JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 (Муруре иҷмолӣ ба маҷмуаи “Садои хандаи гулҳо”-и шоир ва донишманди тоҷик Назрӣ Асадзода) 24 январ ҷашни мелоди яке аз дӯстони донишмандону фарҳехтаи миллӣ – Назрӣ Асадзода аст. Асадзода аз ҷумлаи сиёсатмадорон, донишмандон, шоирон, фарзонагон ва меҳанпарастонест, ки солҳо боз бидуни вақфаву фосила дар масири боло бурдани сатҳи худогоҳию худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ гомҳои устувор бармедорад. Дар баробари соири василаҳои муассир аз шеър ба унвони абзори муҳимми мафкурасозии миллӣ васеъ истифода мебарад. Ин аст, ки дар ҳошияи зодрӯзи Асадзода аз ҳунари шоирии ӯ иҷмолан ёдовар мешавем.
(чанд сухани муқаддимотӣ дар ҳошияи зодрӯзи дӯсти гиромӣ, шахсияти фалсафӣ ва рӯшангари миллӣ Нуриддин Шаҳобиддин) Ибтидои моҳи январ пасопеш ҷашни мелоди ҳадди ақал се тан аз донишмандону файласуфони муосири мост. Аввалӣ, устод Комил Бекзода (9 январ), ки устоди мост, дувумӣ, Нуриддин Шаҳобиддин (10 январ) ва севумӣ Назрӣ Асадзода (20 январ) аз зумраи дӯстони саршиноси моанд. Қаблан ҳар се устоду дӯстро ба муносибати зодрӯзашон шодбош мегӯем ва барояшон сиҳатӣ, тандурустӣ, болидахотирӣ, тавонмандӣ ва хушҳолӣ таманно мекунем. Дар зимн, чун дар рӯзи мелоди дӯсти донишманд ва файласуфамон Нуриддини Шаҳобиддин қарор дорем, чанд ҷумлаи муқаддимотиеро дар ин ҳошия ироа медорем.
Панҷшанбе, 09 Январи 2025 12:48

Файласуфи миллӣ ва иштиёқи рӯшангарӣ

Муаллиф:
 (гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни баргузории маҳфили илмӣ таҳти унвони “Файласуфи миллӣ ва мактаби фалсафӣ” ба ифтихори 57-солагии фаъолияти илмию эҷодии доктори илми фалсафа, файласуфи муосири миллӣ устод Комил Бекзода) Гузаронидани маҳфилу нишастҳои илмию фарҳангӣ ва мубоҳисоти фалсафӣ дар марказ ва пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон солҳост идома дорад ва аз ин навъ маҳофил сатҳи донишу биниши ширкаткунандагон, махсусан, насли ҷавон боло меравад. Мутаассифона, силсилаи чолишҳои имрӯзӣ, аз ҷумла зуҳури буҳрони беҳувиятӣ, мушкилоти фикрӣ, канороӣ бо хурофоту таассуби мазҳабӣ, дуршавӣ аз арзишҳои миллию ҷаҳоншиносии фалсафӣ, тамошогарии насли зиёӣ, парешонии қишри равшангарӣ ва зери бори хушкандешӣ қарор гирифтани ниҳодҳои фикрию маданӣ ҷомеаро…
Дар мақолаи мазкур масъалаи муҳиммияту зарурати таҳқиқу омӯзиши зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ, хусусан, вижагиҳои забонии онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст. Муаллиф таъкид мекунад, ки мақолу зарбулмасалҳо ба сифати як жанри муҳимми фолклор ва инъикоскунандаи арзишҳо, анъанаву одатҳо ва дигар хусусиятҳои халқ аҳамияти бузург доранд. Аз ин рӯ, таҳқиқу омӯзиши мақолу зарбулмасалҳои тоҷикӣ, аз ҷумла вижагиҳои забонии онҳо ниҳоят муҳим дониста мешавад.
(мулоҳизоте иҷмолӣ дар ҳошияи маҳфили илмӣ-фалсафии Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии фалсафа) Ҳамасола дар муҳитҳои академӣ ва муҳитҳои донишгоҳии ҷумҳурӣ панҷшанбеи ҳафтаи севуми моҳи ноябр Рӯзи ҷаҳонии фалсафа таҷлил мегардад. Одатан, дар Рӯзи ҷаҳонии фалсафа, ки бо Қарори Созмони байналмилалии ЮНЕСКО таъсис ёфтааст, дар донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои илмӣ-пажуҳишӣ бо ҳузури файласуфону мутафаккирон, донишмандону муҳаққиқон ва унвонҷӯёну донишҷӯён маҳфилҳои вежаи ихтисосию фалсафӣ ва нишастҳои илмӣ доир шуда, дар ин замина гузоришҳои илмӣ ва мубоҳисаҳои фалсафӣ ироа мегарданд.