Пас аз касби истиқлол, таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҳёи анъанаю суннатҳои неки ниёкон ва рушди бахшҳои мухталифи фарҳанг, ба соҳаи китобдорӣ низ хеле афзуд. Махсусан, дастгирию ғамхориҳои Пешвои фарҳангпарвари миллати тоҷик аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, дар тамоми гӯшаю канори кишвар қасрҳои фарҳангӣ ва китобхонаҳои ҷадиду замонавӣ бунёд гардида, ба насли меросбари миллат тақдим карда мешаванд. Аз ҷумла, яке аз ин иқдомҳои наҷиби Ҳукумати кишвар, таҳти сарварию роҳнамоии бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон дар соҳаи китобдорӣ бунёди бинои наву муҳташами Китобхонаи миллии Тоҷикистон (соли 2012) мебошад. Ҳамзамон, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи…