JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 06 Марти 2020 04:35

Зиндагӣ занрову зан ин зиндагиро созгор (ба муносибати Рӯзи занону модарон)

Муаллиф:

 Ҳамасола дар арафаи таҷлили Рӯзи занону модарон мо, мардон ба худ иҷоза медиҳем, ки роҷеъ ба шахсият ва ҳувияти занону бонувон мунсифона қазоват намоем ва ҷойгоҳи онҳоро дар низоми зиндагии иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва маданӣ мушаххас созем. Ба ин маъно, агар асли зан, ки дар зиндагибахшӣ, муҳаббатсозӣ, меҳрварзӣ, вафопешагӣ ва бурдборӣ  ғунҷоиш меёбад, намебуд, ҷаҳону ҳастӣ, аслан қобили таҳаммулу зист намебуд, чунки ваҳшату даҳшат онро фарогир мешуд ва зиндагӣ бемаънӣ ва беҳадаф мегардид. Чун зан бо асли худ – зиндагипарастӣ ва меҳрварзӣ ба ҷаҳону ҳастии бемаънӣ ва беҳадаф ворид гардид, онро, бидуни тардид, тағйир ва бар манфиати башар тарҷеҳ дод.

  Ин аст, ки зан бо зиндагӣ созгор шуд ва васл (якҷо кардан, пайванд додан)-ро дар муқобили фасл (ҷудо ва пора кардан) ба майдони талошҳо ва гирудорҳо овард. Васле, ки аз асл реша мегирад, инсонсоз ва ҳувиятшинос аст ва он, қабл аз ҳама, ба фитрат, фикрат, малоҳат, муҳаббат, латофат, самимият, шарофат, наҷобат, балоғат, фазилат, матонат, ҷасорат ва инсонияти зан бастагӣ дорад. Сифоти мазкур, ки ҳар як дар мавқеъ ва ҷойи худ чида шудаанд, дар маҷмӯъ, комплекси ҳаста ё ядрои зиндагӣ – Занро таҷассум мекунанд. Ба ин маънӣ:

Зиндагӣ занрову зан ин зиндагиро созгор,

Бе вуҷуди зан надорад зиндагонӣ эътибор!

  Қадимтарин асотири миллӣ, ки дар зиндагии имрӯзӣ низ бозтоб доранд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки фарҳанги мо бо занмеҳварӣ ба арсаи тамаддун қадам ниҳодааст ва устураи Симурғ муҳимтарин қолаби устурасозии миллӣ-мардумист, ки дар маркази он Модархудо Симурғ қарор доштааст. Симурғ ҳазорҳо сол қабл аз зуҳури Зардушт ва ойини зардуштӣ миёни мардуми форсу тоҷик ҳамчун мафкураи фарҳангӣ арзи ҳастӣ намуда, рамзи бузургӣ, шарофат, некхоҳӣ, асолат, мардумшиносӣ, инсонсолорӣ, мададгорӣ, меҳрпарастӣ ва адолатпарварӣ  дар фарҳанги  тоҷиктаборон будааст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, Модархудо Симурғ дар ҳама ҳолат, новобаста аз тааллуқоти динию маҳабӣ, фикрию ақидатӣ наҷотбахши одамӣ талаққӣ шуда, дар мавридҳои ба мушкилтарин хатарот мувоҷеҳ шудани мардум ҳозир гардида, барои наҷоти онон мешитобида, корафтодагонро кумак менамудааст. Ойини Симурғӣ тайи асрҳои тӯлонӣ ба як фарҳанги мардумӣ  бадал шуда, баданаи онро меҳрварзӣ, садоқат, дӯстдорӣ, тараҳҳум, хирадгаройӣ ва амсоли инҳо барин мақулаҳо ё категорияҳои инсонсози ахлоқӣ ташкил додаанд. Ҳифзи Зиндагӣ ва наҷоти инсонӣ аз маҷмӯаи балоҳои заминию осмонӣ рисолати Модархудо Симурғ буда, ҷонибдорӣ аз Ҳаёт ва муқобилият бо Мамот аслу бунёди ойини Симурғӣ будааст. Аз ин ҷост, ки муҳаққиқони ойин ва фарҳанги бостон, аз ҷумла профессор Манучеҳри Ҷамолӣ бар он таъкид мекунанд, ки хатти меҳварии тамаддуни миллӣ дар доираи ойини Симурғӣ чарх мезанад. “Симурғ, - таъкид мекунад Манучеҳри Ҷамолӣ,- нахустин занхудо ва модархудои фарҳанги эронӣ аст. Фарҳанги эронӣ устувор бар ормонҳоест, ки дар ойини Симурғӣ пайдоиш ёфта ва парварда шудааст ва бе  шинохти ин давраи модарӣ дар фарҳанги Эрон, наметавон фарҳангу таъриху тафаккуроти сиёсии мардумиро дарёфт. Бе шинохти ин давраи модарӣ мо решаи фарҳанги худро қатъ мекунем” (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Наврӯзи Ҷамшедӣ. Ландан: Интишороти Курмалӣ, 1996. www. Jamoli. Info. -С.6-7). Гузашта аз ин, мо ба таври куллӣ дар ду ҷо бо тасвири Симурғ ошноӣ пайдо мекунем. Яке, дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва дигаре, дар “Мантиқ-ут-тайр”-и Фаридуддини Аттор.  Аттор Симурғро ба маънои  ирфонӣ ба кор бурда, ҳамчун мисоле ба расонидани мафҳумҳои олӣ ва интизоъӣ корбаст кардааст. Муҳимтар аз ин, Аттор аз ин модархудо, ки реша дар дини мардумӣ ва “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ доштааст, огоҳ будааст ва огоҳиҳо дар заминаи ин модархудои фарҳанги бостонии миллӣ ба таври нохудогоҳ дар зеҳни мардуми он замон вуҷуд доштааст.

