JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 27 Марти 2018 06:23

Бонувони барандаи ҷоизаи Нобел

Муаллиф:

  Дар тӯли таърих нақши мардону занон дар ҷамъият яксон набуда, оид ба моҳият, вазифа, хусусият ва ҳуқуқҳои онҳо дар ҷомеа ва зиндагӣ шоирону носирон, файласуфон ва дигар намояндагони илму адаб назару андешаҳои мухталиф баён кардаанд. Аммо он чи ба таври махсус ва айнӣ ба чашм мерасад, ин аст, ки дар аксари мамолик ва ҷомеаҳои имрӯзӣ, занон ҳанӯз ба пойгоҳу ҷойгоҳи шоистаи худ даст наёфтаанд ва ба шакле дучори табъизи ҷинсият ва ба навъе ситамдида ва мазлум воқеъ шудаанд. Ҳарчанд аз назари офариниши ҷисмонию равонӣ дар байни ҷинсҳои шарифу латиф фарқиятҳое вуҷуд дорад ва бисёре аз корҳое, ки мардон анҷом медиҳанд, бонувон ба иҷрои он қодир нестанд ё баръакс. Вале ҳаргиз ин тавр нест, ки занон аз мардон пойинтар ва имтиёзоту ҳуқуқҳои иҷтимоии онҳо камтар аз мардон бошад.

  Бинобар ин, он чи дар замони имрӯз бояд ба он бештар таваҷҷуҳ шавад, баробарии ҳуқуқ ва имтиёзҳое мебошад, ки бояд барои бонувон ҳамчун мардон риоят шавад. Ва ҳамзамон, шароиту имконоти бештаре барои боландагӣ, рушду тараққии фаъолият ва зиндагии занон фароҳам оварда шаванд. Ҳамчунин навъи нигоҳи мардон ва бардошту дарёфти онҳо нисбат ба занон тағйир ёбад ва ба мақому манзалати воқеии зан арзиш ва аҳамияти бештар бидиҳанд. Зеро дар гузаштаи таърихӣ бисёре аз бонуҳо ба ҳукумат расидаанд, монанди Пурондухт ва Озармидухт - духтарони Хусрави Парвиз ва Томирис шоҳи Мосогетҳо, ки бо Куруши Кабир ҷангид ва ӯро шикаст дод ва ҳатто ба қатл расонд. Дар сиёсат низ занон нақши муассире доштаанд, ба мисли Клеопатра дар Миср, Дзито дар Ҷопон, Ядвига дар Лаҳистон, Виктория дар Британия, Изабеллаи II дар Испания, Екатеринаи I, Анна Иоанновна ва Елизавета Петровна дар Россия ва дигарон дар дигар кишварҳо. Дар даврони муосир Индира Гандӣ дар Ҳиндустон, Беназир Бҳутто дар Покистон, Маргарита Тедчер дар Британияи Кабир, Куразун Актив дар Филиппин, Мария де Перон дар Аргентина, Голда Майер дар Исроил, Ангела Меркел дар Олмон, Роза Отунбаева дар Қирғизистон, Мишел Бачелет дар Чили, Ҳасина Вазед дар Бангладеш, Маргретеи II дар Дания, ки ҳар кадоме аз инҳо дар дунёи сиёсат ва давлатдорӣ нақши шоиста ва муассир доштаанду доранд.

  Имрӯз бисёре аз бонувон дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, пизишкӣ, иқтисодӣ, илмӣ, технологӣ, адабӣ ва ғайра нақши назаррас доранд ва аз миёни беш аз 860 нафар барандагони Ҷоизаи Нобел танҳо 48 нафарашон бонувон мебошанд, ки дар риштаҳои мухталифи физика, кимиё, адабиёт, физиология ва тиб, адабиёт ва сулҳ ба дарёфти бонуфузтарин ҷоизаи ҷаҳонӣ мушарраф гардидаанд. Ин рақам чандон зиёд нест ва ҳанӯз шароиту имконоти мусоиде барои бонувон фароҳам нашудааст, ки битавонанд баробари мардон ҳунару истеъдод ва илму маърифати худро ба намоиш бигзоранд. Бо вуҷуди ин, занон дар баробари мардон дар ҳама самтҳо фаъолияти пурсамар карда, ба дастовардҳо ва комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.

  Яке аз муваффқиятҳои бузурги занон дар баробари мардон, ин ба даст овардани бонуфузтарин ҷоизаи ҷаҳонӣ - Ҷоизаи Нобел дар соҳаҳои муайянгардида мебошад. Тавре маълум аст, Ҷоизаи Нобел ҳар сол аз тарафи Академияи илмҳои Шоҳигарии Шветсия, Институти Каролин ва Кумитаи нобелии Норвегия ба шахсоне, ки дар соҳаҳои физика, химия, физиология ва тиб, адабиёт ва таҳкими сулҳ саҳми арзанда гузоштаанд, тақдим карда мешавад. Бояд ёдовар шуд, ки ин ҷоиза бо ташаббуси кимиёшинос ва муҳандис Алфред Нобел 27 ноябри соли 1895 пешниҳод карда шуд. Илова бар ин, соли 1968 Бонки давлатии Шветсия дар соҳаи иқтисод ҷоизаи ба номи Алфред Нобелро таъсис дод.

