JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Дипломатияи об яке аз восита ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои истифодабарии захираҳои обӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам байналмилалӣ мебошад. Махсусан, масъалаҳои мубрам ва калидие, ки дар самти истифодабарии захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷой доранд, имконият медиҳад, ки бо роҳҳои дипломатияи об ҳалли худро ёбанд. Гузашта аз ин, захираҳои обӣ барои рушди ҷомеаи инсонӣ, саломатӣ, некӯаҳволии халқ ва баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори иҷтимоӣ, экологӣ ва иқтисодӣ муҳиманд.
Душанбе, 03 Июни 2024 14:42

Илми ватанӣ ва ниёзҳои иҷтимоӣ

Муаллиф:
(чанд андеша дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф) Халқият ва миллиятҳое дар таърих муваффақ будаанд, ки ба илм ва донишҳои илмӣ такя намуда, сарнавишти хешро ба дасти худ сохтаанд. Баръакс, миллатҳое, ки ба илму дониши илмӣ эътимод надоштаанд, ҳамеша дар ҳоли хушкандешию фақру дастнигарӣ қарор гирифта, роҳи хурофоту ҷаҳолатро паймуда, охируламр ба вартаи нобудӣ мубтало гардидаанд. Ба ин маъност, ки илм ва дониши илмӣ муайянкунандаи ҳадаф ва ба истилоҳ, ориентатсияи дурусти миллияту халқиятҳо дар тули таърихи инсонӣ будаву ҳаст. Аз тарафи дигар, низоми давлатдории дунявӣ бар мабнои тарзи тафаккури илмӣ ва ҷаҳоншиносии…
Панҷшанбе, 23 Майи 2024 13:01

Тоҷикон - шиносномаи миллат  

Муаллиф:
Ёдовар мешавем, ки дар таърихи 5 декабри соли 2023 дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик”, баргузор гардида буд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ асари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна»-ро, шиносномаи миллати тоҷик номиданд.
Санаи 11 май дар Киитобхони миллии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалӣ бо иштироки санъатшиносони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон ва Эрон таҳти унвони “Дурнамои рушди мусиқии суннатии халқҳои Шарқи наздик ва Миёна дар шароити ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи симпозиум Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода А. ва вазири фарҳанги Тоҷикистон Сатториён М. ширкат ва суханронӣ намуданд. Дар ҷаласаи пленарии симпозиум маърузаи доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияимиллии илмҳзои Тоҷикистон Аслиддин Низомӣ дар мавзӯи “Инъикоси назарияи Дувоздаҳмақом дар осори классикони адабиёти форсу тоҷик ва мусиқишиносии муосир” ироа гардид.
Чоршанбе, 15 Майи 2024 05:05

Ошноӣ бо институти Крионика

Муаллиф:
Институти крионика бо англисӣ (Cryonics Institute (CI)) ё бо забони форсӣ муассисаи сармозистӣ буда, як бунёди ғайритиҷоратии амрикоӣ аст, ки хадамоти сармозистиро нишон медиҳад. Ин муассиса инсонҳо ва ҳамчунин ҳайвоноти хонагии дар арафаи марг қарор доштаро дар нитрогени моеъ мунҷамид (карахт) мекунад ва ба умеди ин ки бо пешрафти фановарӣ дар оянда битавонанд, онҳоро бозёбӣ ва зинда кунанд. Дар Институти крионика 188 нафар дар хазинаҳои нитрогени моеъ ҳамроҳи Роберт Эттингер, ва ҳамроҳи модар ва ҳамсараш дар инҷо нигаҳдорӣ мешаванд.[1]