  Агар аз фазои  устурӣ  бурун оем ва ба муҳити таърихӣ ворид гардем, дармеёбем, ки дар замони салтанати подшоҳони Элом (тамаддуни куҳан дар ҷануби ғарбии Эрон) зансолорӣ дар қаламрави давлатдории вақт ҳоким будааст ва занон гоҳо ба андозаи Худоён парастиш мешудаанд. Дар замони Ҳахоманишиён занон ҳаққи моликият ва меросбарӣ доштаанд ва дар артиш фаъолият мекардаанд. Аз номовартарини онҳо  бону  Ортамис  аст, ки дар лашкаркашиҳои Хушиёр ба Юнон  бевосита ширкат доштааст. Муаррихи юнонӣ  Ҳеродот хитобаи Хушёршоҳро, ки дар мавриди ҷасорати занону бонувони миллӣ ироа гардидааст, хеле хуб ишора кардааст: “Эй кош, мардони эронӣ ба андозаи Ортамис шуҷоат доштанд”. Ҳамчунин дар сангнигораҳои Тахти Ҷамшед тасвири бисёре аз занон дар канори мардон дида мешавад, ки ҳузури онҳоро дар зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсию маданӣ таъйин мекунад. Дар Тахти Ҷамшед гилнавиштаҳои бсиёре мавҷуданд, ки акнун дар Амрико нигаҳдорӣ мешаванд ва мазмуни онҳо бар ин гувоҳӣ медиҳад, ки занон нисбат ба мардон аз ҳуқуқҳои зиёде бархӯрдор будаанд. Ба унвони намуна, дар номаи як саркоргарзан омадааст, ки “изофаи ҳуқуқ барои бордорӣ” дарёфт кардааст. Ҳатто дар замони Куруши  Кабир зани ҳомила  аз кор кардан озод буд ва бо дастури Куруш ба онҳо то таваллуди тифл ҳаққи  моҳиёна  мепардохтанд. Афзун бар ин, занон ба дарёфти  ҳуқуқ-маоши иловагӣ барои мусофират ба хориҷ, аз ҷумла ба Ҳинд (Ориё варта) ва Кашмир ноил гардидаанд. Аз ин ҷост, ки зан дар доираи фарҳангу сиёсати бостонии миллӣ  аз ҳуқуқи болотаре нисбат ба мардон бархӯрдор будааст ва ҳузури зан дар артиш ва лашкар нишони он аст, ки ин ҷинс дар мубориза ва муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ-низомӣ ҳам ба андозаи мардон ҳуқуқ доштааст. Дар сангнавиштаҳои Тахти Ҷамшед, ки ба масоили шоҳаншаҳии Куруши Кабир марбутанд, аз шоҳзодаҳо ба унони занони дарбор ёд шудааст.

  Дар даврони Сосонӣ ҳам зан дар баробари мард аз ҳуқуқҳои болотаре бархӯрдор будааст.  Қавонине, ки дар онҳо зан ва ҷойгоҳи ӯ муқаррар шуда, аз онон пуштибонӣ мешудааст, ҳатто дар Рум ба мушоҳида намерасидааст. Ба унвони мисол, агар дар ҷуғрофиёи мушаххасе духтаре мавриди таҷовуз карор мегирифтааст, кишвардорӣ муваззаф будааст, ки 5 ҳазор динори тилло ба ӯ ба хотири ҷуброни зарар пардохт намояд. Ва ё ин ки зан мисли мард аз ҳуқуқи ирсбардорӣ, талоқ, маҳрия ва амсоли инҳо бархӯрдор будааст.  

