JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Мусаллам аст, ки таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ба пайдоиши муаммоҳое, чун афзоиши ҳарорати ҳавои наздизаминӣ дар садаи охир, ки боиси коҳишёбӣ ва азбайнравии захираҳои об, аз ҷумла пиряхҳо гардидааст, мушкилоти экологии инсонро боз мураккабу афзун намуда, дар ин замина офатҳои фоҷиаборро ба бор овард. Аз ҷумла, мувофиқи Нишондиҳандаҳои рушди ҷаҳонӣ давоми 60 соли охир ҳарорати ҳаво дар сатҳи сайёра аз 0,5°С то 1,0°С афзуда, боиси таъсири амиқ ба захираҳои об, махсусан пиряхҳо гардидааст. Дар баробари ин, коршиносон арёзбӣ мекунанд, ки ин раванд ҳамасола ба иқтисодиёти ҷаҳон то 2 трлн доллари амрикоӣ хисорот ворид намуда, бо рушди демографӣ…
Чанде қабл, 13 июн дар саҳнаи театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бузургтарин театри пойтахти кишварамон, бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъракаи хеле муҳимми фарҳангӣ, яъне нахустин ҳунарнамоии коллективи навтаъсиси ҳунарӣ оркестри симфонии кӯдакон ва наврасони назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар шароити пуртазоди геосиёсии муосир сатҳи ташаккули шуури миллӣ омили аслии ҳифзи бақову рушди миллатҳо ва таъйини ҷойгоҳи онҳо дар арсаи байналмилалӣ аст. Барои рушди давлат ва қудратманд кардани он шинохти дурусти заминаҳои ташаккули миллат, шакли ҷаҳонбинии он ва коркарду корбурди роҳкорҳои зеҳниятсозии миллӣ хеле муҳим ва зарур мебошанд. Мафҳуми миллат дар ҳавзаҳои илмӣ, аз ҷумла ҳавзаҳои илмии Ғарб аз диди фарогирӣ ҳадди ақал ду тарзи ташреҳ дорад: 1) миллат ҳамчун мафҳуми этнофарҳангӣ дар назар гирифта мешавад, яъне миллат гуфта гурӯҳи иҷтимоиеро дар назар мегиранд, ки он этногенез, хостгоҳи генетикӣ, ҷуғрофиёи зист, забон, фарҳанг, таърих, ғояҳову ормонҳо, ҳувийяти ягона дорад.…
Олиҷанобон, муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо, Хонумҳо ва ҷанобон! Шуморо ба Тоҷикистон, ки нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ мекунад, самимона хайрамақдам мегӯям. Ин Конфронс қадами муҳим дар самти татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад.
(гузориши ихтисосрӣ аз ҷараёни баргузории маҳфили илмӣ таҳти унвони “Ҷойгоҳи антропология дар системаи илмҳо” ба ифтихори 50-солагии фаъолияти илмию эҷодии доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ) Гузаронидани маҳфилу нишастҳои илмию фарҳангӣ ва мубоҳисоти фалсафӣ дар марказ ва пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст ва чанд соли ахир дар Раёсати АМИТ Маҳфили илмии “Хирад” таъсис ёфта, дар доираи он бо ҳузури донишмандону муҳаққиқон, магистрону коршиносону донишҷӯён силсиласуҳбату гузоришҳои хуби илмӣ ироа мегарданд.
Саҳифа аз 4 то 146