JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 (матни суханронии И.В. Сталин дар маросими пазироии ширкаткунандагони Даҳаи санъати тоҷик ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 14 октябри соли 1924 иттифоқ афтода, аз он рӯзи таърихӣ ҳамакнун 100 сол сипарӣ мегардад, манзур мешавад) Рафиқон! Мамнун аз эътимод, ҳамдардӣ ва орзуи шумо. Аммо мардум як одати бад доранд, тамҷид аз зиндаҳо ва фаромӯш кардани гузаштагон. Ҳамон тавр ки дар қадим мегуфтанд бутҳо ё ба қавли имрӯзӣ, раҳбаронро то замоне ки зинда ҳастанд, меситоянд ва пас аз марг гоҳҳо фаромӯш мекунанд. Ба назари ман, ин як фазилат нест ва бо суннатҳои болшевикӣ мутобиқат надорад...
Душанбе, 14 Октябри 2024 05:46

Фирдавсӣ ва Нозим

Муаллиф:
 Зи гуфтори шеърам кунун, гўш дор, Хирад ёд дору ба дил ҳуш дор. Фирдавсӣ Мусаллам аст, ки Нозим достони «Юсуф ва Зулайхо» – и худро дар пайравии достони «Юсуф ва Зулайхо» – и Ҷомӣ навиштааст. Худ дар ин боб дар оғози маснавии «Юсуф ва Зулайхо», дар бахши «Интизоми сабаби назми китоб», чунин гуфта:
Истиқлоли давлатӣ ҳамчун оғози марҳалаи нави ташаккули миллати тоҷик муҳаққиқону мутахассисони соҳаи илму фарҳангро водор менамояд, ки арзишҳову суннатҳои миллиро ҳифз намуда, дар роҳи эъмори ҷомеаи пешрафтаи дунявӣ тамоми талошу кӯшиши худро садоқатмандона сарф намоянд. Барои устувор кардани пояҳои давлати миллӣ бояд аз мероси гузашта ва имрӯзаи фарҳанги пурбору куҳани тоҷикон ончунон кор гирифт, ки андешаи ваҳдати миллӣ, муҳаббат ба Ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, ваҳдату худшиносии миллӣ дар саросари ҷомеа таъмин гардад. Ба таъбири Пешвои муаззами миллат, «ин рисолати бузурги ҳамаи афроди бедори Ватан ва қабл аз ҳама, зиёиёни кишвари азизамон мебошад. Аз ин рӯ, зиёиёни моро зарур аст, ки…
Чоршанбе, 09 Октябри 2024 09:09

Фирдавсӣ – шоири паёмрасон

Муаллиф:
 Ба номи накӯ гар бимирам, равост, Маро ном бояд, ки тан маргрост. Фирдавсӣ «Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигаҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳамаи андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал бикунем, баҳри оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем», 1 – мегӯяд Президенти кишвар – Эмомалӣ Раҳмон. Ва ба қавли Ризошоҳ Паҳлавӣ, «эй кош, ҳазорҳо аз қабили Фирдавсӣ дар ин мамлакат пайдо мешуданд, имону ишқ ба ватанро дар мардуми ин мамлакат дар тули аъсору қурун эҷод мекарданд ва чун мамлакати мо ба хотири ҳамин…
(бардошти иҷмолӣ аз мулоқот бо садорати Факултаи Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ) Ҳар даврае бартариву камбудӣ ва хатароти ба худ хосро дорад. Бо вуҷуди он ки ҳадафи умумии гурӯҳҳои манфиатхоҳ дар ҳама давру замон як аст ва он ҳам бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст овардани қудрату сарват мебошад, роҳу усулҳои расидан ба ин аҳдоф дар ҳар давра тағйир меёбанд. Ин аст, ки ҷомеаву давлат низ бояд пайваста роҳу усулҳои мубориза бо хатаротеро, ки дар давраи нав бар сари ҷомеаву фарзандонашон меоянд, бознигарӣ намуда, ҳамкориҳоро барои пешгирӣ кардани хатарҳо бештар намоянд. Мулоқоту гуфтугӯи декани Факултаи Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи Миллии…
Саҳифа аз 6 то 141