  Ҳарчанд дар байни дорандагони Ҷоизаи Нобел шумораи бонувон нисбат ба мардон хеле кам аст, вале аввалин нафаре, ки ин ҷоизаро ду маротиба ба даст овард ва ҷавонтарин барандаи он низ бону мебошанд. Нахустин барандаи Ҷоизаи Нобел аз байни занон ва аввалин дорандаи он дар соҳаи улуми табиатшиносӣ физикадон, кимиёшинос, омӯзгор ва ходими ҷамъиятӣ Мария Склодовская-Кюри мебошад. Ӯ дар баробари мутахассиси физикаю кимиё будан, забонҳои фаронсавӣ, русӣ, олмониро хуб медонист ва ба мутолиаи асарҳои бадеию ҷомеашиносӣ шавқи зиёд дошт. На танҳо худи М.Кюри, балки фарзандаш Ирен Жолио-Кюри низ, аввалин ва ҷавонтарин бонуи дорандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи кимиё мебошад.

  Хеле кам ин иттифоқ шудааст, ки донишманде барандаи ду Ҷоизаи Нобел гашта бошад. Бояд ёдовар шуд, ки ин ҷоизаро ҳамагӣ чор нафар - Мария Кюри (физика, 1903 ва кимиё, 1911), Лайнус Полинг (кимиё, 1954 ва сулҳ, 1962), Ҷон Бардин (физика, 1956 ва 1972) ва Фредерик Сенгер (кимиё, 1958 ва 1980) думаротибагӣ ба даст овардаанд. Дар байни занони дорандаи ин ҷоиза танҳо ду бону, Элизабет Блэкбёр (Австралия/ИМА) ва Герта Мюллер (Руминия/Олмон) соҳиби душаҳрвандӣ мебошанд, ки ҳарду дар як сол (соли 2009) соҳиби ҷоизаи мазкур гардидаанд.

  Аз байни занон дуюм барандаи Ҷоизаи Нобел ва аввалин дорандаи ин ҷоиза дар бахши таҳкими сулҳ нависанда ва ходими ҷамъиятӣ-сиёсии империяи Австрияю Венгрия Берта фон Зутнер аст. Дар соҳаи адабиёт ҷоизаи мазкурро аввалин маротиба нависандаи Шветсия Селма Лагерёф ба даст овард. Дар бахши физиология ва тиб дорандаи нахустини Ҷоизаи Нобел биохимики чехиягитабори ИМА Герти Кори буда, ин ҷоизаро бо ҳамроҳии бо шавҳараш Карл Кори гирифтааст.

  Аввалин барандаи ҷоизаи мазкур аз кишвари пешсафи ҷоизадорони нобелӣ, яъне ИМА, ки то имрӯз беш аз 260 адад Ҷоизаи Нобелро ба даст овардааст, файласуф ва ҷомеашиносӣ Ҷейн Аддамс мебошад. Нахустин барандагони ин ҷоиза аз Амрикои Лотинӣ нависандаи чилигӣ Габриэла Мистрал, аз Осиё роҳиби католикӣ аз Ҳиндустон Агнес Гонҷе Бояҷиу (Модар Тереза) ва аз Африқо нависандаи Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Надин Ҳордимер мебошад. Аз қитъаи Австралия ва Уқёнусия бошад, то ҳол ягон бону ба гирифтани ҷоизаи мазкур мушарраф нагардидааст.

  Ҳарчанд аз соли 1901 то соли 2017, ҳамагӣ 48 нафар занон Ҷоизаи Нобелро ба даст оварданд, аммо барои занон аз ҳама соли беҳтарин соли 2009 буд. Зеро дар ин сол панҷ бону - Элизабет Блэкбёрн, Кэрол Грейдер, Ада Йонат, Герта Мюллер ва Элинор Остром ба гирифтани ин ҷоиза шарафёб гардиданд. Маҳз дар ҳамин сол нахустин зан - сиёсатшинос ва иқтисоддони амрикоӣ Элинор Остром ин ҷоизаро дар бахши иқтисод ба даст овард.

  Дар ин миён қуҳансолтарин занони барандаи ин ҷоиза нависандаи Британияи Кабир Дорис Мэй Лессинг, фармакологи Чин Ту Юю, адиби Канада Элис Энн Манро, ҷаниншиноси ИМА Барбара Мак-Клинток ва дипломату ҷомеашиноси Шветсия Алва Мюрдал мебошанд, ки Ҷоизаи Нобелро таносубан дар синҳои 88-солагӣ, 84-солагӣ, 82-солагӣ, 81-солагӣ ва 80-солагӣ ба даст овардаанд. Ҳамзамон, ҷавонтарин дорандаи ҷоизаи мазкур низ бону, ҳомии ҳуқуқи наврасону ҷавонон аз Покистон Малола Юсуфзай мебошад, ки ба дарёфти Ҷоизаи Нобел дар синни 17-солагӣ мушарраф гардидааст.

