JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

Муносибат бо дин

Дараҷа: Диншиносӣ

  Дар шумораи №102(1085)-и ҳафтаномаи «Asia-plus» аз 30 декабри соли 2015 пешгўиҳо барои соли 2016, аз ҷониби рузноманигор ва торихшиноси тоҷик Нуралӣ Давлат нашр шуда буд. Дар он чанд масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, аз иқтисоду муҳоҷират то таҳдиди ДИИШ-у «Толибон» ва муносибат бо дин дар кишвар. Инҷо мехоҳем масъалаи муносибат бо динро баррасӣ намоем. Чун, нахуст барои мо норавшан аст, ки муносибат бо дин дар замони Шуравӣ чи тавр натиҷаи бад дода буд ва аз руйи кадом усул бесамар будани он исбот карда шудааст. Баъдан, равшан нест, ки муаллиф суханони Карл Маркс, «Дин афюни миллатхост»-ро чи тавр арзёбӣ мекунад. Илова бар ин, агар сиёсати Шуравӣ нисбати дин нодуруст буд ва сиёсати имрузаи Ҳукумат нодуруст аст, чи алтернативаи дигар аз нуқтаи назари муаллиф вуҷуд дорад ва дар шароити имрузаи ҷомеъаи тоҷик қобили истифода аст? 

Муносибат бо динро дар ҳафтод соли Шуравӣ наметавонем, якранг бубинем. Онро метавон ба ду давра тақсим кард. Якум, то Ҷанги дуюми Ҷаҳон ва дуюм давра, баъди он. Дар ҳақиқат дар давраи аввал ҳангоми репресияҳои сталинӣ муносибат нодуруст ва фоҷеъабор буд ва «такрори гузаштае, ки натиҷаи манфӣ дошт, ҳеҷ хубие надорад, на ба давлатмардон ва на ба ҷомеъаи тоҷик». Қайд кардан ба маврид аст, ки он муносибати золимона ва он репресияҳо на танҳо дар муносибат бо дин ва диндорон дида мешуд, балки нисбати ҳамаи қишрҳои ҷомеъа буд. Он замон ҳама дигарандешон мавриди фишор қарор мегирифтанд ва дар ҳолати камтарин «гуноҳ» кардан кушта мешуданд. аз ин давраро бе шак метавон давраи «бесамар» ва «бо натиҷаи манфӣ» дар муносибат бо дин номид.

Давраи дуюми ин муносибатҳо, ки бо оғоз шудан ва ҷараён гирифтани «Ҷанги сард» миёни кишварҳои сотсиалистӣ бо сарварии ИҶШС ва кишварҳои капиталистӣ бо сарварии ИМА, рост меояд, натиҷаи хуб дошт ва бо назардошти ба маротиб кам будани таассубу тундгароии динӣ дар ҷомеъаи он вақта метавон гуфт, ки босамар ҳам будааст. Дар ин давра, ки мубориза барои ба худ ҷалб кардани кишварҳои исломии Ховари миёна ва Африқои шимолӣ мерафт, дигар дар муносибат бо дин репресия набуд. Ҳеҷ кас мақсади нобуд кардани онро надошт ва дар ҳудуди оила таълимоти мазҳабӣ (нисбатан) ва иҷрои расму русуми динӣ вуҷуд дошт. Метавон гуфт, ки беҳтарин давраи диндории мардум ҳамон буд, чун ҳарки ибодат мекард ё руза медошт ё куръонхонӣ мекард, аз сидқи дил буда, ягон риёкориву фиреби назари касе дар он набуд ва маҷбурсозиву зулми мазҳабӣ дар оилаҳо дар ҳадди ниҳоӣ буда, дар ҷамеъа тамоман вуҷуд надошт. Дуруст аст, ки кормандони давлатӣ ва омўзгоронро назорат мекарданд ва ҳангоми иҷрои ибодат ё маросимҳои динӣ сарзаниш мекарданд. Аммо ин мақсади худро дошт ва ба мақсади пурра сафарбар кардани потенсиали онҳо ба корҳои давлатӣ ва омўзиши наврасон буд. Дар ин давра мақсади асосӣ дар муносибат бо дин роҳ надодани тарғибгарони дин ба корҳои сиёсӣ, идораи давлатӣ ва омўзишу парвариш буд, ки фикр мекунам натиҷаи хуб дошт. Мушкилот пас аз он оғоз шуданд, ки дар бозсозии горбачевӣ ин принсип аз байн рафт ва тарғибгарони дин аввал ба соҳаи маориф ва баъд ба сиёсату идораи давлатӣ роҳ ёфтанд. Яъне мушкил баъди дигар кардани муносибати сиёсӣ нисбати дину диндории мардум ва тарғибгарони дин сар зад, ки оқибат ба ҷанги бародаркушӣ расонд.

