JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, барои ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат нақши бузург дорад. Он бо назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад. Диққати махсус бояд ба интихоби мушаххаси гурӯҳҳои аҳолӣ, ки бо сабаби дар сатҳи паст будани маърифат ва шуури ҳуқуқӣ ё надоштани имконияти гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ дар ҳолати осебпазир қарор доранд, равона гардад. Чунин нигоштааст корманди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳикматулло Хоҷаев дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст.
Ҷумъа, 23 Феврали 2024 12:07

Аз навандешӣ бикардӣ ибтидо

Муаллиф:
Набарди куҳнаву нав дар ҳар давру замоне иттифоқ меафтад ва махсусан, замоне ки созмону гурӯҳҳои ифротгарою ҷаҳолатпараст рӯйи кор меоянд, вазъи таҷаддугаройӣ ва ба истилоҳ, модернита бад мегардад. Дар меҳвари ҳаракати модернита ё таҷаддудгаройӣ қишри равшанфикру равшангари ҷомеа қарор доранд ва намояндагони ин қишр, бо истифода аз неру ва тавони фикрию эҷодӣ ва сиёсию иҷтимоӣ дар баробари лашкари ҷаҳолатписандон вомеистанд ва ҳамин тур, муборизаи наву куҳна шакл мегирад. Ба қавли шоир:
Ба муносибати рӯзи байналмилалии забони модарӣ Забони яғнобӣ бисёр унсурҳои сарфии забонҳои азбайнрафтаи бостон ва миёнаи эрониро ҳифз кардааст. Яке аз чунин унсурҳои грамматикии бостонӣ аугмент буда, таърихи мавҷудияти он ба давраи бостонии забонҳои эронӣ мерасад. Дар забони яғнобӣ аугмент дар сохтмони замони гузаштаи феъл иштирок намуда, имконияти дар аввали калима, мобайни пешванд ва асоси феълӣ, феълҳои таркибӣ омаданро доро мебошад.
 (дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”) Назария ва таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки дар воқеъ Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосӣ ва муҳимтарини давлатдории миллати тоҷик ва сипари боэътимоди Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони азиз маҳсуб меёбад. Боиси зикри хос аст, ки таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон дар шароити мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон омили устувори худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳувияти миллӣ ва бақои миллату давлат ба шумор меравад.
Дар охири асри ХХ дар таърихи сиёсии ҷаҳон тағйироти кулли ба амал омад. Яке аз давлатҳои абадқудрати олам ИҶШС пароканда шуд. Моҳҳои август-сентябри соли 1991 ҳамаи 15 Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба давлатҳои мустақил табдил ёфта, соҳибистиқлол гардидаанд. 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Аз ин сана дар ҳаёти сиёсии тоҷикон таърихи навтарин оғоз гардид. Баъд аз пош хӯрдани ИҶШС (соли 1991) Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр бояд институтҳои давлатдориашро муқаррар мекард. Боиси қайд аст, ки ба вазъи ҳарби сиёси – Ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда дар муддати кӯтоҳтарин дар мамлакат…