JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Дипломатияи муваффақ пешбурди муваффақонаи сиёсати хориҷии як давлат, қобилияти дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилиҳо ва кушодани уфуқҳои нав дар сиёсати хориҷӣ мебошад. Дар илмҳои сиёсӣ пешбурди дипломатияи муваффақ — ин таҳлил, баррасӣ ва бартараф намудани тамоми ҷанбаҳои мушкилоте аст, ки дар раванди пешбурди сиёсати хориҷӣ монеа мегарданд. Аз ин рӯ, дипломатия дар муносибатҳои байнидавлатӣ нақши муҳим дошта, яке аз роҳҳои пурмаҳсули гуфтушунидҳои байнидавлатӣ дар иҷрои вазифаҳои сиёсӣ ва ҳалли мушкилот мебошад. Дастоварди асосӣ дар дипломатияи муваффақ — ин дониш, таҷриба ва кӯшишҳои ҳадафмандона барои ҳифзи манфиатҳои миллии як давлат ба шумор меравад.
Баҳор ва Наврӯз дар сиришту табиату зоти мо тоҷикон ҷо гирифтааст ва наметавон онро аз хотираи таърихӣ ва ҳофизаи миллӣ зудуд. Ҳарчанд ки дар шароити муосири пешрафти босуръати илму фановарӣ ҳеҷ коре иҷронанашуданӣ нест, баръакс, ҳар кори саъбу душвореро ҳам метавон саҳлу осон кард ва дар ин замина, метавон шодбошию хушҳолиҳои чандҳазорсолаи моро ҳам ба коми фаною нобудӣ даркашид. Аммо боз ҳам ҳамин Наврӯз ва ҳамин баҳори ҳамешасабзи Ватан наҷотбахши мо буда метавонад, агар мо, воқеан, дар пайи ҳифзу нигаҳдошт ва тарғибу ташвиқу густариши он пайваста иқдом намоем. Дар зимн, ҳамин ҳолу ҳавои баҳорию Наврӯзист, ки бо рангомезиҳои лолазору гулистону…
Накуйи расму роҳу пешаи мост, Хирад парвардаи андешаи мост.
 Ниёкони мо ҳар ки будаст пеш, Нигаҳ доштандӣ ҳам оину кеш. Фирдавсӣ Мусаллам аст, ки ҷашнҳо ба миллӣ, байналмилалӣ, мазҳабӣ, динӣ, касбӣ, тахассусӣ, оилавӣ, шахсӣ, давлатӣ, сиёсӣ, адабӣ, фарҳангӣ ҷамъиятӣ ва ғайра мунқасим мешаванд. Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллии мардуми мо мебошад, ки ба рӯзи нахустини солшумории шамсӣ-1-уми фарвардин (Ҳамал), яъне 21 марти солшумории мелодӣ рост меояд. Қариб ҳамаи сарчашмаҳо ба таври расмӣ ҷашн гирифтани Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд.
Ростӣ, агар зан, ки аз хамираи зиндагибахшӣ, муҳаббатсозӣ, меҳрварзӣ, вафопарешӣ ва бурдборӣ таркиб ёфтааст, намебуд, ҷаҳону ҳастӣ, аслан қобили таҳаммулу зист намебуд, чунки ваҳшату даҳшат онро фарогир мешуд ва зиндагӣ бемаънӣ ва беҳадаф мегардид. Чун зан бо асли худ – зиндагипарастӣ ва меҳрварзӣ ба ҷаҳону ҳастии бемаънӣ ва беҳадаф ворид гардид, онро, бидуни тардид тағйир ва бар манфиати башар тарҷеҳ дод. Ин аст, ки «Меҳр дар дил парваридан расму ойини ман аст» гӯён зан бо зиндагӣ созгор шуд ва васл (якҷо кардан, пайванд додан)-ро дар муқобили фасл (ҷудо ва пора кардан) ба майдони талошҳо ва гирудорҳо овард. Васле, ки аз…