JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

   Боридани боронро ҳамаи мо медонем, ки як ҳодисаи оддии табиист. Аммо барои баъзе нафарон ин ҳодисаи оддӣ набуда, балки боиси эҳсосоту илҳом аст. Бесабаб нест, ки дар адабиёти ҳазору чандсолаи мо васфи борон зиёд аст ва дар ҳама давру замон онро рамзи баракату некӣ ва покӣ медонистанд. Борон дар баҳорон бахти деҳқон маҳсуб меёбад ва мӯйсафедони нурониву солдида дар дуоҳояшон омадани боронро илтиҷо мекарданд.

 Рез, борон,
То барояд дар уфуқ рангинкамон
То давам дар зери борон пои урён,
То биёбам ҷойгоҳашро, ки мегўянд
Пинҳон аст он ҷо кони тилло...
Ман басо дар баччагиям медавидам
Зери борон
Пои урён
Аз паи рангинкамон,
Кони тиллое ба ҷои ў надидам,
Лек дар зери камони ҳафтранг
Дар дили худ ёфтам кони сухан.

                                     Лоиқ Шералӣ

    Офтоб, ситораи  гарм буда ба ҳама тараф нурпоши мекунад ва ҳарорати бениҳоят баландро соҳиб аст. Аммо энергияи он ба сатҳи Замин  на ҳамчун гармӣ, балки ба намуди афканишоти офтобӣ интиқол  дода мешавад. Қисми зиёди ин афканишот аз байни қабатҳои болоию поёнии атмосфераи гузашта аз тарафи замин  ва обҳои қисми болоии сайёра фурӯ бурда шуда он ҷойҳоро гарм месозад  пас аз ин  нурафканӣ ба намуди энергияи гармӣ ба вуҷуд меояд.

Ҷумъа, 21 Апрели 2017 06:17

Ранги осмон ё осмони ранга

   Табиат зебост. Манзараҳои он касро ба илҳом меоранд. Яке аз зебоиҳои табиат ин осмон аст. Рӯзона осмони софу беғубор ва кабуд ба кас рӯҳу илҳоми тоза мебахшад, шабонгаҳ бошад торикии осмон бо дурахши ситораҳо назаррабост. Ҳама аз дидани ин манзара ба ваҷд меоянд, хусусан дар шабҳои маҳтобӣ, ки осмон софу беғубор бошад аз тамошои он сер намешаванд. Зеботарин ҳолати осмон ин ҳангоми ғуруби офтоб аст, ки осмонро як тасмаи рангини сурху зард мапечонад, ки онро шафақ мегӯянд. Ҳамаи ин зебоиҳо  сирру асрори ниҳонеро дар худ дорад, ки табиатшиносон дар тӯли омӯзиш парда аз рӯи ин розҳои пӯшида мебардоранд.