  Аз рӯйи манбеи таърихӣ, Бӯрондухт ба унвони зани ҷасур дар замони Сосониён дар беш аз даҳ кишвари Осиёии имрӯз подшоҳӣ кардааст. Ӯ пас аз Ардашери Ширӯя ба унвони бисту панҷумин подшоҳи Сосонӣ бар тахти шоҳаншоҳии Эрон нишаст ва фармонравоӣ намуд. Таърихчаи ҳаракати феминистӣ дар олам ба 150 сол беш намерасад. Аммо Бӯрондухт – подшоҳи эронии давраи Сосонӣ 1400 сол қабл  аввалин сухани феминистиро баён карда буд: “Подшоҳ, чи мард бошад, чи зан, бояд  сарзаминашро  нигоҳ дорад  ва  бо  адлу инсоф рафтор кунад”. Ӯ дар номае ба сипоҳиён нахустин сухани фемистии миллиро зада, дар феҳристи нафароне қарор гирифтааст, ки баробарии ҳуқуқи зану мардро хоҳон будаанд. Пас аз кушта шудани Хусрави Парвиз ба дасти писараш Ширӯя дар соли 628 милодӣ, Ширӯя беш аз шаш моҳ подшоҳӣ накард ва салтанат ба дасти духтари бузурги Хусрави Парвиз Бӯрондӯхт афтод. Ба ин тартиб, дар садаи ҳафтуми милодӣ ду зан ба номҳои Озармидухт ва Бӯрондухт тавонистанд ба салтанати Сосонӣ бирасанд ва дар набард бо Румиён теъдоди зиёди сарбозони зан дар артиши Эрон ширкат варзидааст. Бостоншиноси маъруфи ғарбӣ Кристенсен ҳузури ин ду зан-бонуро дар маснади подшоҳии Сосонӣ ба пазириши онҳо аз сӯйи рӯҳониёну мубадони дини маздоӣ марбут донистааст.  Дар зимн, Ҳумо, Данёк ва Ортамис аз ҷумлаи заноне буданд, ки ҷойгоҳи фармондеҳии сипоҳиён ва гоҳе подшоҳиро доштаанд. Зане бо номи  Понтео дар замони Ҳахоманишӣ фармондеҳии горди ҷовидонро бар уҳда доштааст. Истотиро-духтари Дориюши севуми Ҳахоманишӣ фармондеҳи  неруҳои  ҷангӣ  буд. Инчунин ҳамсари Дориюши дувуми Ҳахоманишӣ Пари Сотис аз артишбудони маъруфи он замон ба шумор мерафт.

   Дар замони муосир, шурӯъ аз соли 1910 ба баъд занону бонувони рӯшанфикр ва озодихоҳи ҷаҳонӣ дар симои Клара Сеткин, Роза Люксембург, Симона де Бовуар, Фурӯғи Фаррухзод ва соири занони озода ва мубориз нақши воқеии занро дар низоми зиндагии башарӣ таъйин намуда, аз ҷавомеи мардсолор тақозои эҳтиром ва арҷгузорӣ карданд. Таҷлил намудани 8 март ба сифати Рӯзи байналмилалии зан-модар  маҳз бо талошҳои бевоситаи бонувони урупоӣ, махсусан  Клара  Сеткин сурат гирифт, ки ҷараёни ҷуръатмандии занону бонувони урупоиро таҳкиму тақвият бахшид. Занону бонувони мамолики мутараққии дунё мадюни ин гуна занони ҷасуранд  ва  минбаъд  ҳаракати  феминизм, ки масоили марбут ба занон, аз ҷумла озодию баробарии ононро дар кулли дунё матраҳ намудааст, бар мабнои саъю кӯшишҳои бонувони ҷасури урупоӣ (Клара Сеткин, Роза Люксембург ва дигарон)  муборизоти худро идома бахшид.

  Ҳоло ки дар арафаи ҷашни модарону бонувон қарор дорем, ба бонувони тоҷик ва дар симои онҳо ба кулли занони сайёра тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем. Бигзор, меҳру муҳаббати занону модарон  ҳеҷ  гоҳ поён наёбад ва дар партави меҳру самимияти ин ниҳоди меҳровар зиндагӣ рангину зебо шавад ва оташи ғазабу кинаварзӣ ва ҷангу хунрезӣ, ки аз ғурури нобаҷо ва таассубу ҷаҳолат рӯйи кор меояд, тавассути меҳрубонию самимияти занону модарон фурӯ нишонда шавад.  Ба қавли шоир:

Шодоб карда умр чу дарёи зиндагӣ,

Зебост бо ту ин ҳама дунёи зиндагӣ,

      Вобасти ту гузаштаву фардои зиндагӣ,

 Ай зан, туӣ асолату маънои зиндагӣ!

Нозим Нурзода,

                   муҳаққиқ

 

 

  

 

 

 

 

 

 

Хондан 1428 маротиба