллиф:
Ҳар ҷо ки расад пойи аспи қатаған, На зинда ватан ёбад на мурда кафан. Халқ Халқи тоҷик вақте ки дар асри гузашта, пас аз 1000 соли бедавлатӣ, ба озодӣ расид, номи Рӯдакиро намедонист, аз ёд бурда буд, зеро дар мактабу мадорис шоирони миллии мо омӯхтан намешуданд, девонҳои Ҳофиз ва Бедил (ба хотири руҳи ирфонию суфиёна доштанашон) ва девонҳои туркии Фузулию Навоӣ омӯхта мешуданд. Ба андешаи устод Шакурӣ, «дар асрҳои охир дар бисёре аз мактабҳои ибтидоии тоҷикӣ (қариб дар ҳамаи шаҳрҳо) мунтахаби «Чор девон»-и узбекии Навоӣ баробари мунтахаби девони Ҳофизу Бедил ва ғазалиёти озарии Фузулӣ (на Рӯдакӣ – Ҷ.С.) китоби дарсӣ…
Чоршанбе, 23 Сентябри 2026 04:56

Рӯдакӣ ва Ҳофиз

Муаллиф:
 Ба рухи соқии парипайкар Ҳамчу Ҳофиз бинӯш бодаи ноб! Ҳофиз Маълум аст, ки Ҳофиз шоири пурмутолиа, алоқаманди китоб, ошно ба таърихи гузаштаи миллат ва рамзу рози шоирӣ буда, дар баҳраҷӯӣ, ҷавобгӯӣ, ахзи маънӣ, бозсозии ашъори аз шуарои пешин яди байзо дорад. Аммо аксари пайравиҳояш ошкор нестанд, чун аз гӯяндагонашон ном намебарад, ба мушкилӣ метавон бисёре аз сарчашмаҳои эҷоди ӯро пайдо кард. Аз ин рӯ, ба сарчашмаҳои афкори орои Ҳофиз касе метавонад ба дурустӣ пай бибарад, ки аз ашъори Рӯдакӣ сар карда, то шоирони ҳамзамони Ҳофизро мавриди мутолиа қарор дода бошад, зеро Ҳофиз, тавре ки маълум аст, ба ҷуз аз Қуръон,…
Сешанбе, 22 Сентябри 2026 09:35

Рӯдакӣ ва Мавлоно

Муаллиф:
Ақл қувват гирад аз ақли дигар, Найшакар комил шавад аз найшакар. Мавлоно Дар бораи таассури Мавлоно аз устод Рудакӣ аввалин бор рӯдакишиноси бузург устод Саид Нафисӣ дар китоби «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ» маълумот додааст. Ӯ дар бахши «Мазомини Рӯдакӣ дар ашъори дигарон» таваҷҷуҳи машоихи тасаввуфи Эронро ба устод Рудакӣ зикр карда, ду танро дар ин раҳгузар, яъне татаббуъ дар ашъори Рудакӣ пешгом мешуморад. Яке Абусаиди Абулхайр, дигаре Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Бад-ин маънӣ, ӯ дар фасли «Абусаиди Абулхайр ва Рудакӣ» чунин менависад: «Яке аз корҳои бисёр писандидаи машоихи тасаввуфи Эрон ин будааст, ки барои ҷалби таваҷҷуҳи муридону касоне, ки…
Саҳифа аз 1 то 153