Аз шумораи зиёди забонҳои мавҷудаи миллӣ дар ҷаҳон (беш аз 2000) ками дар кам забонҳое воқеӣ гардидаанд, ки бо истифодаи онҳо осори бузурги илмӣ боқигузор шуда бошад ва ин асар то имрӯз мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён, хусусан илмпешагон қарор гирифта бошад. Хушбахтона, забони тоҷикии порсӣ низ дар радифи забонҳои юнониву лотинӣ, хитоиву суриёӣ, арабиву англисӣ, русиву олмонӣ, фаронсавию итолиёӣ аз ин гуна афзалият бархӯрдор будааст. Ин забони илмии тоҷикӣ аст, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ таърихи кӯҳани бештар аз 1000-сола дошта, хиштҳои нахустини пойдевори он дар асрҳои миёна, дар замони ташаккули аввалин сохти давлатдории тоҷикон - давлати Сомониён гузошта шудааст.