Суханони Карл Маркс, «Дин афюни миллатхост»-ро ҷомеъашиноси тоҷик Нозим Нурзода ин тавр шарҳ медиҳад: «Инҷо намегуяд, ки динро бояд тамоман аз байн бурд ва нобуд кард. Ин ба он маъност, ки дин монанди афюн дард ё мушкилро руйпуш мекунад, аммо дардро даъво намебахшад ва мушкил боқӣ мемонад. Инҷо даъват бар он аст, ки дар мушкилоти ҷамъиятӣ агар мардуми оддӣ руй ба дин оварда то дараҷае худро ором кунанд, сиёсатмадорон, олимон, омузгорон ва корщиносон бояд тамоман аз он истифода набаранда, руй ба донишу хирад биёранд ва дар ростои ҳал кардани он мушкилот аз илм ва дастовардҳои муосири илмӣ истифода кунанд.» Хуб, агар ҷумлаи зикршудаи Маркс чунин маъно дошта бошад ва даъват ба истифодаи ақлу хирад ва давстовардҳои илми муосир, ҳангоми ҳал кардани мушкилоти ҷомеъа кунад, беҳтарин кор аст ва қобили дастгирист.

Мегўянд «кур як бор асояшро гум мекунад» ё «бирав аз таҷрибаи рўзгор баҳра бигир» ва дар пуштибонӣ аз сиёсати имрўзаи ҳукумат дар муносибат бо дин метавон гуфт, ки дар кишвари мо дар замони истиқлол як бор хато карда, фаъолияти тарғибгарони динро беназорат монда, идеалогияи диниро вориди сиёсат кардем ва самараи талхи онро бо аз даст додани 150 000 инсон ва хисороти 7 миллиард доллара дидем. Ин таҷрибаи талх солҳои охир дар чандин кишварҳои мусалмоннишин такрор шудааст ва аз ин ҳатман бояд дарс гирифта шавад ва «баҳри дафъи ҳаводис ба кор» бурда шавад. Бо даъвои он, ки ДИИШ-у толибу дигару дигар парвардаи ИМА ҳастанд ва мову боварҳои мо ягон дахле надорад, мушкил ҳал намешавад. Бале, аз ин гуруҳҳо, абарқудратҳо барои расидан ба ҳадафҳои геосиёсии худ истифода мекунанд. Аммо ин ҳамон идеологияи динӣ аст, ки аз чор гушаи ҷаҳон ҷавононро ба сафҳои гуруҳҳои террористӣ мебарад ва онҷо ҷонбозӣ ва инсонкушӣ мекунанд. Ҳеҷ вақт як ҷавони мусалмони тоҷик дидаву дониста барои бароварда кардани ҳадафҳои абарқудратҳо падару модари худро партофта, ба Сурия намеравад. Идеологияи демократӣ бо он ҳама бузургӣ чунин қудратро надорад. Идеологияи мазҳабӣ чунин қудратро дорад ва баҳри пешгирии чунин фоҷеъаҳо ҳатман бояд фаъолияти тарғибгарони ин идеология таҳти назорат қарор гирифта шавад. Акнун нозирон чи тавр муносибат мекунанд ин дигар масъала аст. Онҳо ҳам ҷузъи ҳамин ҷомеъа ҳастанд ва агар якеш «ба ҷойи салла калла» овард, камбудии шахсии ўст ва бояд ў ҷазо гирад, на ин ки сиёсат ба кулли дигар карда шавад. Назорати тарғибгарони мазҳабӣ дар навбати худ як амали пурҳарҷ буда, сармояи инсонӣ ва модии зиёдро талаб мекунад. Ин як кори маҷбурист ва назорат накардан ҳазор маротиба хисороти зиёд расонида метавонад. Бинобар ин, муносибати имруза бо динро наметавон ба ҳеҷ ваҷҳ душманӣ бо он гуфт. Мақсад аз ин ҳама заҳматҳо таъмини амнияти кишвар ва ҳифзи арозишҳои миллӣ дар қатори арзишҳои мазҳабӣ буда, мавриди қабули бештари шаҳрвандон мебошад. То кадом дараҷа таъсирбахш ва босамар будани чунин муносибат бо динро вақт нишон хоҳад дод. Дар ҳоли ҳозир шахсан ман алтернативаи дигареро намебинам ва агар рузноманигор ва торихшинос Нуралӣ Давлат алтернативаи дигар дорад, хуб мешуд онро пешкаш мекард.

