JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҳукуматҳои тоталитарӣ ва яккатоз дар тӯли таърихи инсонӣ мардумро ба гурӯҳҳо, мазоҳибу равияҳои мухталиф ҷудо намуда, тухми нобоварию нифоқро байни онҳо коштанд ва дасисакорӣ ва найранги сиёсӣ то имрӯз мавриди корбурди сиёсатмадорони навин қарор гирифта истодааст. Мардум, ки аз моҳияту табиати ин ақаллиятҳои сиёсию динӣ огоҳ нест, ногузир ба доми фиреби идеологияи онҳо меафтад ва дар натиҷа, низоъҳои тӯлонӣ ва ҷангҳои хунин дар сатҳи ҷаҳонӣ сурат мегиранд, ки бевосита ё бавосита манфиатҳои гурӯҳҳо ё ба истилоҳ тоталитарҳоро бароварда месозанд. Таъкид намудан бамаврид аст, ки ҳукуматҳои худкомаи асри бист боиси сар задани ду ҷанги ҷаҳонӣ шуданд, ки дар натиҷа ҷони миллионҳо…
Дар замони пешрафти илму техника ва сарбориҳои зиёди корӣ бештари одамон ба афсурдаҳолӣ ва депрессия гирифтор шуда, қобиляти лаззат бурдан аз ҳаёт ва хушбахтиашонро гум карда истодаанд. Бинобар ин масъалаи дарк кардани хушбахтӣ хусусан дар синни ҷавонӣ яке аз мушкилоти мубрами инсон ба ҳисоб меравад. Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар эъломия 66/281 аз 12 июли соли 2012 20-уми мартро рӯзи байналмилалии хушбахтӣ эълон намуда, аз соли 2013 сар карда, ҳамасола рӯзи байналмилалии хушбахтиро таҷлил мекунад, то аҳамияти хушбахтӣ дар ҳаёти одамон дар саросари ҷаҳон эътироф ва дарк карда шавад.
Робитаи Бадавӣ бо Иброҳим Шукрӣ Хабарнигори мисрӣ Саъид Ловандӣ мегӯяд: –Муҳандис Иброҳим Шукрӣ раиси ҳукумат ва роҳбари оппозитсияи Миср буд. Солҳои 1970 намоянда дар Шарбин (минтақаи Саъид Ловандӣ) буда, ва ӯро ба ёд гирифтааст. Дар ин зиёрати навбатии Париж аз Бадавӣ фаҳмидааст, ки Саъид Ловандӣ ҳаминҷо таҳсил дорад. Он хотиротро ба ёд оварда омадааст, ки ӯро бубинад. Хонаводаи Бадавиҳо ва Шукриҳо аз дер боз бо ҳам робитаи дӯстӣ доштаанд. Ва ин ду оилаи феодал аз пеш заминҳои фаровон доштанд. Яке аз бародарони Бадавӣ (шояд Сарват Бадавӣ) аз Шукрӣ хоҳиш кардааст, ки ҳангоми бозгашт аз Конгресс дар сентябри 1989 дар Париж…
Дар замони муосир кишварҳо ҷиҳати ҳифзи бақои худ ва иштирок дар муносибатҳои байналмилалӣ, барои бунёди се кафолати муҳим вазифадор мебошад. Аз ҷумла таъмини бозори озод дар иқтисод, демократия дар сиёсат ва ҳукумронии арзишҳои либерали дар фазои иҷтимоӣ. Ин падидаҳо дар давоми таърихи мавҷудияти давлатҳои натиҷаи ташаккули фарҳанг, бархӯрди тамаддунҳо ва авлавияти арзишҳои ҷаҳони ғарб маҳсуб гардида бо раванди ҷаҳонишавӣ ва тақвияти давлатҳои миллӣ сахт алоқаманд мебошанд. Шояд ба зеҳни камтаринҳо ин суол хутур намояд, ки чаро ҷаҳон чунон аст ки имрӯз мебинем. Чи гуна ҷаҳон ба ин сатҳ расид ва чаро мо дар давлатҳои миллӣ зиндагӣ менамоем. Ва ё инсоният…
Ба даст овардани сепаратсияи психологӣ аз волидайн яке аз вазифаҳои меҳварӣ дар инкишофи ҷавонон мебошад (R.Havighurst). Ҷомеаи муосири Тоҷикистон нисбат ба ҷавондухтарону ҷавонписарони баркамолшудаистода талаботҳои баланд мегузорад: махсусан, мустақилият, худтаъминкунии шахсият, инкишофи доимии худ, қобилияти мустақилона гузоштани мақсадҳои ҳаётӣ, «такя ба худ», интихоби озодона, қадр карда мешавад. Сепаратсияи психологӣ аз волидайн дар давраи ҷавонӣ - ин раванди тағйир додани муносибат бо падару модар ба тарафи баробарҳуқуқии бештар аст. Раванди таҷдиди сохтори тамоми системаи оилавии оилаи волидайнӣ мебошад, ки боиси ноил шудан ба мустақилияти шахсӣ аз ҷониби писарон/духтарон дар қисматҳои маърифатӣ, аффективӣ ва рафторӣ мебошад; раванде, ки тағйироти худшиносии писарон/духтаронро дар…