Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ аз мутафаккирони машҳури форсу тоҷик, ки дар фалсафа ҳамчун саромади равиши хирадгаройӣ ва мубаллиғи ҷаҳонбинии илмӣ буда, дар илми тиб номбардору аз хатари парокандагию фаромӯшӣ эмин нигоҳдорандаи он эътироф гардидааст. Ба хизматҳои ӯ дар пешрафти илму фарҳанги башарият аз ҷониби муҳаққиқони гуногун баҳои арзанда дода шудааст ва муаррихи маъруф Ҷорҷ Сартон нимаи дуюми садаи сеюми ҳиҷрии қамариро ҳамчун «асри Муҳаммад Закариёи Розӣ» номгузорӣ намудааст.
«Тибби Мансурӣ» - асари гаронбаҳои Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ -Душанбе «Дониш» 2016
Ҳайати таҳририя:
Раҳимӣ Ф., Олимов К.О., Муҳаммад А.Н., Идиев Х.У.,
Ҷонбобоев С., Маҳмадҷонова М., Мирзоев Ғ.Ҷ.
Мураттибон: Хоҷиев А. Зокиров Н.
Назари худро нависед