P.S. Дар донистани торих ман худро бо Нуралӣ Давлат баробар карданӣ нестам, аммо дар матлаби зикршудаи ў паҳлуҳои норавшан вуҷуд доштанд ва боиси навиштани ин сатрҳо шудан. Умедворем, рузноманигор ва торихшиноси шинохта мавқеъи худро равшан мекунанд ва алтернативаи дигаре, агар дошта бошад пешкаш мекунад. Бо сипос!

Меҳр Собириён

Дар бораи мавод назари худро нависед

Назари худро нависед

Маҷаллаҳо

Осиё ва Аврупо - маҷаллаи илмӣ
Маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Ахбори АМИТ (маҷаллаи илмӣ)
АХБОРИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ
ПАЁМИ ТИББИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
Санъатшиносӣ-Маҷаллаи илмӣ-назариявӣ
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Санъатшиносӣ»
Иқтисодиёти Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ)
ISSN2310-3957
ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН
ЭКОНОМИКА ТАДЖИКИСТАНА
Дар
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ
МУАРРИХ (маҷаллаи илмӣ-назариявӣ)
Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Муаррих»
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2(9-10) 2017
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ № 1,2,3  2017)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №3, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (7-8) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №2 (6) 2017
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1 (5) 2017
Ахбор - Известия
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №3-4 (2016)
Илм ва Ҷомеа-маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1-2 (2015-2016)
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №2, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ №1, 2016)
Маҷаллаи «Суханшиносӣ» нашрияи
Previous Next Play Pause

Илм-фурӯғи маърифат

Барномаи омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”
matematika-baroi-muassisa-oi-ta-siloti-mijonai-umum
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни математика барои Муассисаҳои таҳсилоти олӣ
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Физика
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Химия
Адабиётҳои тавсияшаванда аз фанни
Роҳнамои дарёфти номгӯиҳои географӣ...
АЗИЗОВ Н. Ҳ., АЗИЗОВА С. Ҳ. Роҳнамои
Картография бо асосҳои топография
Сабуриён М.М., Холов Ҳ.Ҳ. Картография
Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва табиӣ
Памир: ресурсный потенциал и перспективы развития экономики
Глятсиология
Мӯсоев З.М., Қаландаров А.А., Наимов
Ганҷинаи табиати Тоҷикистон
Муҳаббатов Х. Ганҷинаи табиати
Об - манбаи ҳаёт
Муҳаббатов Холназар. Об - манбаи
Об ҳаёт аст
Ҳамдам Оҷилов., Ҳусейн Аброров. Об
Об, илм ва рушди устувор
Раҳимӣ Ф., Муҳаббатов Х., Ниёзов
Асосҳои биогеография
Рауфов Р.Н., Азизов Н.Ҳ.,Наврӯзов
Асосҳои геология
Сабуриён Мирзосафари Мирзо. Асосҳои
Кишварҳои ҷаҳон дар рақамҳо
Сабуриён М. М., Қосимов Н.Н. Холов
Таърихи кашфиёти географӣ
Дар китоби дарсӣ маълумотҳо оид
Previous Next Play Pause