Ҷашни Сада аз муҳимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷику форси даврони ботон дар қатори ҷашнҳои Меҳргон, Тиргон ва Наврӯз ба шумор меравад. Ин ҷашн яке аз маросимҳои суннатии мардуми форсизабонон ва эронитабори дунё буда, дар оғози шомгоҳ даҳуми баҳман (зо январ) баргузор мегардад, ки ин рӯзро Обонрӯз меноманд. Ҷашни Сада ҷашни ғалабаи нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва ягонагиву ҳамбастагӣ, муҳаббату садоқати мардум дар мӯқобили бесадоқатию беотифагӣ аст. Мардуми эронитабор, махсусан дар як қатор шаҳрҳои Эрон, аз ҷумла дар Теҳрон, Шероз, Исфаҳон, Ромсар, Аҳвоз, Кирмон, Кошон, Язд, Ҳамадон, Сабзвар, Шабистар, Ҳамадон ва кишварҳои Аврупо (Суис), Амрико (Калифорния), Австралия ва ғайраҳо бо…