(гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни баргузории маҳфили илмӣ таҳти унвони “Файласуфи миллӣ ва мактаби фалсафӣ” ба ифтихори 57-солагии фаъолияти илмию эҷодии доктори илми фалсафа, файласуфи муосири миллӣ устод Комил Бекзода) Гузаронидани маҳфилу нишастҳои илмию фарҳангӣ ва мубоҳисоти фалсафӣ дар марказ ва пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон солҳост идома дорад ва аз ин навъ маҳофил сатҳи донишу биниши ширкаткунандагон, махсусан, насли ҷавон боло меравад. Мутаассифона, силсилаи чолишҳои имрӯзӣ, аз ҷумла зуҳури буҳрони беҳувиятӣ, мушкилоти фикрӣ, канороӣ бо хурофоту таассуби мазҳабӣ, дуршавӣ аз арзишҳои миллию ҷаҳоншиносии фалсафӣ, тамошогарии насли зиёӣ, парешонии қишри равшангарӣ ва зери бори хушкандешӣ қарор гирифтани ниҳодҳои фикрию маданӣ ҷомеаро…