Физикаи оморӣ (статистикӣ) яке аз қисмҳои асоситарини физикаи назариявӣ мебошад ва ба таври васеъ дар физикаи молекулавӣ, физикаи ҷисмҳои сахт, химия, биофизика ва техника истифода бурда мешавад.
Дастури мазкур асосҳои физикаи статистикӣ ва термодинамикаи ҳолатҳои мувозинативу квантиро дар бар мегирад. Инчунин намунаи масъалаҳо доир ба асосҳои физикаи оморӣ (статистикӣ) ва термодинамика бо ҳалҳояшон оварда шуданд, ки онҳо дар рафти омӯзиши курс бешубҳа ба донишҷӯён мадад хоҳанд расонд. Табиист, ки дар як нишондод, аз ҳамаи қисмҳои курси физикаи оморӣ (статистикӣ) мисолу масъала овардан ғайриимкон аст ва мо умед дорем донишҷӯён аз дигар васоитҳои таълим ва китобҳои дарсӣ истифода хоҳанд бурд.
Дастури мазкур барои донишҷӯёни ихтисосҳои физика, физика-математика ва математика-физика нигаронида шудааст.
Ҳ.Саидов. Физикаи статистикӣ ва термодинамика (дастури таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ). – Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. - 96 саҳ.
Назари худро нависед