Ҳамин тариқ, бонувони барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаҳои физика, кимиё, физиология ва тиб, адабиёт, сулҳ ва иқтисод ин гуна ашхос аз чунин кишварҳоянд:

Мария Склодовская-Кюри (1867-1934), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаҳои физика (1903) ва кимиё (1911), Фаронса.

Берта фон Зутнер (1843-1914), барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши сулҳ (1905), Австрияю Венгрия.

Селма Лагерлёф (1858-1940), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт (1909), Шветсия.

Гратсия Деледда (1871-1936), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт (1926), Италия.

Сигрид Унсет (1882-1949), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт (1928), Норвегия.

Ҷейн Аддамс (1860-1935), барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши сулҳ (1931), ИМА.

Ирен Жолио-Кюри (1897-1956), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи кимиё (1935), Фаронса.

Перл Бак (1892-1973), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт (1938), ИМА.

Габриэла Мистрал (1889-1957), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт (1945), Чили.

Эмили Болч (1867-1961), барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши сулҳ (1946), ИМА.

Герти Кори (1896-1957), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи физиология ва тиб (1947), ИМА.

Мария Гёпперт-Майер (1906-1972), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика (1963), ИМА.

Дороти Хоҷкин (1910-1994), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи кимиё (1964), Британияи Кабир.

Нелли Закс (1891-1970), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт (1966), Шветсия.

Бетти Уилямс (тав. 1943) ва Мейрид Корриган (тав. 1944), барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши сулҳ (1976), Британияи Кабир.

Розалин Сасмен Ялоу (1921-2011), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи физиология ва тиб (1977), ИМА.

Модар Тереза (1910-1997), барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши сулҳ (1979), Ҳиндустон.

Алва Мюрдал (1902-1986), барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши сулҳ (1982), Шветсия.

Барбара Мак-Клинток (1902-1992), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи физиология ва тиб (1983), ИМА.

Рита Леви-Монталчини (1909-2012), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи физиология ва тиб (1986), Италия.

Гертруда Элайон (1918-1999), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи физиология ва тиб (1988), ИМА.

Надин Гордимер (тав. 1923), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт (1991), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ.

Аун Сан Су Чжи (тав. 1945), барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши сулҳ (1991), Маянма.

Ригоберта Менчу (тав. 1959), барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши сулҳ (1992), Гватемала.

Тони Моррисон (тав. 1931), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт (1993), ИМА.

Кристиана Нюсляйн-Фолхард (тав. 1942), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи физиология ва тиб (1995), Олмон.

Вислава Шимборская (1923-2012), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт (1996), Лаҳистон.

Ҷоди Уилямс (тав. 1950), барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши сулҳ (1997), ИМА.

Ширин Ибодӣ (тав. 1947), барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши сулҳ (2003), Ҷумҳурии Исломии Эрон.

Элфрида Елинек (тав. 1946), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт (2004), Австрия.

Вангари Маатаи (1940-2011), барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши сулҳ (2004), Кения.

Линда Бак (тав. 1947), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи физиология ва тиб (2004), ИМА.

Дорис Лессинг (1919-2013), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт (2007), Британияи Кабир.

Франсуаза Барре-Синусси (тав. 1947), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи физиология ва тиб (2008), Фаронса.

Элизабет Блэкбёрн (тав. 1948) ва Кэрол Грейдер (тав. 1961), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи физиология ва тиб (2009), ИМА.

Ада Йонат (тав. 1939), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи кимиё (2009), Исроил.

Герта Мюллер (тав. 1953), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт (2009), Руминия/Олмон.

Элинор Остром (1933-2012), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи иқтисод (2009), ИМА.

Элен Ҷонсон-Серлиф (тав. 1938), Лейма Гбови (тав. 1972) (Либерия) ва Таваккал Карман (тав. 1979) (Яман), барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши сулҳ (2011).

Элис Манро (тав. 1931), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт (2013), Канада.

Малола Юсуфзай (тав. 1997), барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши сулҳ (2014), Покистон.

Мэй-Бритт Мозер (тав. 1963), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи физиология ва тиб (2014), Норвегия.

Ту Юю (тав. 1930), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи физиология ва тиб (2015), Ҷумҳурии мардумии Чин.

Светлана Алексиевич (тав. 1948), барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт (2015), Ҷумҳурии Беларус.

 Номвар ҚУРБОН,

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Хубон НАЗИРӢ,

ДДФСТ ба номи М.Турсунзода

Маҷаллаи илмии оммавӣ “Илм ва ҳаёт” №1, 2018

Хондан 1820 маротиба